Мудири маркази байналмилалӣ ва иртиботи умумиҷаҳонии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ба Донишгоҳи Миколас Ромерис ташриф оварда, аз ҷониби ӯ ба ҳайси лектори меҳмон як қатор лексияҳои намунавӣ гузаронида шуд.
Рӯзҳои 6-10 марти соли 2023 мудири маркази байналмилалӣ ва иртиботи умумиҷаҳонии ДИСДДТТ, Саидқосим Мухторов ба Донишгоҳи Миколас Ромерис (ДМР) ташриф оварда, дар бораи усулҳои тавлиди ғояҳо барои соҳибкорони навкор лексия гузаронид. Инчунин, барои баррасии рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи минбаъда бо сардори Дафтари Байналмилалии ДМР Аудра Даргите-Бурокиене мулоқот барпо карда шуд. Бояд қайд намуд, ки байни ин ду муассиса соли 2018 Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуда буд.
Мухторов инчунин ҳамоҳангсози институтсионалии барномаи Эразмус+ дар ДИС ДДТТ мебошад.
“Умедворам, ки мо бо ДМР ҳамкории мубодилавии бештаре хоҳем дошт” иброз дошт ӯ, ҳангоми мулоқот пас аз таҷлили Рӯзи истиқлолият дар Литва дар шаҳраки донишҷӯёни ДМР (11 март ҷашн гирифта мешавад).
Чунончи Мухторов қайд намуд, соли 2019 ду муассиса аз рӯи лоиҳа корбарӣ намуда, пас аз он як конфронси байналмилалӣ бо иштироки муҳаққиқони ДМР барои пешниҳоди муаррифӣ даъват карда шуд. Дар ҷараёни боздиди якҳафтаинаи худ Мухторов бо намояндагони ДМР, аз ҷумла, муовини декани факултети идоракунии давлатӣ ва тиҷорати ДМР, профессор Ирмантас Ротомскис мулоқот намуд.
Мухторов С., инчунин омӯзгори кафедраи технологияҳои иттилоотии ДИС ДДТТ буда, самтҳои таваҷҷӯҳи ӯро технологияҳои иттилоотӣ, менеҷмент, соҳибкорӣ дарбар мегиранд.
Рисолаи магистрии худро Мухторов С.С., дар соҳаи идоракунии тиҷорат ва технологияҳои иттилоотӣ дар Донишгоҳи Кантабрияи Испания дифоъ намудааст.