ТТЭ ҲНИ –НИҲОДИ ҒОЯҲОИ ТАФРИҚААНДОЗӢ

Боиси таассуф аст, ки манфиатҷӯёни хориҷӣ барои пош додани дини мубини Ислом ҳар гуна тӯдаю ҳаракат, ҳизбҳои сиёсиро созмон медиҳанду маблағгузорӣ менамоянд. Ғояҳои тафриқаандозиро бо парчами дини Ислом ниқоб намуда ҷомеаро ноором месозанд. Мардуми Тоҷикистон, ки аз фаъолияти бадхоҳонаю дасисакоририи чунин ифротгароӣ дар мисоли ТТЭ ҲНИ  огаҳӣ доранд. Ин ташкилот воқеан,аз қабили ниҳодҳои тундраве мебошад, ки омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳад ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд.

         Имрӯзҳо роҳбарияту  ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ, бахусус Кабирӣ  тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаҳои ифротиашон зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дини мубини Ислом ҳарф мезананд ва амалҳову аъмоли худро аҳкоми динӣ мешуморанд, ки ин пеш аз ҳама, ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми исломро надорад. Яъне, ин амалкард ва рафтори барғалат боз ҳам аз хоинӣ ва ақоиди пасти чунин гурӯҳ дарак медиҳад.

Вобаста ба масъалаи мазкур то имрӯз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои мухталифи илмӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳӯри амали  номатлуб – терроризм ва экстремизм дар кишварҳои ҷаҳон мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифта истодааст. Қисме аз олимон пайдоиш ва нузули чунин амалҳои манфии ҷомеаи ҷаҳониро, пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобаста медонанд. Қисми дигар бошад, зуҳури чунин падидаҳоро ба ихтилофоти сиёсии байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд.

     Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ва дар замири ҳар як шахси ба ин қабили гурӯҳу  ҳаракатҳо пайвастшаванда ақидаи гурӯҳи аввали олимони ҷомеашинос мувофиқ меояд, чунки маҳз ҷанбаҳои иҷтимоӣ дар зиндагӣ ва сатҳи нопурраи тафаккури маънавӣ ба ин роҳ шахсро водор месозад.

Аз тарафи дигар ба ақидаи аксар олимон низ экстремизм дар дин бештар хусусияти ҷалбнамоиро созгор мебошад ва он дар тамоми гӯшаву канори олам ба мушоҳида мерасад.  Илова бар ин, қатъиян эътироф накардани ғояҳои динии дигар, муносибат ва рафтори хашмгинона нисбат ба пайравони мазҳабҳои дигар, таблиғоти ақидаҳои устувор, «ҳақ будани як таълимоти динӣ», кӯшиши решакан, бартараф намудан ва то ба ҳалокат расонидани намояндагони динҳои дигар мебошад. Бинобар ин,  ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд месазад ба ин афкори барға лати ТТЭ ҲНИ ва  амсоли ин инфорогароён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омӯзиш, аз барнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими сулҳу суботи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.

    К.КАЛОНОВ ,

  устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *