ДУРӮҒУ БӮҲТОНИ НАВБАТИИ КАБИРӢ ДАР АВРУПО

Ба ҳама маълум аст, ки ҳанӯз соли 2017 Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои он мебошад, собиқ ҳизби дар кишварамон манъшудаи Наҳзати исломӣ (ҲНИ)-ро ба рӯйхати феҳрасти ташкилоти террористӣ ворид намуда буд. ТТЭ ҲНИ бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, аз қабили ташкилоти байналмилалии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)  дар давлатҳои Аврупо маскан гирифта, ҷамъияти ғайриқонунии “Паймони миллӣ” таъсис дод. Дар “Паймони миллӣ” гӯё онҳо ҳамаи мухолифини кишварро муттаҳид карда бошанд. Лекин мухолифини асил ҳеҷ гоҳ ба кору кирдорҳои зиддиҳукуматӣ даст намезанад ва ба пули ҳаром ватани худро намефурӯшад. Дар Аврупо раҳбару ҳаммаслакону думравони ТТЭ ҲНИ  дар як қатор кишварҳо ба монанди Полша, Германия, Франсия, Британияи Кабир, Белгия сарпарастонро пайдо карда, бо кӯмаки онҳо аз минбари САҲА бо суханони бӯҳтонӣ бар муқобили кишварамон баромад мекунанд. Гӯё пас аз ғайриқонунӣ эълон шудани ҳизби Наҳзати исломӣ садҳо нафар аъзоёни ҳизб ба ҳабс гирифта шуда, дучори азобу шиканҷа шуда бошанд. Ин дурӯғи маҳз аст. Мо медонем, ки пас аз манъ намудани фаъолияти ҲНИ дар кишвар, бархе аъзоёни собиқ ҳизби зикршуда дар як шаҳру ноҳияи кишвар маҷлис гузаронида, рӯирост кирдорҳои террористии роҳбарияти ҲНИ-ро маҳкум карда, аз аъзогии ин ҳизб баромада буданд. Суратҷаласаи онҳо дар рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ борҳо нашр шуда буданд. Нисбати ин гуна аъзоён давлат ягон ҷазоро раво надидааст. Фақат он нафароне, ки бевосита ба кирдорҳои ғайриқонунии террористӣ шомил буданд, ҳабс гирдидаанд. Худи Кабирӣ ҳамчун ҷинояткори асосӣ як ҳафта пештар ба хориҷи кишвар фирорӣ шуда, акнун бо дастгирии хоҷагони аврупоиаш бо дурӯғгӯю буҳтономезӣ шуғл дорад. Масалан ӯ босмачиёнро қаҳрамони миллат номида буд. Лекин мо медонем, ки босмачиён афроде буданд, ки садҳо одамони бегуноҳи ҳокимияти шуравиро ба қатл раснонидаанд. Дар байни мардум ҳисси кинаю адоват коштаанд. Яъне босмачиён ягон хел қаҳрамон не, балки ҷинояткор буданд, ки ба таърихи халқи мо доғи сиёҳ гузошта рафтаанд. Имруз бошад ҲНИ ин амалро пеша намудааст. Дар баромадҳои моҳҳои охир оид ба ҳаводиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) аз минбари САҲА суханони бӯҳтонӣ паҳн кардаанд. Гӯё онҳо тарафдори демократия буда, муқобили ҳокимияти кишварамон мубориза мебаранд. Лекин асли ҳол тамоман дигар аст. Мо медонем, ки саркардаҳои ин бетартибиҳо ватанфурӯшон мебошанд, ки барои пул ҳатто падару модари худро ҳам мефурӯшанд. Мо инро аз изҳороти расмии яке аз ташкилкунандагони бетартибиҳо Улфатхоним Мамадшоева шунида будем. Дар давоми якчанд сол Улфатхоним ба агентҳои хориҷӣ сири махфии кишварамонро мефурӯхт. Ба ҳар як сири махфӣ 100 доллари амрикоӣ пули нақд мегирифт ва дар маҷмӯъ зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ намуд. Бетартибиҳои бадахшониро бо маблағ ва роҳбарии бевоситаи кураторони ғарбиашон ташкил карда гузаронидаанд. Онҳо халқи оддиро ба гумроҳӣ андохта, сабабгори бетартибиҳо, зарари моддӣ ва маънавӣ шуданд. Садҳо нафар ҷавонони гумроҳ ба гапи онҳо бовар карда, дар назди халқу ватан номи хоиниро гирифтанд. Дар ин бетартибиҳо саҳми журналистону блогерони боздоштшуда – Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Ғулом Хушом хеле калон аст. Халқ бояд ватанфурӯшонро донад ва минбаъд ба фиреби ин гуна зишткорон нафароянд. Магар кирдори онҳо ҷавонмардӣ аст? Албатта, онҳо дар бораи манфиати кишварамон заррае ҳам фикр намекунанд. Онҳо фақат ба гирифтани пули сарпарасту хоҷагони хориҷӣ овораанд, ки барои онҳо чӣ қадар дар кишвари мо ҷангу ҷанҷол ва батартибиҳо зиёд шавад, ҳамон қадар манфиатборанд. Мо инро аз ҳодисаҳои дар моҳи сентябр дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон рухдода дида метавонем. Тарафи қирғизҳо бо пул ва кӯмаки спонсорони ғарбӣ пешакӣ тайёрӣ дида, 140 ҳазор сокинонашонро ба ҷои бехавф кӯчонидаанд. Ба сокинон ва сарҳадиҳои мо ҳамлаи ногаҳонӣ намуда, даҳҳо нафар бегуноҳонро куштаанд. Ин ба ҳамлаи ногаҳонии Германияи  фашистӣ ба Иттифоқи Шӯравӣ дар соли 1941 монанд аст. Яъне сарпарастони онҳо аз ягон усулҳои фашистӣ ҳазар намекунанд. Кирдори онҳо аз террористони ДИИШ ягон камие надорад.

Аз ин сабаб, ҳолати геосиёсии ҷаҳони муосир хеле мураккаб буда, аз мо ҳушёрии сиёсиро талаб менамояд. Мо набояд ба гапҳои дурӯғи зархаридони хориҷӣ ва ватанфурӯшони навбаромад бовар кунем.

Иброҳимов И.И.,

дотсенти кафедраи математекаи олӣ

ва технологияҳои иннноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *