Мо, тавассути шабакаҳои иҷтиоӣ бохабарем, ки имрӯзҳо дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Чунончӣ, воқеияту рӯйдодҳои кишвари ҳамсояаамон Афғонистон ҳақиқатеро нишон медиҳанд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамадуни башарӣ афзоиш ёфта, амнията давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтааст. Имрӯзҳо вобаста аз вазъи кунуни Афғонистон, асосан аъзоёни ташкилоти терористӣ бо ном Давлати исломии Ироқу Шом, Ал –Қоида ва дигар равияҳои ифротӣ дар ин кишвар маскан гирифта, ошкору пинҳонӣ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гуруҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Баробари ин, бояд қайд кард, ки дар давоми соли 2022 равон дар Афғонистон содир шудани таркишҳои зиёд ба қайд гирифта шудаанд. Ноамнӣ ва бадбахтие, ки имрӯз ба сари мардуми кишвари Афғонистон омадааст, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ, яъне фаъолияти доираҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон мебошад, ки ҳоло низ идома дорад. Вобаста ба ин дар ин рӯзҳо дар расонаҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзноманигорон, таҳлилгарон, сиёсатмадорон, сарварони ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои гуногун андешаҳои худро доир ба вазъияти баамаломадаи Афғонистон баён менамоянд. Масалан, роҳбари кунунии ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, ҳаммаслакону думравони ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷилвасозӣ намуда, мисли пештара ба суханпардозиву найрангбозӣ, дурӯғпаҳнкунӣ, иғвоангезӣ, фолбинӣ машғуланд. Бахусус, вобаста ба вазъияти имрӯзаи Афғонистон, ба саҳанаи сиёсӣ худро “сиёсатшинос” намоиш дода, ҳаракати Толибонро ба таври худ ғайриинсонӣ маънидод менамоянд, дар ҳоле ки худ аз он ҳеҷ камие надоранд. Душманони миллат бидонанд, ки хеҷ кас ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистонро дигар карда наметавонад!
Дар фарҷоми андешаи хеш, бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида бояд қайд кард, ки оид ба қазияи Афғонистон кишвари мо наметавонад бетараф бошад, зеро, мо ҳамсояву ҳамзабонем. Бояд манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини кишвари ҳамсоя, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон бояд пазируфта шавад. Баробари ин, қувваҳои солими сайёраро имрӯз зарур аст, ки барои мубориза ба муқобили ҳама гуна амалҳои террористӣ дастҷамъ бошанд. Фароҳам овардани фазои эътимод, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё ба муқобили терроризм ва экстремизм шарти муҳими муборизаи босамар бо ин вабои аср аст.
Ф.ҚУРБОНОВ,
Мудири бахши кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ