ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ-ХАТАР БА АМНИЯТИ ИНСОНИЯТ

Яке аз проблемаҳои ҷомеаи ҷаҳони имрӯза терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ба ҳисоб меравад. Тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди ин падидаи номатлуб ва хатарок муборизаи бемон мебарад.
Имрӯз терроризм ва ифротгароӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо, алалхусус дар Осиёи Марказӣ таҳдид эҷод менамояд, умуман хатар ба амнияти инсоният аст!
Айни ҳол, абарқудратҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ бевосита манфиатҳои стратегии худро пайгирӣ менамоянд. Солҳои охир дар соҳаҳои иқтисод, амният ва фарҳанг, хатари ба ҳудуди минтақа паҳн гаштани терроризми байналмилалӣ созмонҳои байниҳукуматии доимамалкунандаи чандҷониба таъсис дода, барномаҳои мушаххаси стратегии дарозмуддати худро барои таъмини нуфуз дар минтақа тарҳрезӣ кардаанд.Чуночи , се барномаи иқтисодии бузургҳаҷм арзи вуҷуд доранд, аз ҷумла «Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё» аз ҷониби Русия, «Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим» аз ҷониби Чин, «Осиёи Марказии Бузург» аз тарафи Амрико таъсис дода шудааст.Бояд қайд кард,ки барномаҳои зикршуда, алҳол тарҳрезӣ ва мавриди амал қарор дорад.
Баробари ин, созмонҳои зерин арзи вуҷуд доранд:
-Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки дар асоси Созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Русия дар бораи таҳкими чораҳои боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи сарҳад аз соли 1996 ва дар бораи коҳиши мутақобили қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад аз соли 1997 ташкил шудааст;
-Созмони низомию сиёсӣ бо номи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз тарафи ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ 15 майи соли 1992 ташкил шудааст;
-Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҷиҳати таҳкими равобити сиёсӣ, амниятӣ, ҳарбӣ ва иқтисодӣ байни кишварҳои узв таъсис дода шудааст;
– Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё амнияти дастаҷамъиро таъмин мекунад.
Алҳол, созмонҳои зикршуда дар доираи ваколаташон фаъолият доранд. Вале ,мутаассифона имрӯз дар кишвари ҳамсояамон- Афғонистон вазъи сиёсӣ номуътадил буда, пешбинӣ кардани он ғайриимкон ва ҳамчун манбаи таҳдиди минтақавӣ боқӣ мемонад. Аз ҳама масъалаи нигаронкунанда он аст, ки интиқоли қисмати фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ – ифротгароӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ, алалхусус «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ”, дар расонаҳои хабарӣ бештар дар шакли ДОИШ ва ДИИШ ва шохаи “Хуросон ”зикр мегардад, дар қаламрави Афғонистон ошкору пинҳонӣ фаъолят доранд, ки вазъи минтақаро мураккаб месозад. Урдугоҳҳои онҳо дар Афғонистон ҳамчунон мондаанд ва ин гуруҳи ифротӣ ҳарчӣ бештар аз занону кӯдакон барои фаъолиятҳои террористиаш истифода мекунад. Чунин ҳолат метавонад вазъи кишварҳои ҳамсарҳадро низ ноамн гардонад. Дар иртибот ба масъалаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори мамлакатҳои дигари Осиёи Марказӣ таҳдидҳои афзояндаи ифротгароӣ ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босубот эҳсос менамояд ва тамъини амнияти миллӣ, суботи минтақа тадбирҳои саривақтӣ андешида, ҳамкории самаранокро бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва ҷаҳон тақвият бахшида, дар ин замина, тамоми кушишу талошҳои худро баҳри рушду тараққиёт, таҳкими субот ва тинҷиву оромӣ дар минтақа равона месозад.

Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *