ШУҒЛИ ВАТАНФУРӮШОН БЕРУН АЗ ВАТАН

Бисёр аламовар аст, вақте  мешунавем, ки як қисм ҷавонони тоҷик бар ҳар гуна ҳаракату равияҳои ифротгароӣ ҳамроҳ гардида, ҷони ҳудро дар кишварҳои бегона, баҳри манфиатҳои дунёхоҳон беҳуда қурбон месозанд. Кас ҳайрон мешавад, ки ба ин гуна ҷавонон чӣ намерасад ? Охир дар кишварамон барои таҳсилу фаъолият тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Ба ин суол посух додан ягон мушкилие нест.Яке аз сабабгори асосии ин ҳаводис ташкилотҳои террористӣ мебошанд. Чунончӣ, имрӯзҳо фаъолияти ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дар кишварҳои ғарбӣ худро ҷабрдидаи сиёсӣ ва намояндагони қувваҳои демократӣ муаррифӣ намуда, бо фиребу найранг аз ин кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ садҳо ҳазор доллар кӯмак мегиранд. Ин ҳақиқат собит месозад, ки баъзе аз кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ низ огоҳона ё ноогоҳона терроризм ва экстремизмро маблағгузорӣ мекунанд. Агар пеши роҳи ин ташкилоти террористӣ ва хоҷагони хориҷиашон гирифта нашавад, боз бадбахтиҳои зиёдеро бар сари ҷавонони гумроҳу фиребхӯрдаи миллати тоҷик меорад.

Бо баробари ин такрор ба такрор таъкидан қайд кардан зарур аст, ки имрӯз дар ҷаҳон ҳар таркишу куштореро, ки террористон анҷом медиҳанд ва ҳар кори зиддибашариро, ки тарҳезӣ мекунанд, ба номи ислом рабт медиҳанд. Душманони ислом бо ин рафторашон  меҳоҳанд номи поки исломро доғдор кунанд. Дар иртибот ба ин аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ баён кардаанд, ёдовар шудан хело бамаврид аст: «Ислом дини мукаддас аст. Ҳадафу мақсадаш сулҳу осоиштагӣ ва аҳлоқи ҳамида мебошад. Террорист дин, ватан, модар надошта барои ӯ мукаддасоте вуҷуд надорад». Пас зарур аст, ки ҷавонони кишвари мо дар хусуси зишти ногувор будани терроризм ва экстремизм бештар донанд ва аз зебоиҳои дину оини мазҳаби суннатии ҳеш – мазҳаби Имоми Аъзам Абуҳанифа огаҳии комил дошта бошанд.

Мо ба ҷавонон ва умуман насли даврони истиқлол муроҷиат намуда, хоҳиш дорем, ки фирефтаи ҳар гуна ваъдаҳои осмонии намояндагони  гуруҳҳои ифротӣ нашаванд. Умри ҷавони худро бармаҳал хазон насозанд. Илму ҳунар омӯзанд. Чун насли шоистаи даврон дар пешрафту гулгул шукуфоии Ватани хеш саҳмгузор бошанд.

Ҷонназарова Д.Х.-муовини директор

 оид ба тарбия ва рушди ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *