Мо, ҷавонони Донишкада зимни изҳоротҳои хеш борҳо нисбати баромадҳои мухолифин, аз ҷумла роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш андешаҳои хешро баён намуда, онро шадидан маҳкум карда будем. Имруз низ вобаста ба баёнияи тазоҳуроти навбатӣ, ки санаи 25-уми марти соли равон дар назди Бундестаги порлумони Олмон, дар Берлин баргузор шуд, ибрози ақида менамоем.
Мо, ҷавонони Донишкада зимни изҳоротҳои хеш борҳо нисбати баромадҳои мухолифин, аз ҷумла роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш андешаҳои хешро баён намуда, онро шадидан маҳкум карда будем. Имруз низ вобаста ба баёнияи тазоҳуроти навбатӣ, ки санаи 25-уми марти соли равон дар назди Бундестаги порлумони Олмон, дар Берлин баргузор шуд, ибрози ақида менамоем.
Бадхоҳони миллат дар худнамоишии навбатиашон вобаста ба сафарҳои эҳтимолии роҳбарияти кишвар дар кишварҳои Аврупо баромад намуда, боз худро мухолифин (оппозитсия)- и“ донову сиёсатмадор”, нишон дода, суханҳои бемантиқона дур аз ҳақиқатро баён доштанд. Бо баробари ин, 30 нафар зодагони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ)- ро ба тазоҳуроти навбатиашон ҷалб намуда, силсилаи эътирозҳо дар пайванд ба ҳодисаҳои Бадахшон андешаи носолим баён карданд. Бо ин васила ҷинояткороне, ки ба қазияи Хоруғ шомил буданд, пуштибонӣ намуданд. Дар робита ба ин, бояд ёдовар шуд, ки мо қаблан зимни изҳороту мақолаҳои хеш оид ба қазияи шаҳрҳои Хоруғ ва Роштқалъаи ВМКБ ва ному насаби саркардагони гуруҳҳои ҷиноятпеша иброз дошта будем, ки афроди ҷиноятпеша тамоми рушди Бадахшон дар замони исиқлолиятро дидаву дониста сарфи назар намуда, ба эљоди ҳисси норозигию эътироз миёни мардуми Бадахшон ва ноором сохтани вазъияти Тољикистон дар ин масъала таблиғоти ғаразнок ба роҳ гузошта буданд, ки ба ҳама маълуму аён аст ва хоҷат ба баён нест! Баробари ин, бояд қайд кард, ки як рӯз пеш аз баёнияи тазоҳургарон, яъне 24 марти соли ҷорӣ, ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин ва бинои Вазорати корҳои хориҷии Олмон ҷамъ шуда, озодии Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддин Саидов, яке аз фаъолони ҲНИ-ро хостанд. Хуллас бадхоҳони миллат имрӯз бо гуфтаашон “зиндониҳои сиёсӣ”, умуман ҷинояткоронро пуштибонӣ мекунанд. Бояд ёдовар шуд, ки афроди ҷинояткор тибқи қонунҳои амалкунандаи кишвар бо иқрору исбот ва далелҳои раднашаванда ба ҷавобгарӣ кашида шуда, ба мӯҳлати муайян аз озодӣ маҳрум гаштааанд.
Хулоса имрӯз мо ҷавонони ватандӯст ба тазоҳуроти навбатии хоини миллат баҳои дурусти худро медиҳем ва онро махкум менамоем! Мо минбаъд низ ҳушёрии сиёсии хешро аз даст надода, намегузорем, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ ва думраваш тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва баёнияи тазоҳургарона дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намуда, вазъияти кишвари соҳибистиқлоламонро ноором созанд.
Дар фарҷоми изҳороти хеш, иброз менамоем, ки воқеан таърихи давлатдории навини тољикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна мољароро гирад. Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Ин аст, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси ватандӯсту меҳанпарварӣ равшандил!