Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир ҷараёнҳои иртиҷоии ба монанди терроризм ва экстремизм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон батадриҷ доман паҳн намуда, ба омили асосии мураккабшавии муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтаанд. Тамоми ҷараёнҳои номбурда дар фаъолияти худ аз чорабиниҳои радикалӣ истифода мекунанд. Аз ин лиҳоз, онҳоро ҷараёнҳои террористӣ, радикалӣ ё экстремистӣ – радикалӣ меноманд. Созмону ҳаракатҳои радикалии террористӣ – экстремистӣ ба монанди “Ҷабҳат-ун-нусра”, «Давлати Исломӣ», «Ваҳҳобия», «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Гурӯҳи исломии Туркистони Шарқӣ», «Ал-қоида», «Конгреси халқии Курд», «Асбат-ал-Ансар», «Бародарони мусалмон» ва ғайра имрӯз ба пиёдакунандаи манфиатҳои абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Миёна, табдил ёфтаанд. Аз воқеаҳое, ки вақтҳои охир дар хоки давлати Афғонистон сар зада истодаанд, маълум мегардад, ки барои афроди террористу ифротгаро ягон муқаддасот – ватан, миллат, дин, мазҳаб арзише надоранд. Дар робита ба ин ТТЭ ҲНИ-ро мисол меорем, ки раҳбарияти кунунии он Муҳиддин Кабирӣ ва умуман ҳаммаслаконаш бо вазъияти душвор ва печидаи ҷаҳони муосир, аз љумла, авзои имрӯзаи Афғонистонро истифода бурда, мехоҳанд нақшаи разилонаи навбатиашро амалӣ созанд. Хуллас, мақсади асосии ТТЭ ҲНИ фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум ва ғайра мебошад. Умуман наҳзатиҳо ба арзишҳои милливу инсонӣ эҳтиром надоранд. Барояшон арзишҳои маҳдуди мазҳабӣ ва хостаҳои хољаҳои хориљӣ болотар аз ҳама муқаддасоти дигар мебошад. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд. Магар фаромӯш кардаанд, ки маҳз онҳо бо чунин амалҳои номатлуб ду даҳсола пеш боиси шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ гардида Ватанро ба ҷои обод кардан ба вайрона табдил доданд ва боиси марги ҳазорон ҳазор мардуми бегуноҳ шуданд. Аммо наҳзатиёни тафриқаангез бояд ба эътибор гиранд, ки дигар мардуми Тоҷикистон аз паи нокаси гумроҳе, ки ҷомеаро ба сӯи вартаи ҷангу ҷидолу хунрезӣ ва вайронкорӣ даъват мекунанд, нахоҳад рафт. Ҳадафҳои хиёнаткоронаи ТТЭ ҲНИ умуман хоинони миллат бори дигар собит менамояд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Аз ин рӯ, барои решакан кардани ақидаҳои ифротӣ муборизаи беамон бояд барем, ки ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост!
Р.АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи
молия ва қарз