ГУРУҲҲОИ НОСОЛИМИ ҶОМЕАИ ИМРӮЗА

 

Ба ҳамагон возеҳ аст, ки тайи солҳои охир доираи хатару таҳдидҳои аз терроризиму ифротгароӣ бароянда мунтазам васеъ гардида, ин зуҳуроти ҳаробиовар боиси оқибатҳои даҳшатбор мегарданд. Бояд қайд кард, ки бидуни дарки ҳадафҳои аслии созмону гурӯҳҳои ифротиву террористӣ, баъзе воситаҳои ахбори омма барои роҳбарони онҳо минбар ё дигар имконияти ибрози матлабро фароҳам меоранд. Ин гуна руйкардҳо, ба андешаи мо, ғайрисозандагӣ буда, гуруҳҳои носолимро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таблиғу ташвиқ менамоянд. Дар иртибот ба ин, мисол меорем, ки ҳоло раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ, ва ё бо номи “Паймони миллӣ”, “Гуруҳи 24” асосан бо пуштибонии хоҷагон, укмуман бархе давлатҳо дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфтаанду имрӯзҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаҳо, аз ҷумла бо номи “Минбари муҳоҷир”, “Ҳақ ва ботил” ва амсоли ин баромадҳои ифротӣ менамоянд. Бадхоҳони миллат дар барномаҳои ифротиашон асосан зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дини мубини Ислом ҳарф мезананд ва амалҳову аъмоли худро аҳкоми динӣ мешуморанд, ки ин пеш аз ҳама, ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум равона мегардад. Ин гурӯҳакҳои носолими беватан чун тўтӣ дар ҳар баромадҳои ифротиашон такор ба такрор асосан масъалаҳои зеринро ихтиёри худ кардаанд: Зиндониёни сиёсиро озод кунед. Фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ва гурӯҳи ҷунбишҳо озод бошад. Нодида гирифтани дастовардҳои кишвар ва нодуруст маънидод кардани сафарҳои роҳбарияти олии кишвар ва ҳоказо мебошанд. Гуруҳаки носолими имрӯза бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд.

Хулоса, раванди босуръат дигаргун шудани ҷаҳон аз ҳама зиракию ҳушёрӣ ва ватандӯстию садоқат ба Ватанро талаб мекунад, ки мутааассифона ҳоло бархе муҳоҷирони меҳнатӣ, хусусан ҷавонон, ки дар фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ шудаанд Дар робита ба ин мисол меорем,ки дар соли сипаригардида 97 нафар, аз ҷумла 18 гумонбар ба терроризму ифротгароӣ аз кишварҳои хориҷӣ ба Душанбе истирдод шудаанд.Баробари ин, бояд қайд кард,ки соли гузашта дар Тоҷикистон 1200 ҷинояти вобаста ба терроризму ифротгароӣ сабт шудааст. Аз ин рақамҳои оморӣ ба хулоса омада, қайд кардан зарур аст, ки бояд ҷавонон ҳақиқатро дарк карда, аз суботи давлат ва муносибати давлатӣ огоҳии том дошта, роҷеъ ба ҳар гуна гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маълумот дошта бошанд. Умуман авзои имрўзаи љомеаи љаҳонӣ моро водор месозад, ки дастаҷамъона ба тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ҷиддитар машғул гардида, пеши роҳи ҳама гуна гаравиши ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгаро ва доми найрангу фиреби хоҷагони ин равияҳоро гирем. Имрӯз ҷавонони даврони соҳибистиқлол бояд дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъолро ба роҳ мондан, тақозои замон аст!

  Д. ШАРИПОВ ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *