ТТЭ ҲНИ – ФИРОРИЁНИ МАРДУД

Тибқи расонаҳои хабарӣ мо огаҳ ҳастем, ки имрўзҳо раҳбару ҳаммаслакони ташкилоти террористии ба ҳамагон маълум ТТЭ ҲНИ ва ё  худсохтаи наҳзат бо номи “Паймони миллӣ”, бахусус Муҳиддин Кабирӣ ва  Муҳаммадиқболи Садриддин агар рўзе бар нисбати кишвари соҳибистиқлоламон туҳмату буҳтон наяфкананд, худро ором намегиранд. Ин иғвогарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ маскан  гирифта, дар барномаҳои ифротиашон бо навбат баромад намуда, ба низоми давлатдории муосири миллии мо халал расонидан ва мардумро бори дигар ба ноамниву ноумедӣ раҳнамоӣ намудан кўшиш доранд.

Он борҳо зимни изҳороту мақолаҳои хеш вобаста ба фаъолияти чандсолаи роҳбарону аъзоёни ТТЭ ҲНИ ибрози андеша намуда, қайд карда будем, боз таъкидан қайд менамоем, ки ин бадхоҳони миллат ҳеҷ созише на бо мардум ва на бо ҳукумат надоштанду надоранд, ҳадафашон тағйири  сохти сиёсӣ ва тарзи зиндагиро тағйир додан аст. Пӯшида нест ва таърих гувоҳ аст, ки аслан раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ бо такягоҳу пуштибонии ҳоҷагони ҳориҷӣ, мазҳабу виҷдон ва ҳама гуна арзишҳои миллиро фурӯхтаанд. Бар ивази маблағҳои хоҷагони хориҷаашон омода ҳастанд, ки ватанашонро ба як ғуломи давлати дигар табдил диҳанд.  Даъвоҳои ашхоси фирориёни мардуд, воқеан пучу бедалел буда, мақсади асосӣ – боз аз нав ба Афғонистони дуюм табдил кардани Тоҷикистони осуда аст.

Ҳар фарди солимақл бо шунидани номи рахбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ, алалхусус Кабирӣ ҳамоно аз назари кас ҳодисаҳои ваҳшатноку нангини солҳои 90-уми асри гузашта мурур мекунанд. ВАқт довар аст,ки баъди чандин солҳо талошу заҳматҳои роҳбарияти давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун кишвари ободу сулҳпарвар аз ҷониби тамоми кишварҳои бонуфузу қудратманди ҷаҳон эътироф гардид. Ҳамаи ин дастовардҳои миллати тоҷик дар дили бадхоҳони миллат беқарор кардаст, ки имрўз фаъолияти хиёнатпеша–ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар аз дунёи маҷозии интернет истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодаанд ва тудаи фейкҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоии интернет парса мезананду гӯё «ҳақиқат»-ро ба мардуми тоҷик мефаҳмонида бошанду миллатро аз «нестӣ» мераҳонида бошанд. Яъне, ду-се фирориву хоини мардуд, ки дар боло мо зикр кардем, миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунанд. Бо ин рафторашон сурат ва сифати аслӣ, ҷаҳонбинии тангашонро ифшо менамоянд. Албатта, шахси солимандеш ҳарзасароиҳои онҳоро ба як пули сиёҳ ҳам намехарад. Ҳатто хориҷиёни онҳоро дар бағали худ гирифта, ба гуфтори бепояашон зоҳиран боварӣ нишон медиҳанд, вале, аслан, дар дил ба ҳолашон писханд мезананд! Баробари ин, бояд қайд кард, ки таърихи талхи начандон дури кишварамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори наҳзатиҳо ва хоҷагони онхо дуруст андеша кунем. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки  хиёнаткори милат – Кабирию Муҳаммадиқбол нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухани қабеҳ гӯянд. Бояд хотиррасон кард, ки пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ  кори дастҷамъонаи мо аст. Бояд дар мактабу коргоҳҳо ва оила мо чеҳраи манфури дасисабозҳоро ба аҳли ҷомеа  нишон диҳем. Ва бо ҳамин тарз қарзи худро дар назди Ватан адо намоем!

М.АХМЕДОВ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *