Изҳороти кафедраи математика ва технологияи инноватсионии ДИС ДДТТ оид ба ТЭТ ҲНИ ва дигар гуруҳҳои ифротгаро, ки мехоҳанд Тоҷикистонро ба гирдоби ҷангу ҷидолҳо кашад

Мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаргиз воқеаҳое, ки дар солҳои аввали ба даст даровардани Истиқлолияти давлатӣ сар заданд, фаромӯш нахоҳанд кард. Ҳамагон медонанд, ки пойдории сулҳу субот дар кишвари азизамон яке аз муҳимтарин заминаҳои таҳкими давлатдории навини тоҷикон аст.

 Аз ин лиҳоз, имрўз мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пешрафти боустувори ҳамаҷонибаро интихоб карда, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар ояндаи наздик кишвари мо низ ба сафи давлатҳои мутараққии ҷаҳон шомил гардад. Яке аз шартҳои расидан ба ин ҳадафи бузург бошад, чӣ тавре ки қайд намудем –  ин таъмини фазои сулҳу амният мебошад, ки бидуни он бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд имконпазир аст. Мақсадҳое, ки мо пеши худ мегузорем бояд  доимо ба манфиати давлат ва миллати мо ҷавобгў бошад, зеро танҳо дар ҳамин  сурат мо метавонем ба ҳадафҳои стратегии худ бирасем. Ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳо, аз ҷумла ҳизбу ҳаракатҳои исломие, ки дар ҷаҳони исломӣ вуҷуд доранд, гарчанде бисёре аз онҳо даъвои сохтани Хилофати умумиҷаҳонии исломӣ мекунанд, ҳама қудратхоҳ мебошанд ва ҳеч гоҳ ба хотири ҳадафи ягона муттаҳид намешаванд. Ба ҳамин хотир, сармоядорони ғарбӣ дар кишварҳои исломӣ ҳизбу ҳаракатҳоеро дастгирӣ мекунад, ки ҳувияти исломии мардумро афзоиш медиҳанд, сатҳи саводнокии мардумро коҳиш медиҳад ва дар давлатдории исломи сиёсиро чун ягона дурнамо пешбинӣ мекунад.

ТЭТ ҲНИ низ зода ва парвардаи ҳамин геополитика мебошад. Ҳаракате, ки дар солҳои 1970-ум бо ташаббуси Ихвон ул- муслимин ташаккул ёфтааст. Фаъолони ин Ҳизб исломро аз нуқтаи назари ихвонии Саид Қутб ва Ҳасан Банно ва китобҳои онҳо шинохтаанд. Афсонаи “сиёсати сабр”-е, ки роҳбари Ҳизб – Муҳиддин Кабирӣ тўли фаъолияташ талқин мекунад, ба усули “қадам ба қадам”-и Ихвон-ул-муслимин шабоҳат дорад.Тибқи ин усул, исломиҳо бояд аввал шароити инқилобро ба вуҷуд оранд ва пас инқилобро роҳандозӣ кунанд. Ҳар  нафаре, ки ақли солим дорад, дарк мекунад, ки мушкилиҳоро бо ҷангу куштор ҳал кардан намешавад. Барои пешгирии зуҳуроти экстремистӣ  ва террористӣ ба масоили ташаккули шахсияти таҳаммулпазир тавсияи корҳои равонӣ,  ки барои пешгирии хушунат мусоидат менамояд  маҳдуд намудани онҳо аз дастгириҳои дохилӣ ва берунӣ, ошкор ва нест кардани сарчашмаҳои маблағгузорӣ, рушди сиёсати давлатӣ, мубориза бо терроризм ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоию сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм бояд тавваҷўҳи бештар зоҳир карда шавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми зуҳуроти номатлуби замони муосир, хусусан терроризм ва экстремизми диниро маҳкум менамояд.  Дар тавсифи кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи мақсадҳои терроризм чунин омадааст: Мақсади ибтидоии терроризм халалдор  сохтани амнияти ҷамъиятӣ,  тарсонидани одамон ба воҳима  ва таҳлука овардани анолит буда,  тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Гарчанде, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои  кудратӣ мебошад, дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Омузгоронро лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаҳои мазкур бештар диққат диҳанд.  Ҳисси нафрат ва бадбиниро  нисбати терроризм ва экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуб бедор намояд.  Ин ҳизб дар фаъолияти хеш ҳеҷ гуна идеологияи дурнамо, мавқеи муайяне дар масъалаҳои миллӣ, илмию фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ғайра надошт.

Барои ҲНИ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд. Бинобар он мо шаҳрвандон набояд зиракии сиёсиро аз даст дода, фирефтаи чунин равияҳо гардем. Тоҷикистони азизамонро нагузорем ба вартаи ҷанг оғўшта гардад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *