ТТЭ ҲНИ МАНБАИ ИҒВОАНГЕЗИЮ ДУРӮҒГӮИСТ!

Терроризм ин ҳаракатҳои номатлуб ва хавфнок мебошад, ки сатҳи проблемаи глобалиро гирифтааст. Террорист воқеан на нажод дорад, на имон ва на ватан дорад, он душмани созанда ва шахсони ба ӯ боварикунанда мебошад. Барои ҳамин барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди он ин муттаҳидшавии тамоми давлатҳо, инчунин давлатҳои мусулмонӣ бар зидди сарчашмаҳои террористӣ ва экстремизмӣ мебошад.
Дар шароити муосир сатҳи террористӣ на танҳо таҳдиди бехатарии аҳолии давлатҳои алоҳидаро дарбар мегирад, инчунин хавфи тамоми ҷамъияти ҷаҳониро низ забт кардааст. Масалан ташкилотҳои террористию экстремистӣ ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) мебошад, ки фаъолияти он иғвоангезию дурӯғгӯист. Мақсаду ҳадафи амалҳои ТТЭ ҲНИ хароб намудани вазъи иҷтимоӣ ва низоми сиёсии давлатӣ мебошад. Ташкилоти мазкур нисбати миллату ватани худ хиёнаткориро пеш мебаранд. Умуман ҳама гуна даъвоҳои фирориёни ТТЭ ҲНИ дар хориҷа пучу бедалел буда, мақсади асосӣ ин ба Афғонистони дуюм табдил кардани Тоҷикистони осуда аст. Хушбахтона, онҳо ангуштшуморанд ва ғайр аз талошҳои беҳуда ва суханпардозиҳои буҳтономези беасос дигар чизе надоранд. Дар урфият мегӯянд, ки вақт довар асту таърих гувоҳ. Воқеан амали ин гуна афроди хиёнаткору хиёнатпеша дер ё зуд дар назди ҷомеа фош шуданду мешавад.
Бояд қайд намуд, ки дар мубориза бар зидди ҳаракати террористӣ ва экстреместӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои дунё созишномаҳо ва шартномаҳо ба имзо расонида, дар ин муборизаҳо фаъолона иштирок менамояд.
Мардуми тоҷики соҳибистиқлол оқилу босавод ҳастанд, хубро аз бад фарқ карда, ба равандҳои ҷамъият баҳои дурустро нишон дода метавонанд. Аз ин рӯ, бо боварии комил метавон гуфт, ки кишвари мо рӯ ба рушду тараққиёт аст, ҳеҷ созмону гурӯҳи бадхоҳ моро аз ин роҳ берун карда наметавонанд!

М. САМАДОВА,
ассистенти кафедраи баҳисобгирии
бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *