Санаи 20.10.2021с. соати 1300 дар бинои таълимии 2, аудиторияи 106 бо иштироки мудири кафедра н.и.ф., дотсент Файзиева С.А., мудири шуъбаи илм ва инноватсия н.и.ф., дотсент Камолов Ф.А. ва аъзоёни кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии ДИС ДДТТ маҳфили илмии донишҷӯён “Суханвар” гузаронида шуд.
Бо сухани ифтитоҳӣ роҳбари илмии донишҷӯён муаллимаи калони кафедра Раупова Қ.О. ба маҳфил ҳусни оғоз бахшид.
Иштирокчиёни маҳфилро н.и.ф., дотсент Камолов Ф.А. хайрамақдам намуда, ба онҳо барои бисёртар мутолиа намудани китобҳои бадеӣ тавсия дод.
Дар маҳфил донишҷӯёни зерин баромад намуданд:
- Фаррухзода Фарзона – донишҷӯи бахши 2-и ихтисоси 25010402т, достони “Шоҳнома”-и А.Фирдавсӣ, таҳти робарии н.и.ф., муаллими калон Саидхоҷаева М.Н.
- Саидиён Меҳрибону – донишҷӯи бахши 2-и ихтисоси 24010302т, романи Ҷ.Икромӣ “Тахти вожгун”, таҳти роҳбарии н.и.ф., дотсент Файзиева С.А.
- Атакулова Мухсина – донишҷӯи бахши 1-и ихтисоси 250109т, повести “Алые паруса” Александр Грин, таҳти роҳбарии н.и.ф., дотсент Раҳматова С.А.
- Аюбова Шаҳзода – донишҷӯи бахши 1-и ихтисоси 25010407р, Рассказ “Белый параход” Ч.Айтматов, таҳти роҳбарии муаллимаи калон Файзиева Д.М.
- Набиев Искандар – донишҷӯи бахши 2-и ихтисоси 25010403р, асари “Баҳористон”-и А.Ҷомӣ, таҳти роҳбарии ассистенти кафедра Ашӯрова А.А.
- Абдураҳмонова Шукрона – донишҷӯи бахши 1-и ихтисоси 250103анг, асари А.С.Пушкин “Капитанская дочь”, таҳти роҳбарии н.и.ф., муаллимаи калон Холшехова С.А.
Бо сухани ҷамъбастӣ мудири кафедра н.и.ф., дотсент Файзиева С.А. баромад намуда, ба аъзоёни маҳфил сипоси худро расонида, вазифадор карданд, ки дар оянда маҳфил боз пурмазмунтар ва мукаммалтар баргузор гардад.