ТТЭ ҲНИ – ДУШМАНИ СУЛҲУ ОРОМӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Тоҷикистон чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд имрӯз дар арсаи байналмилалӣ мақом ва манзалати хоса дорад.

Айни замон шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром , ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Яке аз ин ҳизбҳо, ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд.

Гарчанде таъиноти асосии таъсисёбии ҲНИ аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ иборат бошад ҳам, вале солҳои охир аъзои он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию ифротгароидошта содир намуда ва дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодаанд.

Роҳбарон ва аъзои ТТЭ ҲНИ нафароне ҳастанд, ки ба Ватан, давлат ва шаҳрвандони Тоҷикистон ягон раҳму шафқат ва дилсӯзие надоранд, ҳамчун ҷинояткор дар ҷустуҷӯ ҳастанд, паймону гурӯҳҳои ғайриқонунӣ созмон додаанду мақсадашон иҷрои супоришҳои хоҷагони хориҷӣ ва бо ин роҳ соҳиби маблағ гардидан аст.

Ин хоинон чанд маротиба дар Ватани худ  даст ба ҷиноятҳои вазнин зада, сабабгори рехта шудани хуни шаҳрвандони бегуноҳ гардида, аз боварии мардуми тоҷик баромадаанд.

Имрӯз ноҷавонмардии наҳзатиёни террорист нишон медиҳад, ки барои ин гурӯҳи сияҳкор истиқлолият, давлат ва ҳуввияти миллӣ ҳеҷ арзише надоранд. Аъзои фирории ТТЭ ҲНИ, ки ҳамчун лӯхтак дар бозиҳои сиёсӣ истифода мешаванд, ҳанӯз ҳам аз кирдорҳои нангини худ даст накандаанд ва чашми умед ба он доранд, ки бо чунин амалҳои носавоб аз хоҷагони берунаашон пул меситонанд.

Дар вохӯрие, ки дар шаҳри Варшава гузаронида шуд, намояндагони гурӯҳҳои ТТЭ ҲНИ низ иштирок кардаанд. Барои чӣ имрӯз ин ташкилоти бонуфузи байналхалқӣ, ки мақсади асосии он таъмини бехатарии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, гурӯҳҳои низоъангези ҷомеаро дар  ин нишаст ҷой дод? Магар он аз ин гурӯҳҳо манфиатдор мебошад? Аз ҳар шаҳрванди кишвар хоҳиш карда мешавад, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва бар зидди ин гурӯҳҳои нохалаф, ки мехоҳанд, ҷомеаи моро ноором созанд, мубориза баранд.

Ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд зираки ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надода нисбат ба чунин зуҳуроти номатлуб ва падидаҳои хатарзо бетараф набошад.

Аз ин лиҳоз, ҷавонони ҳушманду соҳибақлро мебояд, ки аз ҳадафҳои аслии нопоки ифротгароён огоҳ бошанд, аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ канораҷӯӣ кунанд ва ҷони худро зери хатар нагузоранд.

Кафедраи молшиносӣ ва

фаъолияти гумрукӣ ассистенти

Убайдуллоева Мутрибахон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *