Бо мақсади вусъат бахшидан ва бо назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ пешниҳод намуданд, ки солҳои 2019-2021 дар кишвар Соли рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад. Албатта, ин бесабаб нест, зеро беш аз 73 % аҳолии кишвар дар деҳот зиндагонӣ мекунанд.
Ба андешаи Сарвари давлат барои бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва омода намудани даҳҳо ва садҳо ҳазор ҳунармандони соҳибкасб ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ як сол басанда нест. Ба ҳамин хотир барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳҳ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад, – таъкид намуданд Сарвари давлат.
Дар ин замина устодони кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ тасмим гирифтанд, ки мизи мудаввар дар мавзӯъи: «Ҷавонон ва соҳибкорӣ: вазъият, муаммо ва дурнамои он» гузаронанд ва ба чорабинӣ меҳмонони ҳунармандро даъват намоянд. Толори хурди донишкада бо оростани растаҳо бо маҳсулотҳои ҳунарҳои мардумӣ тайёр карда шуда, чорабинӣ оғоз гардид. Дар ҷамъомад муовини директор оид ба таълим Қаюмов А.А., Ҳоҷиев Отабек сардори хоҷагии деҳқонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Раҳмонова Дилбар ҳунарманд, Нормаҳмадов Собит кордсоз, Раҳимов Далер ва Ғаниев Дилшод намояндагони шуъбаи рушди сайёҳии вилоят, Қодирова Гулнора ҳунарманд, Ғиёсов Мирсултон соҳибкор, устодони кафедра ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Бо сухани ифтитоҳӣ мудири кафедра профессор Комарова Г.Б., ҳозиринро ба донишкада хайрамақдам гуфт. Ассистент Ҷӯраева Н бо мақолаҳои илмии худ дар мавзӯи: «Дастгирии давлат баҳри рушд ва фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд. Сипас меҳмонон ба сухан баромада, дар бораи дастовардҳои соҳа ва муаммоҳои мавҷуда оид ба рушди соҳибкорӣ фикру мулоҳизаҳои хешро баён доштанд.