ТТЭ ҲНИ – КАЖДУМИ ТАГИ БУРЁ

Мусаллам аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо аксарияти кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ робитаи хуберо барқарор намудааст, ки барои рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд. Имрӯзҳо пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин ниҳодҳо ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, дар амал татбиқ мегарданд ва дар низоми нави ҷаҳонӣ мавқеъ ва нуфузи миллату давлати моро боз ҳам болотар мебарад. Вале, бархе аз нотавонбинону каждумони таги бурё, аз ҷумла, роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш Муҳаммадиқболи Садриддину Ҳусейн Ашўров, ки зиндагии осоиштаву рўзгори обод, фазои хурраму осуда ва хонаи тинҷу оромро пушти по зада, тарки Ватан карда, имрўзҳо кўшиш намуда истодаанд, ки боҳар роҳу восита бо чашми ғараз бар аҳли башар аз рушду пешрафти Тоҷикистон шикоят карда, бо ин васила маблағҳои бедардимиён ба даст оваранд. Пас аз манъи фаъолияти пасипардагиву иғвогароёна ва фитнаҷўёнаи ин тангназарон, ки бо омезиш бо номи поки дини мубини ислом ба роҳ монда мешуд, имрўзҳо ин хоинони миллат дар ошёни хоҷагони хориҷиашон лона гузошта, аз он тўтивор бар зидди Ватану миллат ва кишвари аҷдодиву бобоии худ санги маломат мезананд. Аз табори чунин хиёнатпешагони террорист Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин,Ҳусейн Ашўров ва дигарон ба ҳисоб мераванд, ки агар рўзе бар муқобили Тоҷикистон ва ё нафаре аз кишвар туҳмату буҳтон наяфкананд ором намегиранд. Ин бадандешон бо ҳар роҳу восита ҳамчун лошахўрони иҷтимоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ камин гирифта, бо лаҳни “нарму меҳрубонона” наврасону ҷавонон ва сокинони кишварро ба доми худ мекашанду ҳаёти босаодати онҳо ва зиндагии тинҷу осудаҳолонаи онҳоро ба коми бадбахтиву ноумедиҳо мебаранд.Чунончӣ, дар шаш моҳи аввали соли равон моҳи аввали соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуки кишвар 143 нафар шаҳрвандони кишвар бо гумони узвият дар созмонҳои мамнуъ ва террористиву ифротгаро дастгир шудаанд. Аз ҷумла ТТЭ ҲНИ -Паймони миллӣ 10 нафар , “Гурӯҳи 24” 13 нафар, “Ихвон-ул-муслимин” 3 нафар, ДИИШ – 26 нафар, “Салафия” 45 нафар, , “Ансоруллоҳ” 9 нафар, “Ҳизб-ут-таҳрир” 6 нафар, “Ал-қоида” 3 нафар, “Ҷамоати таблиғ” 8 нафар, Ҳаракати исломии Узбекистон 5 нафар ба ҷавобарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

Бо назардошти мисолҳои омории овардашуда, хулосабарорӣ намуда, қайд кардан зарур аст, ки ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ лозим аст, ки бетарафиро интихоб нанамояд, ёру дӯстон, хешу ақрабо ва ҳамватанонро аз макру ҳила ва найрангбозии ТТЭ ҲНИ – каждуми таги бурё огоҳ созанд.

ВАЛИЕВ А.,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *