Изҳороти кафедраи ҷомеашиносиии ДИС ДДТТ нисбати иғвою дурӯғи навбатии М. Кабирӣ

 

Мо омӯзгорони кафедраи илмҳои ҷомеашиносӣ хабари дар Олмон бар гумони дастдоштан ба омодагиҳо ба амалҳои террористӣ шунида, хеле хотирамон мушавваш гашт ва онро маҳкум менамоем. Дар замоне, ки тамоми мардуми Тоҷикистон баҳри ободии Ватани хеш саъйу кӯшиш менамоянд, дуо менамоянд, ки Худованд миллати тоҷикро аз вабои аср пандемияи коронавирус  эмин нигоҳ дорад, чанд тан ашхосе, ки худро тоҷик меноманд, ба омода намудани амалҳои ифтортию террористӣ машғул шуда номи Ватан ва миллати тоҷикро бадном менамояд. ТЭТ ҲНИ қувваи сӯзанда, вайронкор аст. Кабириву пайравонаш барои Тоҷикистон аққалан як хишт нагузоштаанд. Онҳо ба ғайр аз иғвою дурӯғ ба ҳеҷ кор қодир нестанд. Дар мавод дуруст қайд шудааст, ки агар ӯ бунёдкор мебуд, беморхонаи Сарикиштиро намефурӯхт шарм накарда, боз дар бораи эмин нигоҳдоштани мардум аз бемории коронавирус сухан гуфтааст.

Мо, тоҷикон, шукр менамоем, ки зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар фазои сулҳу осоиш ва Ваҳдати миллӣ зиндагӣ карда, баҳри ободонии Ватан заҳмат кашида истодаем. Ҳаргиз намегузорем, ки ба ғояҳои террористи ва экстремистии муболиғони ТЭТ ҲНИ дода шуда, вазъияти иҷтимоиву сиёсии ҷомеамонро халадор намоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *