АМАЛҲОИ НОҶАВОНМАРДОНАИ ТТЭ ҲНИ

Ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон аз аввали солхои 90-уми асри гузашта сарчашма мегирад. Баъди пош хўрдани Иттиходи Шўравӣ яку якбора низоми маъмурии Ҷумхурии Тоҷикистон кудрати худро аз даст дод. Фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, бўҳрони иқтисодӣ, бекори, паст шудани сатхи зиндагии ахоли, аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию чамъиятиро ба вуҷуд овард. Вазъияти баамаломада, ки идорааш аз чониби фишангхои хокимияти ичроия ва давлати гайриимкон гардид, ба он боис шуд, ки зухуроти тахдид ва зўровари дар чамъият ба худ рох кушояд.

Аз ин ҳолат намояндагони ташкилотҳои террористию экстремисти аз ҷумла аъзоёни ҲНИ истифода намуда, ба ғасби ҳокимияти давлати дар Ҷумхурии Тоҷикистон шурўъ намуданд. Онҳо, пеш аз ҳама, ба торҳои эҳсоси мазҳабию дини нохун зада, аҳолиро ба масҷидҳо ва тавассути онҳо ба фикри амали намудани мақсаду мароми худ ҷалб менамуданд. Барои онҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ҳар гуна воситаҳо истифода мебурданд. Дар ҳамон вақт низ барои  ба як самти барои худ дилхоҳ равона намудан мардуми баору номуси миллати тоҷик душвор буд ва барои ин маблағхои калонро бо датгирии «дустони хориҷиашон» амали менамуданд. Аз ин лиҳоз муассисони чанде аз ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсиси ҳамонвақта бо баҳонаи ҳифз кардани дин ва аҳли тақво ба баъзе аз ташкилоту созмонҳои ба ном хайриявии мамолики дигар, аз ҷумла давлатҳои исломи муроҷиат менамуданд.

Дар чунин вазъият давлатҳои исломии ба мо «дусту бародар» ин равандро истифода бурда, бо тези ва мақсаднок онҳоро маблағгузори мекарданд. Аз тарафи дигар, вуҷуд надоштани назорати қатъи, бемасъулияти дар қисмхои ҳарбие, ки аз собик Иттиходи Шўрави дар каламрави Тоҷикистон боқи монда буданд, ба он оварда расонид, ки онҳо ба фурўхтани яроқу аслиҳа ба гурўҳҳои гуногун ва созгор кардани муҳимоти ҷанги оғоз намуданд. Бар замми ин, сархади давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон бо Ҷумхурии исломии Афғонистон бе назорати қатъи монд, ки дар ҳудуди он гурўҳҳои зиёди террористи арзи вучуд мекарданд.

Ҳамаи инҳо ба он оварда расониданд, ки дар ҷумҳури яку якбора гурўҳҳои террористи ва экстремистии яроқнок пайдо шуда, бо мақсади ғасб намудани ҳокимияти давлати ва дигар кардани сохти давлатдори  фаъолияти худро оғоз намоянд. Сипас дар мамлакат чи гуна вазъият ба амал омад, рафти воқеаву ҳодисаҳои ҷанги бародаркуши дохили чи тавр сурат пазируфт, ҳамчунин халқи табиатан хирадпеша ва сулхпарвари тоҷик чи гуна пеши оташи хонумонсўзи ҷангро гирифт, барои аксари мардуми мо маълум аст, ки дар ин масъала мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои муаззами миллати тоҷик, Президенти кишвар Эмомали Рахмонро махсус ёдовари кардан ва арҷ гузоштан ба чунин хизматҳоро  бояд таърих ва кулли шаҳрвандони тоҷикистон новобаста аз ҷинс, нажод ва миллат аз хотир набарорад. Аммо гурўҳҳои манфиатхоҳи экстремисти ба максадҳои ниҳоии худ нарасида, ба Чумхурии исломии Афгонистон фирор карданд ва бо кўмаку дастгирии намояндагони ташкилотҳои террористии байналхалқи дар нимаи аввали солхои 90-уми асри гузашта силсилаи амалҳои террористиро дар Ҷумхурии Тоҷикистон амали гардонданд. Аз ҷумла, бо мақсади ноором сохтани вазъияти сиёсию иҷтимои ва заиф  намудани мавқеи ҳокимияти давлати, ҳадафҳои асосии фаъолияти таҳрибкории онҳо террори роҳбарони ҷумҳури, вакилони Маҷлиси Оли, роҳбарони вазоратҳо ва кумитаҳои давлати, намояндагони ҳизбҳо ва ҷамъиятҳо, корхонаҳои дорои аҳамияти муҳими иҷтисоди дошта ва намояндагони ташкилотҳои байналхалқи карор гирифтанд.

Бо ин мақсад ба ҷумҳури гурўҳҳои хурди террористи равона карда мешуданд. Аз тарафи ин гурўҳҳо амалхои террористи нисбати собик Прокурори генералии Чумхурии Точикистон Ҳувайдуллоев Н., собиқ Раиси ноҳияи Ғарм Музаффаров Б., собиқ депутати Маҷлиси Оли А.Неъматов, собиқ ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон Юсуф Исҳоки, муовини ў Минхоҷ Ғуломов, собиқ аъзоёни Коммисияи оштии милли О. Латифи, собиқ раиси кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  С. Кенҷаев, собиқ мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юлдошев К., собиқ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҳимов,  куштори намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва дигар амалҳои террористи содир карда шуданд.

Ин буд, ки ба хотири  решакан намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумхурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» кабул карда шуд. Аммо бо ин ҳама ҷинояткорони нохалаф фаъолияти худро дар ниқоби дигар идома медоданд.Таҳлилҳо нишон медиханд, ки терроризм бевосита ба амнияти Тоҷикистон ва дар маҷмўъ Осиёи Маркази таҳдид мекард.

Натиҷаҳои нохалафиву ватанфӯшии аъзоёни ҲНИ бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем ва ватанро ба дасти нерӯҳои бадкор биспорем. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани бадӣ ва ҳар чӣ бар зарари халқу миллати мост, бикӯшем.

Бо ёди Ватан будану дар оғӯши Ватан зистан саодат аст, аммо бо ҷурми хиёнат ба миллату Ватан дар кишвари бегона паноҳ ҷустан бадбахтии маҳз хоҳад буд. Имрӯз, ки М. Кабирӣ  пас аз ин қадар носипосӣ ба халқу миллат ва хиёнат ба Тоҷикистон дар яке аз кишварҳои Аврупо ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ сукунат дорад, бо он ҳама иддае аз ҳамватанони моро дар хоки ғурбат чун фирорӣ ва ё бечора бидуни ресмон банд кардааст. Ин даста бо ҷурми он ки замоне узви  ҲНИ  маҳсуб меёфтанд ва ё бо амалҳои назарфиреб ва  ғаразноки М. Кабирӣ фирефта шуда буданд, имрӯз наметавонанд бо сари баланд дар Ватан рӯзгор ба сар баранд. Ба фарҳангу оини миллат санги бегонапарстӣ задан, мардумро бо фитна ба гумроҳӣ кашидан, дар мулки ғайр овораву сарсон кардан магар бахшиданист? Не, ҳаргиз не! Ин тоифа хоинони Ватан ҳастанд. Хоини Ватан малъун аст ва заррае имон дар бадан надорад. Зеро ҳар як мусалмон хуб медонад, ки дӯст доштани ВАТАН аз имон аст!

Имрӯз ҳам ин дастаи нохалаф ва нотавонбин, ки худ дар ҳаққи Ватан ҷиноят содир намуда, ҳазорон ҳамватанонро гумроҳ, аз хонаву дар муҳоҷир, сарсону саргардон намуданд, ҳатто дар хориҷи кишвар низ ором надоранд. Бо ҳар роҳу восита фитна ангехта, осудагии амнияти халқу Ватанро халалдор месозанд, пешрафти Тоҷикистонро ба таъбири мардумӣ “чашми дидан надоранд”.

Дар замони муосир, ки бархӯрди тамаддунҳост ва аз ҷониби дигар фазои иттилоот васеъ аст, имкони лағжишҳои сиёсиву фарҳангӣ ҳам бештар хоҳад буд. Аз ин рӯ, моро ин нукта муҳим аст, ки то тавонем санъати бо ҷаҳон зистан, вале бо худ буданро омӯзем,  ҳаргиз нагузорем, ки ба фазои осудаи Тоҷикистони соҳибситиқлол, ба мардуми шарифи он, ба арзишҳои миллии мо газанде бирасад. Пос доштани Ватан, онро аз дасти ватанфурӯшон эмин нигоҳ доштан қарзи муқаддаси шаҳрвандии мост.

 

Ассистенти кафедраи молшиноси

ва фаъолияти гумрукӣ

Саидов  Муродҷон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *