ИЗҲОРОТИ кафедраи математекаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ вобаста ба баромадҳои ифротиву ихтилофангези бадхоҳони миллат

Мо омӯзгорони кафедра тавассути расонаҳои хабарӣ огаҳ ҳастем, ки вақтҳои охир бадхоҳони миллат тариқи шабакаҳои иљтимоӣ дар барномаи ифротиашон бо навбат баромад намуда истодаанд, сараввал суханҳои  сафсатаашонро  махкум намуда, зимни изҳороти хеш  вобаста ин масъала, ибрози андеша менамоем.

Бояд қайд кард,ки бадхоҳони миллат, аз ҷумла  раҳбарияту ҳаммаслакони  ТТЭ ҲНИ, бо дастгирии молиявии хољагонаш  дар кишварҳои Аврупо иқомат дошта, бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором ссозанд ва  фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Борҳо мо омӯзгорон дар изҳороту мақолаҳоямон  қайд карда будем, боз гуфтанием, ки раҳбари ҳизби мазкур Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш, аз қабили Муҳаммадиқболи Садриддин, нафароне ҳастанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони соҳистиқлол  дар таҳлука афтодаанд. Имрўз ба либоси Кабирӣ ва ҳаммаслаку пайравонаш кайк даромадаасту онҳоро ором гузошта наметавонад. Ба ғайр аз тўҳмату иғвогарӣ дигар коре надоранд. Ин бадхоҳони   миллат аз аввали фаъолияташон  ба пешрафту тараққиёти кишвари мо, сулҳу суботи пойдор назари нек надоштанду надоранд ва вазъияти кишварро тағйир дода, барои дарёфти пулу сарватҳои муфт дар кишварҳои Аврупо гадоӣ   мекунанд.

Баробари ин бояд қайд кард,ки вақт довар аст ва имрӯз кулли  мардуми медонанд, ки раҳбарияту  аъзоёни ТТЭ ҲНИ, зери роҳбарии Кабирӣ, кистанд ва чӣ ният доранд. Воқеан, имрӯз мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғи ифротиву ихтилофангези хоинони миллат комилан бовар намекунанд. Хулоса натиҷаҳои нохалафиву ватанфурўшии аъзоёни ТТЭ ҲНИ бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани ифротгароӣ, умуман нисбати бадхоҳони миллат- ТТЭ ҲНИ  муборизаи беамон мебарем!

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *