ХИЁНАТ БАР ЗИДДИ ВАТАН БА САРГАРДОНИВУ ЗИЛЛАТ МЕОВАРАД!

Хушбахтона имрўз мо дар кишаври соҳибистиқлол дар як фазои тинҷию оромӣ, сулҳу ваҳдат, дўстиву бародарӣ ва хотир ҷамъ умр ба сар бурда истодаем. Лек афсўс, ки ҷомеаи имрўза аз шахсони ношукру хиёнаткор холӣ набудааст. Ба мисоли пайравону аъзоёни ТТЭ ҲНИ, Гурўҳи 24, равияҳои ифротӣ, аз қабили салафияву ваҳҳобия, ихвониву таҳрирӣ ва ғайраҳо, ки бештарашон хиёнат ба меҳани хеш мекунанд. Воқеан бадтарин амал ин хиёнат ба Ватан аст, ки Кабириву Муҳаммадиқол ва бештари пайравони наҳзатиҳо ҳамчун хоини Ватан дар таърих хоҳад монд. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бадхоҳони миллатанд, онҳо нафароне ҳастанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтодаанд. Бо ибораи дигар қайд менамоем, ки ба либоси Кабирӣ ва пайравонаш кайк даромадааст, чунки ин бадхоҳону душманони миллати тоҷик аз аввал ба пешрафту тараққиёти кишвар, сулҳу суботи пойдор назари нек надоштанду надоранд ва мақсадашон талоши мансаб аст. Имрўз Кабирию Муҳаммадиқбол ба худ хулосабарӣ накарда, боз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дасисаву суханбозиҳои ифротиро пеша кардаанд.

Ба душманони миллат гуфтанием, ки бо ин дасисаву суханбозиҳои навбатиатон чӣ мехоҳед? Мард бояд якрӯву якзабон бошад. Шумо чанд рӯву чанд забон доред! Агар мардона рафтор мекардеду миёнбанди тоҷикона дӯхташударо маҳкамтар мебастед, дар паҳлӯи мардони майдон истода, ба ояндаи Тоҷикистони аз ҷанги шаҳрвандӣ ба фаношавӣ наздикшуда тамоми ҳастии худро ба ободии рӯзгори мардуми хасташуда сарф мекардед. На гурезаву сарсону дарбадарӣ мисли гадоёни ангуштшуморанд ва ғайр аз талошҳои беҳуда ва суханпардозиҳои буҳтономези беасос дигар коре надоранд. Ин роҳгумзадагон бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону виҷдонашро ба боди фано супурда, ҳоло муваззаф шудаанд, ки пули гирифтаашро назди ҳоҷагонашон бо амалӣ навбатиашон ҳисобарорӣ кунанд. Онҳо айни ҳол дар паи иҷрои супориши хоҷагони худ ҳар сухани дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, бар муқобили миллату Ватан, ба давлати тоҷикон хиёнатро раво медоранд.

Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон боақлу тамизанд, кӣ будани шумоёнро медонанд. Шиори онҳо «Ба Ватани худ хизмат мекунаму обод менамоям!» аст. Онон ба дасисаҳои шумо баринҳо хиёнаткорони Ватан бовар намекунанд Бояд хотиррасон кард, ки хиёнат бар зидди Ватан амали нобахшиданист ва он ба саргардониву зиллат меоварад.

ҚУРБОНОВ Ф.,
ассистенти
кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *