МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗИМУ ЭКСТРЕМИЗМ ВАЗИФАИ ТАМОМИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ МЕБОШАД!

Дар асри 21, ки асри илму технологияи муосир ном бурда мешавад, рӯйи кор омадани воситаҳои гуногуни техникаю технология ва дастрасии оммаи васеи мардум ба фановариҳои замони нав, дар баробари пешравиҳою сабукиҳо дар рӯзгор, мутаасифона доманаи амалҳои хатарзоро низ бештар кард. Албатта ин ба маънои он нест, ки аз дигаргуниҳои олами технология ҳаросамонро бештар созем ва аз истифодаи онҳо, ки кору зиндагиро садҳо маротиба осон намудааст, рӯ гардонем. Баръакс дар шароити имрӯз аз он бояд ба таври васеъ истифода барем ва манфиати бештар ба даст биёварем. Вале мушоҳидаҳо собит месозанд, ки бо таъсири интернет, шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ, иддае аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳ ба доми гуруҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат менамоянд. Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд.

Таҳлили равандҳое, ки тайи солҳои гузашта ба вуқӯъ пайваст ва иддае аз ҷавонони тоҷик шомили ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар хориҷи кишвар гардиданд, нишон медиҳад, ки қисми бештари онҳо маҳз тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ба доми маккоронаи ин гуна ташкилотҳо афтида, оқибат пушаймон гардидаанд.  Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем,ки моҳи декабри соли 2021 донишҷӯи технологиии Русия аз ҷониби мақомоти қудратии Русия боздошт гардид, ки миёни ҳамсолонаш ғояҳои ҷиноии ДИИШ-ро тарғиб мекардааст. Ҷавони раҳгумзада, яке аз шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, борҳо кори ҷангии ДИИШ-ро сафед карда, ба бунёди хилофат дар Ироқу Сурия даъват менамуд. Мисоли дигар, тибқи расонаи хабарии “Sabah”-и давлати Туркия,  як нафар шаҳрванди кишварамон дигаре шаҳрванди кишвари Осиёи Марказӣ бо аъзоёни  ДИИШ ҳамкорӣ намуда, дар шаби Соли нави милодӣ-2023 дар ҳудуди шаҳри Истамбул барои содир намудани амалҳои террористӣ омодагӣ дида буданд, ки оқибат аз љониби мақомоти дахлдори Туркия дастгир карда шуданд.

        Бояд қайд кард, ки ҳарчанд солҳои охир пас аз талошҳои зиёд ва анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ, шумораи онҳое, ки ноогоҳона қасди пайвасатан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротагроро доранд, коҳиш ёфтааст, аммо ин ҳолат то ҳанӯз наметавонад хатари ин зухуроти манфиро аз байн бурда бошад. Чунки ҳамарӯз вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли тағийр ёфтан асту равандҳои мураккаб ва печидатаре дар ҳоли ба вуҷуд омадан қарор доранд. Бинобар ин, дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту меҳанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, бахусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, бояд бидонад, ки дар симои терроризм ва экстремизими байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонанд. Бинобар ин, хотиррасон кардан зарур аст, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм вазифаи танҳо хадамоти махсус ва давлатҳои алоҳида набуда, балки вазифаи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мёбошад. Аммо новбаста аз ин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм қарор дошта, онро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва ҷаҳон медонад. Дар ин баробар шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти онҳо дар ин самт мебошад.

Ҷ.Ҷӯраев,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *