ОМОЛИ ХИЁНАТКОРОНИ МИЛЛАТ ДАР СИМОИ ТТЭ ҲНИ

Мусаллам аст,ки имрўз бештари собиқ аъзоёни  Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ), аз роҳбар то аъзоёни он бо пуштибонии хоҷагонаш ва тарафдоронаш дар хориҷи кишвар паноҳ ёфтаанд ва номи ҳизбро  “Паймони миллӣ…“номгузорӣ карда, бо ҳар роҳу восита мақсадҳои нопокашонро амалӣ созанд.. Мо калимаи “Тоҷикистон”-ро хамроҳ накарданро зарур мешуморем. Калимаи Тоҷикистон барои мо муқаддас аст. Набояд ҳизби хоинони ифротӣ онро истифода кунанд ва ҳақ надоранд, ки аз номи кишвари соҳистиқлоли Тоҷикистон сухану баромадҳо намоянд.Чунки раҳбарияту ҳаммаслакони имруза “Паймони миллӣ” бо ивази маблағ  ба Ватан хиёнат кардааанд.  Воқеан “Паймони миллӣ” худсохтаи  ҲНИ-и хиёнаткор мебошад, ки мо  бо номи ТТЭ ҲНИ мешиносему онро шадидан маҳкум менамоем.

 Агар нисбати раҳбари он Муҳиддин Кабирӣ гуфтанӣ шавем, мо медонем, ки ӯ ба ишқи пулу мол гирифтор шудааст ва  чунин афрод метавонад дар як лахза Модар-Ватани худро фурӯшад. Агар аз ибтидои фаъолияти рахбарияти ҳизби иғвогару бадхоҳ назар афканем, аслан бешубҳа онҳо ба пешрафту тараққиёти кишвари мо, сулҳу суботи пойдор назари нек надоштанд ва  имрӯз низ пеш аз ҳама барои манфиати шахсӣ мақсад доранд, ки вазъияти кишварро тағйир диҳанд. Мақсади дигари муассисону мубаллиғони ТТЭ ҲНИ  дарёфти пулу сарватҳои муфт мебошад. Умуман раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ аз пешравиҳову дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон озурдахотир гардида, зимни чоплусиву бегонапарастӣ камбудиҳои ночизи кишварро мавриди таҳқиру писханди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор медиҳанд. Аммо, бадхоҳони миллат бехабаранд, ки мардуми солимақли кишвар шоҳиди он аст, ки фаъолияти душманонаи ТТЭ ҲНИ имрӯзҳо асосан дар мисоли пешбурди ҷанги иттилоотӣ, бо роҳи таъсиси сомонаҳову дигар васоити ахбори дасисабоз дар фазои иттилоотӣ мавриди ташвиқу тарғибро ба роҳ мондаанд.

Пӯшида нест, ки дар кишварҳои Аврупо дар мадди аввал иқомат доштан, душвориҳо ба миён меояд ва он гаронбаҳо аст, агар пули бедарди миён ва ё пуштибонӣ дошта бошад. Маблағгузориву пуштибонии  хоҷагони хориҷӣ аст, ки  роҳбарияту аъзоёни  ТТЭ ҲНИ  боз кӯшиш доранд ба майдони сиёсӣ ворид шавад. Хулоса ин ҷо дигар ба шарҳу тафсири масъала ҳоҷат нест ва дар фарҷоми андешаи хеш қайд менамоем, ки роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони хориҷиашон  фаромӯш кардаанд, ки халқи Тоҷикистон дигар ба макру фиреби як даста хоинҳои ватанфурӯш намефтанд ва онро доимо шадидан маҳкум менамоянд. Мо  имруз баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроёнаи бадхоҳони миллат муборизаи беамон  мебарем ва  барои оромиву суботи кишвар ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ саҳмгузор ҳастем!

М.АХМЕДОВ ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *