ЧАНД СУХАН БА ҲАСУДХУРИ НАҲЗАТӢ

Ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки шоҳиди ҷанги бемаънии шаҳрвандиро бо чашми худ дидам ва имрӯз аз оромиву тинҷии Тоҷикистони азиз меболам ва аз даргоҳи Ҳақ илтиҷо мекунам, ки ба ин осоиштагии кишвари азизам чашми ҳасудон нарасад. Албатта аз сангандозии бадхоҳони  миллат нисбати пешрафт ва гул-гул шукуфии Ватани азизам, талошҳои фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оромии Тоҷикистон ва серу пур гардидани зиндагии халқи Тоҷикистон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам огаҳӣ дорам. Вале, мутаассифона, мусоҳибаи фарзанди нохалафи тоҷик Муҳиддин Кабирӣ роҳбари собиқ ҲНИ ва холо роҳбари Паймони миллӣ..» мебошад тариқи шабакаҳои интернетӣ дастовардҳои кишвари моро нодида гирифта ,санги маломату тӯҳмату ғайбат намуданаш ба назар мерасад..

Давраи донишҷӯии ман ба даврае рост меояд, ки Тоҷикистон истиқлолияти худро ба мисли дигар Ҷумҳуриҳои  собиқ ройгон ба даст оварда буд. Ин истиқлолият мӯҷизаи худовандӣ барои халқи тоҷик буд, ки пас аз 1000 сол ато гардида буд. Роҳбарони онвақтаи давр натавонистанд онро эҳтиёт ва ҳифз намояд, зеро кабириҳо бо супориши хоҷагони хориҷии худ даст ба дасисакорӣ заданд ва аввалин маротиба хуни тоҷик дар ноҳияи Ленин дар деҳаи Оли Совет рехт. Бале дар роҳи ин деҳа хуни бисёр тоҷик рехт. Дар ҳамон шабу рӯз наҳзатиён ба майдон ҷамъ омада аз ин «зафарҳояшон» илҳом гирифта ба ҳар гуна дасисаҳо даст мезаданд. Он рӯзҳо онҳо диданд, ки хостаҳои онҳо сари вақт амалӣ намегардад. Зеро шахсиятҳои намоён, фарзандони фарзонаи миллат олимон, шоирон халқро ба оромӣ даъват доранд ва онҳо тарафдори наҳзатиён нестанд ё ошкоро зидди онҳоянд ва аз ин рӯ ҷаллодони наҳзатӣ бо супориши роҳбаронаш ва хоҷагони хориҷиаш барои аз байн бурдани онҳо чораҳо ноҷавонмардона андешиданд. Аз ҷумла, Исҳоқӣ, Гуломов, Осимӣ, Нурулло Ҳувайдуллоев, Олимпур ва ғайра ҳадафи тири ин нотавонбинон шуд. Шаҳри Душанбеи дилоро ба шаҳри тарс, шаҳри куштор, шаҳри ғорат, шаҳри мотам, шаҳри фанои миллат ва давлати Тоҷикистон мубаддал гардида буд. Бале наҳзатиён талош доштанд, ки бо аз байн бурдани зиёиён-фарзандони забардасти халқи тоҷик, миллати тоҷикро мутеъи худ ва хоҷагони хориҷии худ мегардонанд. Ҳамон рӯзҳо, мо як гурӯҳ донишҷӯён дар як хонаи иҷро зиндагӣ мекардем ва аксарамон донишҷӯи факултети хуқуқшиносӣ будем, косалесони наҳзатиҳо назди мо ҳам омада рӯзҳои аввал бо суханҳои «хуб» ба майдоннишинӣ даъват менамуданд.

Пас аз якчанд маротиба омада ба майдон даъват кардан дидан, ки суханони онҳо ба мо «асар» намекунад ба таҳдид гузаштанд, ки ин мавзӯи алоҳида мебошад.

Ба гуфтаи шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ «Нури ҳақ бар диёри мо омад» бале дӯстон

Нури ҳақ бар диёри мо омад,

Эмомалӣ Раҳмон сари кор омад.

Ин бахти миллати ҷафокашидаи буд, ки фарзанди фарзонаи тоҷик чун офтоби тобон, пайдо гардида Тоҷикистон, ки ба зулматистон мубаддал гардида буд ба Тоҷикистон-Нуристон мубаддал гардид.

Ёдам ҳаст, ки ҳукумати қонунӣ дар баробари ба пойтахти Тоҷикистони азиз Душанбе ворид гардидани роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар яке аз маҷлисгоҳҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар «ҷазира» бо мо донишҷӯён вохӯрданд, дар ҳамон ҷо гуфта буданд, ки то Тоҷикистони азизро ором насозам ором нахоҳам гирифт.Ин фарзанди фарзонаи миллат ба гуфтаи худ содиқ монданд. Пешвои муаззами миллат аз даъват натарсиданд, аз ҷони худ гузашт карданд, лекин рафтанд, то ҷанги нотавон мардона хомӯш гардад, то Тоҷикистони азиз фано наёбад. Ин аст, нишонаи ҷавонмардист, ин аст нишонаи паҳлавонист.

Имрӯз, ки Тоҷикистони азиз осуда аст, обод аст, халқи тоҷик хонаи ободу дастархони серу пур дорад. Ҳасудхурони миллати тоҷик ором шиста наметавонанд, ҳасуд мехӯранд, бахиланд ва бадбахтии кор дар он аст, ки дар байни ин бахилон фарзанди тоҷик ҳам ҳаст.

Ба маълумоти ин наҳзатии ба ном мусулмон расониданиам, ки парвардигор гуфтааст, ки душмани ман бахил ва ҳасудхур мебошад. Аз ин рӯ ту на ин ки душмани халқи тоҷик ҳастӣ, балки душмани Худо ҳам мебошӣ. Ҳарчанд, ки ин суханҳо ба гӯши манқурти наҳзатӣ ҳеч аст.

                                                        

                                                                              САИДЗОДА ХОҶА,

                                                                                 муаллими калони кафедраи

                                                            тиҷорат ва ҳуқуқ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *