ТТЭ ҲНИ-ЕВРОМУЛЛОИ АҲМАҚНАМО

Имрўз бештари аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва роҳбараш Муҳиддин КАбирӣ дар Аврупо қарор дошта, гурӯҳи наве бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон.» (ПМТ)-ро таъсис додаанд. Аммо дар асл, ПМТ ҳамон ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) аст, ки бо иваз кардани ном дар дигар шакл зуҳур кард. Моҳиятан созмони мазкур ҳамон ТТЭ ҲНИ қаблӣ бо номи нав буда, аз роҳбар сар карда то аъзоёну пайравон ҳамон наҳзатиҳои пешин ҳастанд. Фарқият дар он аст, ки онҳо ба евромулло табдил ёфта , корашон факат кофтукоби айби касон асту, рафтору суханрониашон аҳмақнамо. Тасдиқи ин гуфтаҳоро бахусус дар баромадҳои роҳбари ТТЭ-ПМ Кабирӣ ва пайравонаш Муҳаммадиқболи Садриддин, Беҳрўз Тағойзодаро мушоҳида намудан мумкин аст. Таҳлилҳо собит менамояд, ки хоинони намбаршуда бо ҳар роҳу васила, аз ҷумла дар барномаҳои ифротии бо номи “Пайванд”, “Ҳақ ва ботил”,,”Минбари муҳоҷир” ва “Паймони миллӣ..”” баромад намуда, мехоҳад худро шахси дунявӣ нишон диҳад ва баробари ин дини мубини Исломро барои худ сипар нишон дода, барои рохандозӣ кардани ҳамаи нақшахои палидонаи худ аз хеҷ кори сиёҳашон даст намекашанд. Бояд ёдовар шуд, ки ҳарчанд наҳзатиҳо, Гурўҳи 24, давлати исломӣ (ДИИШ) ва дигар равияҳои ифротӣ- худро ба аҳли илму адаб некхоҳ нишон доданӣ мешаванд, вале дар асл яке аз хусусиятҳои асосии ақида ва таълимоти онҳо ба фарҳангу маърифат ва хусусан ба тасаввуфу ирфон, назари манфӣ дошта, ба маънои томаш равшанфикронро чашми дидан надоштанду надоранд.

Воқеан раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёнӣ динӣ, хусусан, пайравони гурӯҳҳои террористии ДИИШ, ТТЭ ҲНИ, Гурўҳи -24 ва дигар созмону равияҳои ифротӣ роҳҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои ташаккул ёфтани ин гурӯҳҳо гардидааст. Бояд қайд намуд, ки гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ мехоҳанд давлат, миллат, фарҳанг, зиндагии ободу осудаи мо ва осудагии шахсии ҳар яки моро ҳадафи таҳдиди бераҳмонаи худ қарор диҳанд. Ин рафтору амали ТТЭ ҲНИ –и евромуллои аҳмақнамо бо даъвоҳои пучу беъманӣ ва бепояаш дар бораи масъулият, одоб, аҳлоқ, дину диёнат ва дигар насиҳатҳои аҳмақона бори дигар ба мардум, бахусус ҷавонон собит намудааст.

 Хулоса, мо ҳамаи баромадҳои роҳбари ТТЭ ҲНИ-ПМ Кабирӣ ва пайравонашро инкор ва шадидан маҳкум намуда, аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, хоса тоҷикони бурунмарзӣ даъват ба амал меорем, ки минбаъд низ зиракии сиёсиро аз даст надода, барои решакан намудани ғояҳои ифротгароии хоинони миллат камари ҳиммат баста, бар зидди заҳҳоксифатону иблисрӯёни аҳмақнамо муборизаи беамон бояд бурд !

МАНОНОВА Р.,
дотсенти
кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *