ТТЭ ҲНИ ҲИЗБИ БЕБУНЁД ВА ИҒВОГАР АСТ!

         Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди тундгароӣ,  ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ (терроризм) ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксаран ин амалҳо  зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд.

Хусусиятҳои равандҳои зикршуда ва афзудани шумораи одамони ба ин гурӯҳҳои  номатлуб шомилшуда, бо роҳи  ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Намояндагони гурӯҳҳои даҳшатафкан, ба мисли ҲНИ дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои  дунявӣ ва диниашон кифоя набуда, дар зиндагӣ бо мушкилотҳои ба монанди қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва монанди ин дучор шудаанд. Бо назардошти он тағйироти афкору рафтори афроди ҷалбшаванда, тадриҷан ноаён сурат мегирад ва зери ниқоби асосҳои диние, ки ба тарзи шубҳанок тафсир мешаванд, атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро пай баранд ва дар натиҷа фурсатеро, ки дахолат кардан ва дигар кардани ҳолат имкон дорад, аз даст медиҳанд.Дар натиҷаи дониставу надониста аз номи дини мубини ислом ҳарф задани аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба шаъни ин дини муқаддас дар сатҳи байналмилалӣ низ иснод оварданаш ба назар мерасад. Қаблан собиқ Ҳизби наҳзати ислом ба сифати ҳизби характери динӣ дошта эътироф мегашт ва дар гузашти вақт амалҳои нопокаш фош гардида, ташкилоти динӣ набуднааш тасдиқи худро ёфт, ки ба ин ягон шубҳае нест. Ин гуфтаҳо воқеан дар филми ҳуҷҷатӣ бо номи “Хиёнат”тасдиқашро ёфт, ки хешовандони М.Кабирӣ, ба мисоли додарарӯсаш бо номи Муҳаммадалӣ Раҳматуллоев, ронадааш Ҳикматулло Сайфов бо мисолҳои амиқ М.Кабириро зери эроди ҷиддӣ қарор дода, ба гуноҳҳои содиркардаашон иқрор шуданд. Боз чеҳраи манфури назҳатиёни иғвогар аён шуд. Назҳатиён бидонанд, ки вақт довар аст!

Хулоса  дар интиҳои мақолаи хеш такроран таъкид мекунем, ки ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун гурӯҳи ифротгаро ва террористи иғвогар  шуморида, бори дигар маҳкум мекунем.

 

                                                              Маҳмудова М.-ассистенти кафедраи

                                                                назарияи иқтисоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *