БА АҚИДАҲОИ ИФРОТИИ БАДҲОҲОНИ МИЛЛАТ МУБОРИЗАИ БЕАМОН МЕБАРЕМ!

Пӯшида нест, ки як қисмат шаҳрвандони кишвар дар хориҷа бо роҳбарии хоҷагони зархариди худ, ки аз даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз намехостанд  ва намехоҳанд Тоҷикистони соҳибистиқлоли биҳиштосо рӯ ба беҳбудӣ ораду мардумаш оромона зиндагӣ ба сар баранд. Чунончӣ бадхоҳони давлату миллат роҳбарияту ҳаммаслакони  ТТЭ ҲНИ мисол шуда метавонад, ки мақсадашон ноором кардани ватани азизамон мебошад.

 Таҳлилҳо собит менамоянд, ки ҳама гуна даъвоҳои  фирориёни ин ҳизбу гурӯҳи мазкур дар хориҷа пучу бедалел буда, мақсади асосӣ ин ба Афғонистони дуюм табдил кардани Тоҷикистони осуда аст.

 Имрузҳо ташвиқу тарғиботи раҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ тавассути шабакаҳои интернетӣ ба роҳ монда шудааст ва воқеан  бадҳоҳони миллаӣт аз талошҳои беҳуда ва суханпардозиҳои буҳтономези беасос дигар чизе надоранд. Хонанда ва ё бинадаи закӣ бе ягон душворӣ дарк мекунад, ки ҳамаи наворҳои дурӯғине, ки ҳаммаслакону думравони ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ омодаю дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки онҳо ба ғайр аз иғво ва фитна андохтан корӣ дигар надоранд. Ба раҳбарияту ҳамммаслакон ва думравони ТТЭ ҲНИ бори дигар таъкидан гуфтанием, ки вақте аз минбарҳо бо ваъдаҳои пуч ба миллати тоҷик муроҷиат менамояд, доир ба далелҳои раднопазир, ки дар филмҳои мустанад бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва “Хиёнат” ёдовар гашта, андеша намояд!

Масъалаи матраҳгардида ва умуман авзои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки дастаҷамъона ба тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ҷиддитар машғул гардида, пеши роҳи ҳама гуна гаравиши ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгаро ва доми найрангу фиреби хоҷагони ин равияҳоро гирем.

           Дар интиҳои андешаи хеш қайд менамоем, ки бо шинохти чеҳраи манфури раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ барои дур нигоҳ доштани ҷавонон кӯшиш ба харҷ дода, барои решакан кардани ақидаҳои ифротӣии бадхоҳони миллат муборизаи беамон мебарем!

    А. ВАЛИЕВ ,

ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *