Мо қаблан зимн изҳороту мақолаҳои хеш борҳо нисбати хоинони миллат, бахусус раҳбарияту хаммаслакони ТТЭ ҲНИ Муҳидин Кабирию Муҳаммадиқболи Садриддин ва думраваш Беҳрӯз Тағойзода, узви фаъоли “Гурўҳи24”мебошад, андешаҳоямонро иброз дошта будем. Ин навбат вобаста иғвоангезиву фитнаҷӯии ин хоинони бегонапараст андешаҳоямонро баён месозем. Бояд ёдовар шуд, ки ин хоинони бегонапрасти миллат бо ёрии хоҷагонаш дар кишварҳои Аврупо паноҳандагӣ ва лонаи истироҳат ёфта, барои бадном кардани сиёсати одилонаи имрўзаи Ҳукумат роҳҳои ғаразнокро пеша кардаанд. Ин тӯдаи хоинони бегонапараст, ҳеҷ гоҳ андешаи нуфузи миллатро намекунанд, танҳо онҳо бо ин васила мехоҳанд нафси худро қоневу ҳокимиятро ба даст оранду мардумро ғуломи ҳалқабаргӯши хоҷаҳояшон созанд. Дар ҳамаи наворҳои дурӯғине, ки ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва дастури ҳоҷагонни хорҷиашон омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки онҳо ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Воқеан хоинони бегонапараст барои ин корашон аз хоҷаҳояшон маблағҳои калон гирифта истодаанд ва хело раққосаҳои моҳиранд!
Умуман хар як хонандаи закӣ аз баромадҳои хоинони бегонапараст дарк менамояд, ки ин тудаи хоинон асосан дини мубини Исломро барои худ сипар нишон дода, ғояҳои ифротӣ паҳн менамояд. Агар ин хоинон, алалхусус Муҳаммадиқболи Садриддин аз дину мазҳаб огоҳӣ медошт, ҳеҷ гоҳ ба ҳамватанони худ роҳи каҷу килеб ё худ љоҳилиро роҳандозӣ намекард. Аз ақидаи дини мубини Исломӣ ёдовар шуда, таъкидан хоинони бегонапарастро хотиррасон менамоем, ки муъмин бародари муъмин, ба бародарат чиро раво дорӣ ба худат раво дор. Вале, аз ин гуфтор хоинони бегонапараст хеле дур ва бехабаранд ва ё худро ба нодонӣ мезананд! Агар огаҳ мебуданд ҳаргиз нисбати ҳамзабонони худ бадгўӣ, тафриқаҷўӣ, хусумат ва суханони зишт нисбати Ҳукумати Тоҷикистонро дар барномаю созмонҳои хориҷӣ садо баланд намекарданд…
Дар интиҳои изҳороти хеш хулосабарорӣ намуда, қайд кардан зарур аст, ки амалҳои бадахлоқонаи хоинони бегонапараст – раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ ва “Гурӯҳи 24”, ки асосан тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мегарданд, аз беимонию бевиҷдонӣ ва пастфитратӣ ва хиёнатомези онҳо гувоҳӣ медиҳад. Мо ҳамавақт баромадҳои хоинони бегонапарастро маҳкум намуда, нагузорем, ки ин хоинони беимон дар шабакаҳои иљтимоӣ нисбати Тоҷикистони соҳибистиқлоламон сухан гӯянд!