ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕАИ ИМРӮЗА

Яке аз масъалаҳои муҳим, ки имруз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Бахусус дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат, аз қабили ТТЭ ҲНИ ва Гуруҳи 24 нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни мардумони кишвар аст. Аксарияти фирориёни гурӯҳҳои зикршуда дар кишварҳои Аврупо дар паноҳи хоҷагонашон ҷой гирифта, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаҳои ифротиашон айбҷӯиву харобакориро пеша кардаанд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоханд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, супоришҳои сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, бахусус ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиклолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.
Дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ба ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст. Инчунин дар вақти таълими фанҳои таърих ва ҳуқуқ ва корҳои тарбиявию беруназсинфӣ дар масъалаи хавфи терроризм дар ҷаҳони имрӯза ва ҳушёрию зиракии наврасону ҷавонон дар масъалаи гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ аз дируза дида имрӯз бештар эътибор додан тақозои замон аст. Бинобар ин мо – шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем. Барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин бо ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

М.ТУРСУНОВА, муаллими калони кафедраи
баҳисобгирии бухгалтерӣ,
таҳлил ва аудити ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *