БЕШАРАФИ ИБЛИССИФАТ

Мо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ тасодуфан ба барномае  бо номи “Минбари муҳоҷир” рӯ ба рӯ гаштему нисбат ба ровии иғвогари бешараф – М.Садриддин, ки яке аз узви фаъоли ТТЭ ҲНИ мебошад, боз ғазабу нафратамон дучанд шуд. Ҳар кас аввал  аз суханронии ровӣ гумон мекунад, ки асосан ба масоили муҳоҷирони меҳнатӣ бошад. Вале, баръакс ин худнамоишии Муҳаммадиқболи бешарафи иблиссифат буд! Худро “уламои дин” шуморида, зимни суҳбату муколама нисбат ба нафарони муроҷиатдошта дағалона рафтор менамуд. Гарчанде, ки ба андешаҳои якдигар розӣ набошанд ҳам, майлу хоҳиши Муҳаммадиқбол посуху суханҳои дигаронро бурида таҳти мазоқомезӣ қарор дод, ки яке аз сифатҳои иблис далолат менамояд. Инчунин М.Садриддин  дар рафти барномаи ифротиаш  бо саволҳои бадкинаву буридани сухан мехост андешаи нафаронро дар дигар самт тағйиру намоиш диҳад, ки ин амал аз бадниятиву сиёҳдилӣ, иғвоангезиву дасисабозиҳои иблиссифати иғвогар гувоҳӣ медод. Баробари ин, кас мушоҳида мекунад, ки М.Садриддин бо ғарази ирсӣ ва фармоиши хоҷагони аҷнабӣ хабарҳои бофтаю сохтаи бархе нафарони худозадаро чун ҳақиқати воқеӣ нишон доданисту ҳангоме, ки бо далелҳои қатъӣ хато будани ақидаҳояш ошкор мешавад, руҳияту авзояш тағйир ёфта, асабонӣ мешуд. Дар ин лаҳзаҳо аён мегардад, ки ӯ ба табобати равоншиносон ниёз дораду мебояд, фавран дар беморхонаи касалиҳои руҳӣ бистарӣ карда шавад. Дар акси ҳол, чун саги девонаи сироятзада бо газидани дигарон манбаи паҳни беморӣ мегардад, ки хатаровар бар ҷомеа мебошад.

       Хулоса аз рафти барномаи ифротии М.Садриддин як нуктаи асосииро бояд қайд кард, ки умуман он ба ҳаёти муҳоҷирони меҳнатӣ ҳеҷ рабте надорад ва мебоист дар барнома масъалаҳои марбут ба муҳоҷираш ҳаллу фасл гарданд. Аммо, ин мунофиқ, нисбат ба масоили пулакӣ будану набудани системаи маорифу тандурустии кишвари соҳибистиқлоламон суханчинӣ мекунаду аз ҳаёти муҳоҷирон сухане намегӯяд. Аслан нафари ватангадову зархаридро чӣ кор аст ба ҳаёти ҷомеаи кишвари соҳибистиқлоламон ва нисбати роҳбарияту кормандони давлатӣ сухани носазо гӯяд!

          М.Садриддини иблиссифат аз бехабарии мардум  аз асли воқеа истифода мебарад. Ҳар як гап ва ҳар як қадами чунин афрод бар зарари ҷамъият аст. Мо бояд ҳақиқатро аз дурӯғ ва иблиссифатро аз инсони комил фарқ кунем. Дар урфият мегўянд, ки хушдомани бад ҳеч баҳона наёбад, чаро думи саги хона каҷ – гуфта бо арўси хонавода мағал мебардорад. Ҳол он ки каҷии думи саг табиӣ аст. Иддаои М.Садриддин ҳам мисли ҳамин аст. Чизе барои баҳс наёфта пеш аз пода чанг мекунанд. Бигузор Муњаммадиқболи Садриддини қаллоб  ҷазояшро бигирад ва ин амалаш ба дигарон дарси ибрат шавад. Офтобро бо доман пўшида намешавад ва нињоят ҳақиқат ғолиб меояд. Он дарахте, ки сулҳу ваҳдат меномем, меваҳои ширин ба самар оварда истодааст.Мо тоҷикон бояд онро ҳифз намоем. Ҳақиқатан сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу дӯстӣ ҳукмфармост он давлат рӯз то рӯз мешукуфад.

Ф.ҚУРБОНОВ,

мудири бахши кор

бо ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *