Вақтҳои охир бахусус роҳбари ташкилоти террористӣ экстремистии ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакаш Муҳаммадиқболи Садриддин аз хориҷа истода, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бар хилофи мардуми тоҷик баромадҳои ифротӣ намуда, баробари ин нисбати роҳбарияти олиии кишвар ҳаргуна наворҳои сохтаро намоиш дода, тўҳмату сафсатагўӣ мекунанд. Тавре мебинем, хоинон бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо мебофанд. Ин кӯрони фонусбадаст мехоҳанд, халқи муттаҳиди кишварро аз нав ба сангару маҳаллҳо ҷудо кунанд. Кабирӣ ва Муҳаммадиқбол зимни баромадҳои ифроташон худро дилсӯзу ғамгусори миллат муаррифӣ менамоянд, аз амалҳои душманонаашон шармашон намеояд? Охир, ҳамагон кайҳо аз нияти баду ғаразноки ин шайтонсифатон огаҳанд. Дар ягон кунҷу канори Тоҷикистон, дар ягон маҳал ё деҳа заррае кўмаку дилсӯзии ин “ғамгусорони миллат”-ро касе надидааст. Вақте аз минбарҳо бо ваъдаҳои пуч ба миллати тоҷик муроҷиат менамоянд, аз амалҳои қаблиашон бояд андеша намоянд. Амалҳои ин беватанон, ки онҳоро ба тоҷик гуфтан забон намегардад, аз хориҷи кишвар истода, ба халқи худ, миллати худ санги маломат мепартоянд. Онҳо ба ин васила андешаи манфури худро баён мекунанд, хоин ва зархаридони хориҷӣ мебошанд.
Дар сатҳи байналмилалӣ тоҷик тоҷики дигарро бадном мекунад. Магар ин шармандагӣ нест!!! Мардуми тоҷик чӣ гуноҳ доранд, ки наҳзатиҳо номи миллати хешро сиёҳ мекунанд. Ин амали наҳзатиҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо аз хислатҳои неки инсонӣ фарсахҳо дуранд ва нисбати миллати тоҷик беҳурматӣ мекунанд. Ба чунин ашхос миёни ҷомеа ҷой нест. Хотирасон мекунем,ки барои мардуми фарҳангпарвари тоҷик пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек аз ҳама болотар аст. Баробари ин бояд ёдовар шуд, ки кадом шаҳрванди кишвар имрўз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо иѓовангезӣ нисбати миллату давлати хеш баромад мекунад? ! Шояд бошад, вале ангуштшумор !
Бояд хотиррасон кард, ки воқеан миллати тоҷик таърих ва фарҳанги бой дорад. Аз қадимулайём тоҷикон миёни оламиён ҳамчун миллати бофарҳанг ва дорои одоби баланд шинохта мешаванд. Ниёгони пурифтихори мо дар асарҳои мондагори худ ҳамеша моро ба роҳи ростӣ, доштани ахлоқи ҳамида, омӯхтани касбу ҳунар ва донишандӯзӣ ҳидоят менамуданд. Наҳзатиҳо бошанд, баракси ин таърих аст.
Кабирию Муҳаммадиқбол ва дигар аъзоёни ТТЭ ҲНИ барои худ то ҳол хулосаи заруриро набароварда, даст ба фитнаву иғвогарӣ ва аз ҳама бад ҷавонони аз асли воқеа ноогоҳро бо тамоми қувва мехоҳанд ба тарафи худ кашида бошанд ва дар интернет, ки як майдони васеъ ва беканоре аст дар аспи ҷаҳолати бодпо саворанду ба ҳар тарафе, ки хоҳанд меронанд, аммо бехабар аз он, ки онҳо радкардашудагони миллатанд ва аз онҳо миллат ва тамоми аҳли ҷомеа безор аст!
Хулоса, ба аъзоёну пайравони ТТЭ ҲНИ рўзҳои башумор мондааст ва алҳол раҳи адам гирифтаанд, гарчи баъзе аз аъзои боқимондааш дар хориҷа ҳанӯз доди адолат мезананд. Аммо таърих кори худашро мекунад. Чунонки шоире бисёр бамаврид гуфтааст:
Марг он набувад, ки гӯру чӯбат созанд,
Раҳгум заданат ба зиндагонӣ марг аст.
САИДХЎҶАЕВА М.
сармуаллими кафедраи
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ДДТТ