ТТЭ ҲНИ –ИБЛИСИ МАЛЪУН

Солҳои охир ҷараёнҳои иртиҷоӣ ба монанди терроризм, ифротгароӣ ва дигар равияҳои ифротӣ  дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон батадриҷ доман паҳн намуда, ба омили асосии мураккабшавии муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтаанд. Амалҳояшон бештар дар байни кишварҳо тухми адовату душманӣ кошта,  дар миёни гурӯҳҳои иҷтимоию миллӣ нобоварию бадбиниро ба вуҷуд меоранд. Масалан раҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва думравонаш мебошад, ки  ҳоло бо пуштибонии хоҷагонашон дар хориҷи кишвар иқомат дошта, корашон фақат нисбати кишвари соҳибистиқлоламон дасисабозию иғвогарӣ аст. Ин ҳизби бадхоҳ ва думраваш – “Гурӯҳи 24” имрӯзҳо бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ё facebook, You Tube, Viber “Ҳамсинифон” (Одноклассники) дар сомонаҳои ифротиашон бо навбат ҷилвасозӣ намуда, мисли пештара ба суханпардозиву дурӯғпаҳнкунӣ машғул шуда, пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар ҷаҳду талош дошта, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Баробари ин, бо истифода аз қишри ҷавонони камсаводу бекор, дорои маърифати пасти динию дуняви дошта, муҳоҷирони меҳнатӣ қарор доштаро бо роҳи фиреб ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳиёнаткорӣ пеша намудан кўшиш доранд.

      Зимни андешаҳои хеш борҳо зикр карда будем, боз қайд менамоем,ки имрӯз мардуми борору номуси кишвар бохабаранд, ки аъзоёну думравони ТТЭ ҲНИ, зери роҳбарии Кабирӣ, кистанд ва чӣ ният доранд.  Таърих гувоҳ ва вақт довар аст,ки рафтору гуфтори  раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ  нисбат ба ҳар воқеияти ҳаёти ҷомеаи орому осудаи кишвари соҳибистиқлоламон шаҳодат медиҳанд, ки ин тоифа наметавонанд ҳарфе бидуни ғараз гӯянд. Чунки ақлу тамиз, адлу инсоф, фаҳму фаросот онҳоро тарк кардаасту нафси худ ба Иблиси малъун фурӯхтаанд. Хулоса ин ҷо дигар ба шарҳу тафсири масъала ҳоҷат нест ва дар интиҳои андешаи хеш қайд менамоем, ки роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони хориҷиашон, умуман иблисони малъун фаромӯш кардаанд, ки халқи Тоҷикистон дигар ба макру фиреби як даста хоинҳои ватанфурӯш намефтанд ва онро доимо шадидан маҳкум менамоянд. Мо имруз баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроёнаи ТЭТ ҲНИ камари ҳиммат баста, бар зидди андешаҳои бебунёду амалҳои душманону бадхоҳони миллат муборизаи беамон бурда, намегузорем фазои ороми муқаддаси кишварамонро ғуборолуд созанд.

 

 

А. ВАЛИЕВ , ассистенти кафедраи

 иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *