Имрӯзҳо аз ҳаргуна шабакаҳои интернетӣ фикру ақидаҳои гуногун оид ба ТТЭ ҲНИ баназар мерасад, ки баъзе гумроҳшудагон ин ташкилотро то ҳол пуштибонӣ мекунанд. Вале онҳо инқадар бемағзу ғуломтабиат шудаанд, ки то ҳол бо фикру андешаҳои бегонагон ва бадхоҳони миллати халқи тоҷик ақидарони менамояд. Чунки табиати ғулом ин танҳо иҷрои амри хоҷаи худ аст, хоҳ он ба манфиати халқ бошад, хоҳ ба зиёни халқу миллат дигар иродаи худро надорад бояд иҷро намояд.Дар иртибот ба ин ќайд кардан хело бамаврид аст.
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Замоне ки дар он зиндагӣ дорем, басо пуртазоду сермуноқиша аст. Аз ин рӯ, бе андешаи солим ва хиради воло умр ба сар бурдан мушкил аст. Инсон ва ҷомеаро воқеан ҳам ақли расо ва хиради воло аз ҳама гуна хатари даҳшатбору марговар наҷот медиҳад.
Имрўз дар Тоҷикистон фазои сулҳу осоишта фароҳам омада мардумт ба меҳнати босуботу созанда ва бунёдкораи худ кўшиш ба харҷ оварда истодааст, ки фазои онро боз ҳам осоиштатар гардонад. Бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакат ба сўи ояндаи дурухшону босаодат раҳсипор аст.
Сармуалими кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ
Каримов ИНЪОМҶОН