Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ӯ доимо Ҳукумати Тоҷикистонро муттаҳам мекарданд, ки аъзоёни ҳизби мамнӯъашро мақомотҳо таъқиб намуда, онҳоро зиндонӣ менамояд. Баъд аз дастгир шудани 5 шаҳрванди Тоҷикистон дар Олмон, Мухиддин Кабирӣ чӣ мегуфта бошад. Рости гап, сухани ӯро тахмин кардан осон аст. Бешубҳа ӯ мегӯяд, ин 5 нафар ба ТЭТ ҲНИ ягон дахолат надоранд. Аммо агар Кабирӣ чунин иброз намояд, ӯ дурӯғи маҳзро мегӯяд. Зеро Олмон ин кишварест, ки ҳуқуқи озодиҳои инсон пурра риоя карда мешаванд ва айбдор намудани касе, хусуан дар амали омодаги ба содир намудани амалҳои террористӣ кори саҳл нест. Барои ин далелҳои мӯътамад заруранд. Агар мақомоти Олмон чунин далелҳоро дар даст намедошт, онҳо ҳаргиз ин 5 нафарро дастгир намуда, дар амали омодаги ба терроризм айбдор намекард. Аз шиносоӣ бо маводе, ки дастрас гаштааст ду савол ба миён меояд.
1.Дар Олмон ҳазорҳо туркҳо, ӯзбекҳо, эрониҳо ва дигар намояндагони миллатҳо умр ба сар мебаранд, чаро мақомотҳои дахлдори ин кишвар онҳоро ҳеҷ гоҳ таъқиб ва дастгир намекунанду 5 тоҷикро дастгир намуда, онҳоро дар терроризму экстремизм айбдор кардаанд. 2.
- Мақомоти дахлдори Олмон дар телефони яке аз дастгиршудагон бо номи Равшан Б. гуфтугӯи ӯро бо террористон дар бораи тарзи таҳияи бомба, тахмини ҳуҷум“тавассути параплан”, ҷосуси дар фурудгоҳо Гейленкирхен ва дигарҳоро ошкор намудааст. Магар ин далелҳо кифоя нестанд, ки онҳо дар терроризму экстремизи гумонбар шаванд?
М. Кабири мегӯяд, ки қаблан дар бораи ин ашхос ягон маълумот надорад ва онҳо ба ТЭТ ҲНИ узвият надоранд. Пас, агар Кабирӣ чунин ахбор надошта бошад аз куҷо медонад, ки ин ашхос ба терроризм ягон иртибот надоранд. Кифоя нест, ки ин панҷгона ба ҳудуди Олмон аз Сурия ворид гаштанд. Дар Сурия онҳо бо чи кор машғул баданд, ба М. Кабирӣ ёдрас мекунем, солҳои охир ҳудуди Сурия ҷои сайру гашт ва сайёҳи набуд-ку? Дар он ҷо ҷанг буд, ки ДИИШ ва яке аз шохаҳои ТЭТ ҲНИ бар зидди мардуми осишта меҷангиданд. Наход мақомоти Олмон бовар кунад, ки ин 5 – гона баъд аз саркӯб гаштани Давлати исломӣ ба ин кишвар ба ниятҳои нек қадам гузошта бошанд. Ба ин андеша ҳеҷ гоҳ боварии шахс намеояд. Зеро ба он ҷое, ки диишиён ва наҳзатиён қадам мегузоранд, аз он ҷо бӯи терроризму экстремизм меояд. Ин андешаи мо нест, балки ин натиҷабардории аз таърихи навини тоҷик ва ҷаҳон мебошад. Як вақтҳо М. Кабирӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон домангир шуда буд, онҳо тоҷикбачаҳое, ки дар атрофи онҳо гирд омаданнд, беасос дар терроризму экстремизм айбдор менамоянд. Ба шарте агар ин 5 нафар ба гуфти Кабирӣ тоҷикбачаҳо ба ДИИШ ва ТЭТ ҲНИ марбут бошанд, ӯ акнун чи мегуфта бошад?
Маркус Шмитт сухангӯи Додситони куллӣ Олмон ба таври возеҳ иброз намудааст, ки Равшан Б. ва ёрони ӯ нақшаи ҳамлаи худро то боздошташ тарҳрези кардаанд. Онҳо аз паи ҷамъ намудани маблағ буданд. Ё магар бар ивази 40 ҳазор доллар нияти куштани тоҷир ҳам дурӯғ аст. Бубинед аз телефони дастгиршудагон ибораҳои “таъсиси тими футбол”, истифода шудааст, мақсади ин тим “ба шаҳодат расонидани рақиб” будааст. Муфаттишони олмони мушаххас намудаанд, дар ин ҷо сухан дар нақшаҳои террористӣ меравад. Кабирӣ кормандони мақомоти тафтишотии Олмонро ба мисли худ содда набинад, онҳо хеле пухтакор, дурбин ва бо таҳаммул мебошанд. Бе асоси мӯътамад онҳо ягон ашхосе, дар ҳудуди Олмон қарор доштаро, айбдор намекунанд. Кабириҳо аз дур истода ба мо тоҷикон мехоҳанд сабақи давлату давлатдориро диҳанд, аммо нисбати олмониҳо ин ҳилаи онҳо кор намедиҳад.
Солиҷонов Р. – ДИС ДДТТ