ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-БАҚОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ!

Бахшида ба 26-умин солгарди баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997 ба амал омадааст ва ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ эътироф мегардад, дар факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот аъзои Шӯрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоаъзам Мақсудов ва устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, н.и.т., дотсент Ҷӯрабек Исоматдинов иштирок ва суханронӣ намуда, моҳият ва маҳаки асосии чӣ будану чӣ суд доштани Ваҳдати миллиро ба донишҷӯён баён намуданд. Зикр карда шуд, ки Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик дар баробари Истиқлоли давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ арзиши баробар дошта, он ҷиҳати таҳкиму тармими давлату давлатдории навини тоҷикон, эҳёи арзишу суннатҳои миллӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани миллати сарбаланди мо нақши басо мондагор дорад.
Мулоқотро муовини декани факултет Далерҷон Шарипов роҳбаладӣ карда, ҷиҳати ташриф ва баёни андешаҳои судманд ба меҳмонон изҳори сипос намуд.
ҳамин тариқ, мулоқот дар фазои озод, ҳусни тафоҳум ва натиҷагирӣ аз баромадҳои муфид, ба анҷом расид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *