Яке аз зуҳуроти хатарноке, ки дар ҷомеаи муосир ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст, терроризми байналмилалӣ мебошад.
Мафҳуми террор аз вожаи лотинӣ «terror» баромада, дар забони тоҷикӣ мазмунан маънои тарс, даҳшат, ҳаросро ифода мекунад.
Махсусан дар садаи XXI терроризм ба ҳар шаклу восита доман паҳн намуда, хатари бештарро ба бор овардааст.
Аз ин нуқтаи назар ҳар як нафар аъзои ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки нисбат ба хатарҳои ҷомеаи ҷаҳони муосир бетараф набошанд.
Љумҳурии Тоҷикистон аз қабили давлатҳои муборизабарандаи фаъол бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад. Зеро доманаи терроризм васеъ буда, ҳеҷ як давлат аз хатарҳои он эмин буда наметавонад.
Гузашта аз ин қувваҳои бадхоҳу таҳрибкор ба ҳар роҳу восита мехоҳанд, ба сулҳу субот ва оромӣ халал ворид намоянд.
Аз зумраи ташкилотҳои экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ба ҳисоб меравад, ки амалаш ҷинояту ҷинояаткорист.
Ин ташкилоти экстремистию террористӣ бо мақсади анҷом додани амалҳои ғаразнок ва зиддидавлатӣ ҳанӯз аз давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бо сарпарастии хоҷагони хориҷии худ ба ҷиноятҳои вазнин даст зад.
Ин буд, ки ТЭТ ЊНИ моҳи сентябри соли 2015 бо дасти генерал, собиқ мувоини вазири мудофиаи Љумҳурии Тоҷикистон кӯшиши табаддулоти давлатӣ намуд.
Дар натиҷаи фаълияти дастаҷамъонаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ин гурӯҳи табаддулотгарон безарар гардонида шуданд.
Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ бо баробари хиёнату хиёнаткорӣ имрӯз дар хориҷи кишвар паноҳ бурда бо унвонҳои гуногун ташкилоту созмонҳо таъсис дода истодааст.
«Паймони миллӣ», ки роҳбари он М. Кабирӣ аст аз зумраи онҳост. Аслан Паймони миллӣ ин ҳамон ТЭТ ҲНИ аст, ки зери номи нав мехоҳад фаъолияти террористии худ ва ҷиноятҳои содирнамудаашро пинҳон намояд. Бо иваз кардани номи худ ТЭТ ҲНИ ҳадафҳои ҷиноятии худро тағйир намудааст.
Қаблан аз ҷониби ин ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ як қатор созмонҳои ҷиноятпеша таъсис дода ба дурӯғгӯию иғвогарӣ таввасути сомонаҳои интернетӣ машғул буд. Ин гурӯҳҳо бо номҳои форуми озодандешони Тоҷикистон, Ҳаракати рушду ислоҳот, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳоди Аврупо маълум буданд. Ҳамаи ин гурӯҳҳо ин ҳамон ТЭТ ҲНИ мебошанд, ки бо мақсади анҷоми кирдорҳои зишту ҷинояткорона таъсис дода шуданд.
Ҳамин тавр, Ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ бо сарпарастии бевоситаи хоҷагони хориҷии худ ба ҳар роҳу восита кӯшиш менамояд, ки ба сулҳу субот, оромии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад.
Аммо барои ҳар яки мо сулҳу оромӣ, истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ азизу муқаддас буда, барои абадияти он ҳиссаи арзандаи худро мегузорем.
Ҳамроев Бахтиёр
муаллими калони
кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ