ОЗОДИИ СУХАН ХУБ АСТ, ВАЛЕ…

       Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаҳои давлатӣ демократӣ ва ҳуқуқбунёд мавҷуд буда, принсипу нишонаҳои он дар санадҳои меъёрӣ кафолат дода шудааст. Яке аз принсипҳои асосии давлати демократӣ ва дунявӣ ин озодии воситаҳои ахбори омма, озодии сухан мебошад. Озодии сухан дар он зоҳир мегардад, ки шахс бе ягон таҳдид озодона фикру ақидаи худро баён сохта, ҳуқуқу озодиҳои худ ва дигаронро ҳифз намояд. Ин ҷо мо дар мавриди тақдири як нафар шаҳрванди Тоҷикистон, сокини ноҳияи Спитамен Сайфиддин Тоҷибоев мисол меорем, ки бо дассисаву фиреби роҳбари ТТЭ ҲНИ ба Сурия рафта, шахсан дар воқеаҳои хунини террористӣ ширкат намудааст. Воқеан ТТЭ ҲНИ қаноти Осиёи Миёнагии ДИИШ буда, имрӯз бо далелҳои рӯшан собит шуда истодааст, ки Муҳиддин Кабирӣ ба унвони “Амир” ин қанотро роҳбарӣ мекунад. Ин як далеле ба шумор меравад, ки робитаи байни ТТЭ ҲНИ-ро бо ДИИШ нишон медиҳад. Имрӯз на ин ки аъзоёни ин ташкилот дар кишвари Сурия қарор доранд, шахсан худи Кабирӣ низ аз роҳбарони ДИИШ супориш гирифта, онро дар қаламрави Осиёи Миёна татбиқ менамояд.

Ба кирдору рафтори наҳзатиёни бенангу беномус назар афканда, сад бор тавба карда, аз чунин тоифа худро дар канор бояд гирифт. Умуман ҷавонони кишвари азизамон ҳеҷ гоҳ ба роҳи онҳо намеравад, вале, мутаассифона дар байни онҳо баъзе бесаводу бемаърифатҳо пайдо мешаванд. Ҷавонони азиз ҳеҷ гоҳ ба фиреби ТТЭ ҲНИ, салафия, Алянси Миллӣ бовар накунед! Имрӯз вазифаи мо- шаҳрвандони ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он иборат аст, ки бар зидди ақидаҳои ифротии терористон баромада, ҷаҳонро аз ин нопокӣ ва олудагиҳо пок созем. Шукронаи нафаси осудаву кишвари пойдори сулҳ намуда, баҳри пешравиаш бояд кӯшиш намуд. Худро аз ҳар гуна равияву гурӯҳҳои ифротгароӣ дур намуда, барои пешгирии амалҳои номатлуб ҷидду ҷаҳд намуд. Ояндаи халқу Ватани мо – тоҷикон дар дасти худи мост!

                                                         Дилафрӯз Ҳомидова.

                                           корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *