ТТЭ ҲНИ ва андешаҳои иғвогаронаи онҳо дар хориҷи кишвар

Аз замони барҳамхӯрии ТТЭ ҲНИ соли сеюм сипарӣ мешавад. Ин ташкилоти террористӣ, ки аз роҳҳои қонунӣ қудрати сиёсиро ба даст оварда натавонист ва соли 2015 фаъолияташ қатъ гардид, бо роҳҳои истифода аз силоҳу аслиҳа роҳбарони он хостанд дубора кишварро ба хуну хок даромезанд. Ин табаддулоти наҳзатиҳо сабаби бори дигар ноором шудани фазои кишвар гардид. Ташкилкунандагони ин ҳизб ки дар тули фаъолияти хеш ягон кореро ба ғайр аз хиёнат ба миллат ба анҷом нарасонида буданд ва ҳамеша мақсади онҳо зидди озодӣ ва истиқлоллияти миллӣ буд бори дигар ба миллат хиёнат намуданд. Он замон мардуми кишвар дар марҳилаи омодагӣ ба ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурӣ қарор дошт. Ба ин нигоҳ накарда наҳзатиҳо дар арафаи ин ҷашн ба табаддулоти дуюмини давлатӣ даст заданд. Ташкилкунандагони ин ташкилоти террористӣ, экстремистӣ гумон мекарданд, ки амалиётҳои онҳо аз тарафи ҳалқ дастгирӣ карда мешаванд ва онҳо рафторҳои бадкирдоронаи худро, ки солҳои 1990 содир карда буданд бори дигар такрор менамоянд. Хушбахтона наҳзатиҳо ба нияти бади худ нарасиданд мардуми шарифи Тоҷикистон бар зидди онҳо бархостанд, зеро ҷиноятҳои зиддиинсонии ин ташкилоти террористӣ сабаби ҷанги шаҳрвандӣ гардида боиси марги 150 ҳазор сокинони кишвар шуда буд, ки он ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.

Роҳбарони ТТЭ ҲНИ ҷоҳталабонаю мақомхоҳона аз дини мубини ислом сӯиистифода намуда, аз худ чеҳраҳои сиёсӣ вонамуд мекарданд. Вале акнун аҳли ҷомеа ҳамаи найрангҳои онҳоро медонанд. Наҳзатиҳо аз миллату мазҳаб ҳарф мезананд, аммо аввалин хиёнатро ба миллату мазҳаб карданд. Хиёнати ТТЭ ҲНИ ба миллат он аст, ки ба хотири манфиатҳои молиявӣ иродаи кишварҳои бегонаро зидди миллату ватани худ амалӣ мекунад. Як бозичаи сиёсӣ дар дасти доираҳои хориҷии манфиатдор аст. Наҳзатиҳо динро ҳам ба як омили хатарноки ҷомеа табдил додаанд.

Хушбахтона, аз солҳои 2000-ум мардуми Тоҷикистон дар фазои оромию осоиштагӣ умр ба сар мебаранд ва зина ба зина иқтисодиёти миллии кишвар рушд карда истода масъалаҳои иҷтимоӣ ҳалли худро ёфта истодааст. Ҳамаи мушкилотҳо метавонанд танҳо дар сулҳу осоиштагӣ ҳалли худро ёбанд. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди миллатро зарур аст бо масъулият ва содиқона вазифаи хешро ба анҷом расонад. Сулҳу суботи кишварро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорад ва бар зидди душманони миллат муттаҳид бошанд.

Ҳошимова Машҳура,
устоди кафедраи
молшиносии ДИС  ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *