Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хоинони миллат, хусусан роҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ, алҳол дар кишварҳои Аврупо қарор дошта, ба муттаҳидӣ нуқтаҳои ҷудоиандозӣ меҷўянд, муттаҳидии моро зери суол мегузоранд.Имрӯз ягона роҳ шабакаҳои иҷтимоӣ аст, ки аз ин муфт истифода бурда, дар барномаҳои ифротиашон тухми адовату ҷудоӣ миёни мардуми мо мекоранд. Оид ба дастовардҳои даврони истиқлолият туҳматнома мебофанду мегўянд ва симои як тоҷик ва тоҷикистониро миёни ақвоми дигар мерезонанд. Ба андешаи мо як нерўи сиёсии даъвогар ба «созандагӣ»-ро аввалан зарур аст, дастовардҳои Тоҷикистонро тўли солҳои истиқлолият эътироф намоянд, агарчанде онро назаррас намедонанд. Албатта, мавҷудияти мушкилиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар Тоҷикистон касе инкор накардааст.
Мақсади дигари мубаллиғони ТТЭ ҲНИ дарёфти пулу сарватҳои муфт мебошад. Аз ин амали онҳо маълум мешавад, ки ин гурӯҳу созмонҳо барои ба даст овардани сарвату маблағи муфт тайёранд миллату давлати худро ба ночизтарин маблағ фурўшанд. Хулоса вақт довар аст,ки воқеан ТТЭ ҲНИ як сарчашмаи кинаву адоват аст!
Таърих гувоҳ аст, ки миллати мо ҳолатҳои хеле вазнин ва сангинеро аз сар гузаронида буд, ки маҳз бо «шарофати» чунин афроди демагог ба он дучор гардида буд ва имруз низ мақсадашон ҳамин аст. Баробари ин, қайд кардан зарур аст, ки ҳодисаҳои нангини солҳои 90- уми асри гузашта аз ёди ҳазорҳо сокинони кишварамон ҳанӯз зудуда нашудааст. Мардуми диёрамон як маротиба рўзҳои сахт, азобу шиканҷаҳо, сарсонию саргардонӣ ва ғаму андўҳҳои зиёдеро аз сар гузарониданд. Имрўз то чӣ андоза муҳим будани сулҳу салоҳ ва хотирҷамъиро дарк карданд, муйро аз хамир ва бадию хубиро ба зудӣ аз ҳам ҷудо карда метавонанд. Илова бар ин моро лозим аст, ки нисбатат ба солҳои қаблӣ сирати зишту нопоки саркардагони ин созмони фитнаангезро ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, ба хусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз макру дасисаҳои навбатии душманони миллат огоҳ созем. Бояд қайд кард, ки воқеан миллати мо бо муттаҳидӣ аз ҳамагуна мушкилиҳо метавонад раҳо ёбад ва ин ҳолат дар ягон сурат рўҳияи мардуми моро шикаста наметавонад. Хулоса қадам ба қадам мо ба бунёди давлати иҷтимоӣ ва пешрафта ноил гардида, амалњои хоинонаи раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ -ро мардуми кишвар пайваста ва доимо мањкум мекунад.
Ф.ҚУРБОНОВ ,
мудири бахши кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ