ТТЭ ҲНИ – ТАҲДИДИ АМИҚИ БЕХАТАРИИ ҶОМЕА

Имрӯзҳо берун аз ҳудудҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори хеле зиёди аҳолӣ бо мақсадҳои гуногун, хусусан, муҳоҷирати меҳнатӣ ва таҳсил хеле пурсамар меҳнат мекунанд. Аз фаъолияти онҳо албатта беҳбудии шароити оилаҳои онҳо хеле вобастагии калон дорад. Лекин мутаассифона дар байни ин тоифа халқи меҳнаткашу ташнагони илм шахсоне ёфт мешаванд, ки мақсадҳои онҳо тамоман дигар буда, бар зидди манфиатҳои ҷомеаи сулҳпарвару ҳукумати мамлакати мо равон карда шудааст.Мисоли равшан ин ТТЭ ЊНИ мебошад, ки манфиатҳои худро аз манфиатҳои халқу давлат ва роҳбарияти он болотар меҳисобанд. Амалиёти ифротгароён чи дар марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чи берун аз он доман паҳн кардааст. Ин амалиётҳо табиати сиёсӣ дошта, тарафдорони онҳо бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва технологияҳои муосир доираи фаъолияти худро васеъ карданианд.

Одатан, чи хел ки таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ба ТТЭ ЊНИ шахсоне шомил мешаванд, ки худ соҳиби фикру ақидаи устувор нестанд ва аз олами илму маонӣ хеле дур ҳастанд. Инчунин, аксари аъзоёни ТТЭ ЊНИ ҷавононе мебошанд, ки аз таҳти назорати волидайн дур мондаанд. Барои ин гуна шахсон,бо ибораи дигар аслан онҳоро шахс гуфтан ҳам мумкин нодуруст бошад, балки нокас гуфтан беҳтар аст, барои манфатҳои шахсии худ қодир мебошанд, ки ҳамаи ин неъматҳоро бе ягон фикру андеша фурӯшанд.

Ба фикри ман мо устодони донишгоҳу донишкадаҳо, ки бо оммаи калони ҷавонон сарукор дорем ва тамоми ақлу неруи худро сарфи он кунем, ки ҷавонон аз ғояҳои ифротӣ ва террористӣ ҳарчи дуртар бошанд, оиди мақсадҳои нопоку манфии ин зумра нокасон ҷавононро огоҳ намоем ва ба онҳо нишон дода тавонем, ки онҳо бар зидди халқи осоишта равон карда шудаанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *