ТТЭ ҲНИ  – ХОИН ВА ЗАРХАРИДОНИ ХОРИҶӢ

Имрӯзҳо як қисмат бадхоҳони кишвар дар кишварҳои Аврупо баъд аз аёну исбот гардидани амалҳои номатлубашон фирорӣ шуданд. Чунончи роҳбаряиту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ, ки аз оғози фаъолиятаашон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, намехостанд, ки Тоҷикистони азиз рушду тараққӣ намояд. Даъвоҳои раҳбарияту кунунии ТТЭ ҲНИ чун солҳои 90-уми қарни гузашта пучу бедалел буда, ба Афғонистони дуюм табдил додани Тоҷикистони осуда аст. Бо ин роҳ  муассисону мубаллиғонаш танҳо дарёфти пулу сарватҳои муфт ба даст овардан аст. Раҳбарияти ТТЭ ҲНИ айни ҳол дар паи иҷрои супориши хоҷагони худ ҳар сақату кизбу дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, бар муқобили Миллат, Ватан ва Давлати тоҷикон гуфтан дорад. Раҳбарияту ҳаммаслакони  ТТЭ ҲНИ  бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ буда, ҳеҷ вақт озодӣ ва хештаншиносии миллӣ мавҷуд нест, барояш ҳеҷ арзише ба ҷуз иҷрои дастури сармоягузоронаш вуҷуд надорад.

Умуман раҳбарияту ҳаммаслакони  ТТЭ ҲНИ – хоин ва зархаридони хориҷӣ мебошанд ва дини мубини Исломро бадном мекунанд, барои мо нафратангез аст! Бехабар аз онанд, ки онҳо ба ланъати халқу миллат гирифторанд. Ба аъзоёни  фирории ТТЭ ҲНИ  гуфтанием, ки шумо бефарҳангон баҳри як луқмаи ночизи хоҷагони хориҷии худ ва орзӯи курсию мансаб, ки ба он ноарзанда ҳастед, ба рехтани ашки ҳасрати онҳо сабаб гашта магар тарс аз дуои бади онҳоро надоред! Дар ин бора бузургони мо фармудаанд:

         Ҳарчиз аз роҳи бадӣ маҷсуди кори худ маҷӯ,

         Як бадӣ хоҳи ба кас даҳчанд баргардад ба ту !

         

        Дар интиҳои андешаи хеш, хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки баромадҳои раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ-барои манфиатхоҳонаи  хоҷагони хориҷӣ асту ҳаммаслакони ӯ дар доираи онҳо рақсу бозӣ менамоянд. Хулоса, ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу Ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад.

Ф. ҚУРБОНОВ,

мудири бахши кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *