Мувофиқи хабари васоити ахбороти омма моҳи августи соли 2015 аз номи Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба унвони ҲНИ огоҳномаи расмӣ оид ба қатъи фаъолияти ғайриқонунӣ интишор гардида буд. Аз ҷумла дар огоҳнома дарҷ шуда буд, ки тибқи моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷиқистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсии кишвар бояд дар аксарияти шаҳру навоҳии ҶТ ячейкаҳои ҳизбии худро дошта бошанд. Вале тибқи 76 санад ва ҳуҷҷатҳои ба Вазорати адлия ирсолгардида, дар 58 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ячейкаҳои ҳизбии ҲНИ фаъолияташонро катъ кардаанд ва аз ин бармеояд, ки ҲНИ дар ин ҳол дигар аз шумори ҳизбҳои умумиҷумҳуриявӣ маҳсуб намешавад. Бинобар ин ҲНИ ҳуқуқи истифодаи мақоми ҳизби сиёсии ҷумҳуриявӣ ва гузаронидани анҷуманро надошт. Онҳо ғайриқонунӣ аз ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо ва маросимҳои динӣ, роҳансозӣ намудани таблиғоти динӣ дар рўзномаи «Наҷот»-и ҳизб, ки бар ҳилофи қонунгузории кишвар буд, амал мекарданд. Баъзе аз роҳбаронва аъзоёни ин ҳизб бо истифода аз мансаби худ бо гурўҳҳои хиёнаткор ҳамкорӣ намуда, ҳатто онҳоро маблағгузорӣ намуда, дар пайи нобуд сохтани кишвар даст доранд.
Мусаллам аст, ки фазо ва муҳити муосири глобалӣ рӯз ба рӯз вазъи куллии сиёсию иҷтимоии қисмати зиёди мамолики Шарқи мусулмониро бар асари ҷаҳолат ва хурофоти асримиёнагӣ ва сиёсатҳои геостратегӣ ноҳамвор сохта, дарҳамбарҳамиро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд овардааст ва ин гуна шароит, қабл аз ҳама, аз ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина нерӯманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош варзанд.
Мардум чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва динӣ-мазҳабиро дар ибтидои солҳои навадуми асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғ, дасиса, найранг, ҳиллабозӣ, кинатӯзӣ, фурсатталабӣ, мансабталошӣ, авомфиребӣ ва худотарошии «пирон» ва ҳаммаслакони ТЭТ ҲНИ бехабарона нӯш карда, то имрӯз аз таъсири бади он ранҷ мебарад. Ин таъсири бади равонӣ ҷисм ва руҳияи миллӣ-мардумиро дар минтақа шикаста, боиси худбохтагӣ, бегонапарастӣ, бадбинӣ, яъсу ноумедӣ ва дар маҷмўъ, хурофоту таассуби шадид гардида истодааст. Таъкид сари ҷанги бародаркушист ва шаҳрвандони нисбатан солдидаи кишвар хуб дар ёд доранд, ки оғози солҳои навадум ба хотири ақида ва мафкураи бегона бародар гулӯи бародарро дарид ва бар асари низоъҳои бемаънӣ ва даргириҳои гӯшношунид дар миқёси мамолики дуру наздик беобрӯ гардидем. Ин расвоӣ ва беобрӯӣ барои ҳазор соли дигар ба миллату фарҳанги мо басанда аст ва аз касолату касофатзадагии тарроҳону дастандаркорони он ҷанги хонамонсӯз, ки ҳазорон ҳазор нафарро ба хун оғӯшта, бехонаву дар, бесаробону бесоҳиб, ятиму бепарастор, маъюбу маъюс, дастнигару фақир, мусофиру муҳоҷир сохт, то имрӯз дуруст ба худ наомадаем.
Насли миёнсол ва солманд хуб дар хотир доранд, ки ба «шарофат»-и ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистони нав ба истиқлолиятрасида даргириҳои шармандавори сиёсӣ ба вуқуъ пайваст ва муҳаррикони асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ маҳз пайравони ин ҳизб буданд. Даъвиҳои хурофотӣ, таассубӣ ва қудратталабонаи роҳбарияти ТЭТ ҲНИ дар гузашта боиси зиддиятҳои сахти қавмӣ, гурӯҳӣ, динӣ-мазҳабӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ гардид ва бо дасти олудаи бегонапарастони ватанӣ, ки дар шахсияти симоҳои «авлиёгуна»-и ҳизбӣ рӯи саҳнаи муборизаҳои миллатситез омада буданд, тухми кинаю адовати динию мазҳабӣ кошта шуд. Роҳбарони ҳизб ва фурсатталобони давр тариқи дастгоҳҳои иттилоотии замон моҳҳои май-ноябри соли 1992 таблиғу ташвиқи саросарии ҷиҳод ба муқобили куффорро, ки таҳти ин мафҳум ҳамватанони мусалмони мухолифи режими исломӣ дар Тоҷикистон фаҳмида мешуд, роҳандозӣ намуданд. Табақабандии иҷбории мардуми шаҳру музофотҳои ҷумҳурӣ ба муъмину кофар системаи давлатдорӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва ахлоқии ҷомеаи тоҷикро дар он солҳо шикаст ва бадгумонии динӣ-мазҳабиро байни қавму миллатҳо ба вуҷуд овард. Ин бадгумонӣ, мутаассифона, бо «саъю талош»-и ҳизби мазкур ва муштариёни он то имрӯз дар зеҳни мардуми минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ боқӣ мондааст ва дар саҳифаҳои таърихи миллат ва Ватани азизи мо чун паёмади шуми ибтикороти муғризонаи пирони маънавию сиёсии ҳизб сабт гардидааст.
Маълум аст, ки ҷавонон ба ислом, дин, ки тавваҷҷуҳи зиёд доранд. Дастаҳои мухолифин аз ин истифода бурда, дар ниқоби ислом нақшаҳои худро роҳандозӣ мекунанд. Онҳо бештар ҷавононро ба гирдоби «бало» мекашанд. Ҷавононе, ки саводи кофии диниву дунявӣ надоранд, ҷаҳонбиниашон танг аст, бештар аз рўйи бефарҳангӣ ба доми чунин гурўҳҳо меафтанд, ки оқибат боиси бадбахтии оила ва худи онҳо мегардад.
Ҷамолиддин Ҷӯраев,
устоди ДИС ДДТТ