Изҳороти кафедраи математекаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ нисбати дасиса ва фитнагарии ҳасудхўрони миллат

Мо устодони кафедра тариқи васоити расонаҳои хабарӣ огоҳ ҳастем, ки имрўзҳо хиёнаткор ва ҳасудхўрони миллат Беҳрўз Тағоймуродов ва Ашўров Ҳусейн дар Аврупо қарор дошта, бо дасисаю фитнагарӣ одамонро гумроҳ кардан кўшиш намуда истодаанд. Масалан, дар ҳафтаи дуюми моҳи августи соли ҷорӣ Б. Тағойзода дар барномаи ҳаракати сиёсии гурўҳи 24 – “Садои мардум” худро “донову ҳақиқатҷў” вонамуд карда, нисбати сафари навбатии роҳбарияти олиии кишвар ба Ҷумҳурии Туркманистон санги маломат зада, баробари ин доир ба таомҳои миллии тоҷикон, ки дар Фестивали байналмилалии таомҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба намоиш гузошта шуд буд, андешаи носолими худро иброз намуд. Инчунин як ашхоси роҳгумзада бо номи Ҳусейн Ашўров дар барномаи “Ҳақ ва ботил” суханбозиҳои ифротиро пешаи худ намуд.

Ба ҳасудхўрони миллат Б.Тағойзода ва Ашўров Ҳ. таъкидан хотиррасон мекунем, ки барои мо, халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон мояи ифтихор ва сарбаландӣ мебошад, ки санаи 6-уми августи соли 2021 дар асоси Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ сарфароз гардонида шуданд. Воқеан сарафароз гардидани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин мукофоти олӣ бори дигар далели он аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) баҳри халқи Тоҷикистон ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон буда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро дар сатҳи олӣ пеш мебарад. Бинобар ин ба Беҳрўзи аҳмақнамо гуфтанием, ки аз минбарҳо дигар садо баланд накунад! Аз дастовардҳои кишвар аламзада шуда, гапҳои сафсатаро доир ба тамоҳои миллии ҳалқи тоҷик дониста сухан гўяд. Бори дигар ба хоини тундмизоҷи миллат хотиррасон мекунем, ки зимни аснои шиносоӣ бо гўшаи намоишии Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии таомҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Сарони давлатҳо ба маҳорати баланди ошпазҳо ва ба маҳсулоти дастранҷи деҳқонони тоҷик баҳои сазовор доданд. Аммо имрўз афроди аҳмакнамои тунмизоҷу ҳасудхўр Беҳрузи Тағозода ва Ашўров Ҳусейн дастовардҳои кишвари моро нодида мегиранд.

 Мавриди зикр аст, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи талош ва ташаббусҳои ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Оши палав ба рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО шомил гашт. Воқеан миллати тоҷик дар масири таърих бо расму оин, урфу одат ва таомҳои миллӣ шуҳратёр буда, то имрӯз ин ҳамаро ҳифз намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Хулоса, мо устодони кафедра дар фарҷоми изҳороти хеш суханҳои ҳасадхуронро маҳкум намуда, ба ҳар як фарди боору номиси кишвар даъват ба амал меорем, ки ҳама якҷоя зидди хиёнаткори миллат муборизаи беамон бурда, нагузорем, ки мисли ҳасадхўрони миллат Б. Тағозода ва Ашўров Ҳ. дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо аҳмақнамоӣ нисбати кишари мо сухан гӯянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *