ТТЭ ҲНИ – ЛОШАХӮРОНИ ПАЛИД!

Мо борҳо зимни мақолаву изҳороти хеш  нисбати бадхоҳону хоинони миллат -ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи 24 андешаронӣ карда будем.Боз ин навбат низ нисбати ин лошахӯрони палид гуфтанием, ки  ин тоифа афроди беақлу хиёнаткор, имрӯз мардуди ватан шуда,  то ҳол ба худ хулосаи зарурӣ  набаровардаанд. Ин навбат ТТЭ ҲНИ бо дастгирии хоқагони хориқиашон дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта,  то ҳанӯз дидаю дониста ба дурӯғпардозию туҳматзанӣ машғуланд. Ҳадафи бадхоҳони миллат  ва пайравонаш ҷамъ намудани пулу сармоя аз хоҷагони хориҷӣ асту халос ва барои ин гуна афрод инсоният ва меҳан арзише надоранд. Аз табори чунин хиёнатпешагон Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин  ва думраваш Беҳруз Тағойзода  ба ҳисоб мераванд, ки агар рўзе нисбати кишвари соҳибистиқлоламон ва ё нафаре аз роҳбарияти кишвар туҳмату буҳтон наяфкананд, ором намегиранд. Корашон ҳамеша  кофтукоби айби касон аст. Ин бадандешон бо ҳар роҳу восита ҳамчун лошахурони палид дар шабакаҳои иҷтимоӣ камин гирифта, дар барномаҳои ифротиашон ҷавонони кишварро ба доми худ мекашанду ҳаёти босаодати онҳо ва зиндагии тинҷу осудаҳолонаи онҳоро ба коми бадбахтиву ноумедиҳо мебаранд. Намедонанд, ки имрўз фаъолияти мақомоти қудратӣ ва умуман андешаи ватандўстию меҳанпарастии мардумони кишвар нисбат аз солҳои 90-уми асри гузашта фарқияти калон дорад.

Бояд қайд кард, ки имрўз мақомоти корҳои дохилии кишвар яке аз пешоҳангони мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ маҳсуб ёфта, ҳамзамон кафили тинҷиву осудагӣ ба шумор рафта, кормандони милитсия бо масъулияти баланд дар ин самт шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд. Мақомоти мазкур баҳри мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта, пайваста бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар робитаи қавӣ қарор дорад ва дар натиқа баҳри пешгирии қиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористӣ дошта ҳамасола корҳои назарас амалӣ мешаванд. Чунончӣ дар соли сипаригардида аз тарафи сохторҳои Вазорати корҳои дохилии кишвар 365 нафар аъзои ташкилоти террористӣэкстремистӣ муайян ва дастгир карда шуданд.  

            Аз   маълумоти зикршуда ҳар фарди  ҷомеаи имрӯза ба хулоса омада, дарк намоянд, ки омилҳои барангезандаи кинаву адовати динӣ ва ҳамзамон миллию маҳаллӣ дар қомеаи мо, то ҳол пурра решакан нашудаанд.  Аз ин лиҳоз, густариши ҳамкории судманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳз бо дастгирии аҳолӣ, зиёиёну равшанфикрон, аҳли ҷамоатчигӣ, намояндагони маориф, кормандони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонон, бахусус донишҷӯён мо метавонем бо зуҳуроти номатлуби ҷомеа, мубориза барем.

 

КАЛОНОВ К.,

устоди ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *