ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ –ХАТАРИ УМУМИБАШАРӢ !

          Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хатари муосири терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои асосии сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ мебошад. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ин ҳолат таҳдид ба амнияти ҷомеа аст. Бояд ёдовар шуд, ки терроризм бо рангу ҷилоҳҳои нав пас аз сарнагун сохтани реҷаи авторитарии яке аз давлатҳои араб Ливия равшан аён шуд. Қурбониҳои инқилоби ливиягӣ, ки дар натиҷаи мудохилаи қувваҳои беруна амалӣ гардида буду бадтар ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфта буд. Оқибат ба ин давлат зарари иқтисодии калон расонида шуд. Дар натиҷаи ҷанг давлатдории ин мамлакат аз байн бурда шуду ба ҳамсоядавлатҳои он ҳам зарар расид.  Баробари ин, бояд қайд кард, ки нисбатан ба эътидол омадани вазъи кишварҳо чун Сурия, Ироқ ва Ливия, бештари аъзоёни ба ном Давлати исломии Ироқу Шом  (ДИИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ” ба таври ошкору пинҳонӣ бештари аъзоҳояшон дар қаламрави Афғонистон ва кишварҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ  низ маскан гирифтаанд, ки имрӯз ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст.Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, мутаассифона, таҳдиди амалҳои нави террористӣ аз байн нарафтааст. Чунончи “Давлати исломӣ” пайваста дар Афғонистон ҳамлаҳои  террористӣ ташкил мекунад, ки қурбониёни он шаҳрвандони осоишта мебошанд. Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад. Зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад. Бинобар ин,  кулли қувваҳои солими сайёраро имрӯз зарур аст, ки барои мубориза ба муқобили ҳама гуна амалҳои террористӣ дастҷамъ бошанд. Фароҳам овардани фазои эътимод, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё ба муқобили терроризм ва экстремизм шарти муҳими муборизаи босамар бо ин вабои аср аст.

        Ҳадафи ин мақолаи мазкур аз ҷониби як омӯзгор дар он аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд рисолати уҳдадории хешро пеша карда, пеш аз ҳама имрӯз ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ роҳи адолату садоқат, накӯкорӣ, шукр намудан аз замони осоиштаву имконоти васеи таҳсил, интихоби озодонаи касбу кор тарбия намоем, то ки онҳо фирефтаи ваъдаҳои бебунёди гурӯҳои иғвопеша нагарданд. Моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.

               

 М. АХМЕДОВ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *