Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ аст. 

 

Соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад. Тоҷикистон соҳиби сарватҳои табии нотакрор ва осорҳои таърихии бузург буда, барои инкишофи соҳаи сайёҳӣ шароитҳои мусоидро доро мебошад. Агар ба пешрафти давлатҳои мутараққӣ нигоҳ афканем, сайёҳӣ яке аз соҳаҳои асосии даромади буҷети он мамлакатҳоро ташкил мекунад.

Дар дунёи ҷаҳонишавӣ ва зуҳури дигаргуниҳои куллӣ дар вазъи сиёсиву амниятӣ ва иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳон доштани сарзамини амну ором ва соҳибистиқлоле ба номи Тоҷикистон, худ баёнгари саодат ва сарбаландии миллати мутамаддин ва соҳибфарҳанги тоҷик дар ҷаҳони муосир ба шумор меравад. Дар шароити имрӯза кам кишварҳое ҳастанд, ки дорои сулҳу осоиш ва амнияти фикриву зеҳнӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ бошанд. Бо таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, рушди муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон таҳти консепсияи сиёсати хориҷии мамлакат, муаррифии кишвари ҳуқуқбунёд ба чашми аҳли сайёра, даъвати сармоягузорони хориҷӣ ва сайёҳони мамолики гуногуни дунё дар заминаи сиёсати дарҳои боз имкон фароҳам намудааст, ки мавқеъи Тоҷикистон ва имкониятҳову зарфиятҳои сайёҳии он, сайёҳон ва гардишгарони хориҷиро ба домони Тоҷикистон ҷалб намояд.

Дар давоми 29 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҳузури сайёҳони хориҷӣро дар қаламрави Тоҷикистон бештар мегардонад. Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ мебошад ин имкон фароҳам намудааст, ки Тоҷикистон ва минтақаҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии он дар китоби харитаи сайёҳии ҷаҳон ворид гардад ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ин ҳама минтақаҳои дорои аҳамияти сайёҳиву кӯҳҳои баланду обҳои мусаффо ва сокинони меҳмоннавозу башардӯсташ ҷаҳониён бишиносанд ва бо ин далел сайёҳону рӯзноманигорон дар ҳар ҷойи ҷаҳон ба Тоҷикистон сафар кунанд ва барои васоити ахбори оммаи кишварҳои худ хабару гузориш ва маълумотҳои хубу диданиро ба ҳадя баранд.

Соҳаи сайёҳӣ барои муаррифӣ намудани таърихи тӯлонӣ, фарҳанги гуногунранги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ имкониятҳо фароҳам меорад. Заминаҳои асосии рушди соҳаи сайёҳиро таҳқиқутадқиқ намудан ва системаҳои беҳтарини бастан датҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯро ҷорӣ кардан боиси густариши соҳаи сайёҳӣ мегардад. Аз ин лиҳоз дар ин мақола беҳтарин роҳу усули инкишофи соҳаи сайёҳӣ баррасӣ карда шудааст.

Ҳунарҳои мардумӣ аз қадимулайём дар байни халқи мо инкишоф ёфта, оммавӣ гаштааст. Хушбахтона, имрӯз барои ҳунармандон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои зиёде фароҳам оварда шудааст. Гузаронидани озмуну фестивалҳо ва намоиши беҳтарин намунаҳои ҳунармандӣ барои ҳунармандон имконият медиҳад, ки истеъдоди хешро муаррифӣ карда тавонанд.

Таърих гувоҳаст, ки дар бисёре аз истилову ғоратҳои халқҳои гуногун, подшоҳони он давра беҳтарин ҳунармандонро асир гирифта барои сохтани қасрҳо, мақбараҳо ва дигар намудҳои меъмориву фарҳангӣ истифода мебурданд. Аз санъати ҳунармандон оқилона истифода мебурданд. Зеро дар тамаддуни кишвар ёдгориҳову маҷмааҳои таърихӣ нақши калон мебозанд. Дар мақолаи зерин доир ба беҳтар ин намудҳои ҳунарҳои мардумӣ маълумот дода мешавад ва роҳҳои беҳтарини тақвияти он мавриди муҳокима қарор мегирад.

Сайёҳиро ҳамчун соҳаи муҳими иқтисодиёти Ҷумҳурии Точикистон ба назар гирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабинихо барои барқароршавӣ ва рушди сайёҳии байналхалқӣ дар малакат, барои ташкили дастрасии ҷумҳурӣ барои ташрифории сайёҳони хориҷӣ, беҳтар намудани вазъи инфрасохторҳои сайёҳӣ ва санаторию курортӣ, ҷалби сармояҳо ва ҳамин тавр табдил додани Тоҷикистон ба мамлакати аз ҷиҳати сайёҳӣ рушд ёфта якчанд қонуну қарорҳо қабул шудааст.

Дар бештар кишварҳо сайёҳӣ дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши муҳим бозида, ба инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвари иқтидори воқеӣ дорад. Бо дар назардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.

Тоҷикистони маҳбуби мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор аст. Аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

Тоҷикистон объекти уникалии сайёҳии муосир мебошад, зеро дорои мероси бузурги маъданӣ, таърихӣ, маданияти хоса, мавқеи қуллаи ҷуғрофӣ, ландшафтҳои гуногуни табиӣ, минтақаҳои рекреатсионӣ, наботот ва ҳайвонот мебошад.

Сайёҳатҳо ба мақсади табобатӣ ва беҳдошти саломатӣ низ зиёд ташкил карда мешавад. Ин намуди саёҳатҳо хислати шахсӣ ва индувидиалӣ доранд. Асосан сайёҳонро барои табобат дар ин ё он минтақаҳои сайёҳӣ табибон тавсия мекунанд. Аз ин рӯ, барои ба вуҷуд омадани ин намуди сайёҳӣ нақши асосиро маълумотнокии намояндагони муассисаҳои тиббӣ дар бораи минтақаҳои сайёҳӣ ва табобати беҳдоштӣ мебозад.

Дар айни ҳол дар осоишгоҳҳои Ҳавотоғ, Хоҷаобигарм, Шоҳамбарӣ, Зумрад, Яроз, Оби гарм, Чилучорчашма, Гармчашма, ки оби гарму хунуки минералӣ дорад садҳо сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ истироҳат мекунанд ва ҳамчунин дар минтақаҳои сайёҳии Ромит, Варзоб, Балҷувон ва соҳилҳои обанбори Қайроқум дар тӯли даҳ соли охир истирохатгоҳҳои зиёде бунёд карда шуда истодааст, ки дар ин соҳаи сайёҳӣ ба сатҳи байналхалқӣ инкишоф дода, онро ба яке аз манбаи даромади дохилии Точикистон табдил додан имконпазир аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 125 иншоотҳои туристӣ ва самти санаторию истироҳатӣ дошта, аз ҷумла 51 меҳмонхона, 9 санатория вуҷуд дошта, қисми боқимондаро минтақаҳои истироҳатӣ, хонаҳои истироҳатӣ, базаҳои сайёҳӣ ташкил медиҳанд.

Курорти Хоҷа Обигарм – 42 километр дуртар аз Душанбе, баъди деҳаи Гушар роҳ ба тарафи курорти Хоҷа-Оби-Гарм (1790 – 1960 метр баланд аз сатҳи баҳр) мебарад. Аз шоҳроҳ то ба инҷо 6 км аст. Дар инҷо дар тӯли масофаи 400 метр қариб 40 чашма дида мешавад.

Санаторияи Шоҳамбарӣ – 26км дуртар аз ғарби шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад аз тарафи ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор дар баландии 1150м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Санатория барои табобати бемориҳои меъдаву рӯда, узвҳои хозима ва гурда ва як қатор бемориҳои даруниро табобат мекунад. Оби Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Шоҳамбарӣ» ба дардҳои ҳозима, меъдаю рӯда, талхаю ҷигар, касалиҳои буғумдард ва боз чандин бемориҳои дигар шифо мебахшад. Дар ин ҷо бо усулҳои гуногун, аз ҷумла шустани рӯдаҳо, гирифтани ванна, парафин, сӯзанзанӣ, физиотерапия, беморонро табобат мекунанд.

Чилучорчашма – дар Тоҷикистон ва дар Ӯзбекистони ҳамсоя хеле машҳур аст. Дар ин мавзеъ, ки дашту биёбон буд (то обёрӣ кардан ва сохтани шабакаҳои обёрӣ дар давраи шӯравӣ), аз таги теппаи начандон баланд панҷ чашмаи калон фаввора зада ба 39 чашмаи хурд тақсим мешавад. Оби ҳамаи чашмаҳо якҷоя шуда, ҷӯйбори калони васеъгиаш 12-13-метраро ташкил медиҳад ва дар он моҳии зиёде мавҷуд аст. Мароқовар аст, ки моҳиҳо бо ҷараёни об ба поён намераванд, балки дар худи сарчашмаи обҳо дар масофаи 800-900 метр шино мекунанд. Барои рушди минбаъдаи мавзеи Чилучорчашма бунёди ҳарчи бештари иншооти замонавии ба талаботи сайру саёҳат ва зиёрат мувофиқ зарур аст.

Қизмазор ва Гармчашмаи муқаддаси Модиён кам касон мешиносанд, ки ҳамрадифи Гармчашмаи машҳури Ишкошим боз чашмаи хеле гарми мавзеи Модиён вуҷуд дорад, ки ҳамаи хусусиятҳои табобатиро дорад. Аз таги ду хоро санги якхела душохоби гарм фавворазанон баромада, поёнтар якҷоя шуда, ба кӯли пӯшида мерезанд. Дар ин ҷо идораи роҳсозии ноҳия бинои начандон калоне бо роҳрави мумфарш ва ҳавзи мураббаи зебо сохта шудааст. Атрофи бино марғзори сарсабз аст. Се хайма барои ниёзмандон дар хизмат аст.

Санаторияи «Оби гарм» -100 км дуртар аз тарафи шарқи шаҳри Душанбе дар водии кӯҳсори дарёи Оби айлак дар баландии 1300м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Дар санатория бемориҳои радикулит, полинервит, касалиҳои пӯст касалиҳои безурриётӣ ва ғайраҳо табобат карда мешаванд.

Санаторияи «Зумрад» -10 км дуртар аз шаҳри Исфара дар баландии 800м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Калонтарин санатория дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Омили асосии табобатии ин санатория муолиҷа бо лойи шифобахш мебошад. Санатория тамоми сол кор мекунад ва 350 ҷой дорад.

Санаторияи «Ҳавотоғ» -маънояш -ҳавои кӯҳӣ мебошад, 96км дуртар аз шаҳри Хуҷанд ва 24км дуртар аз шаҳри Истаравшан ҷойгир мебошад. Санатория барои табобати касалиҳои меъдаву рӯда, низоми асаб, касалиҳои пӯст ва дигар намуди касалиҳоро табобат мекунад.

Инчунин дар Тоҷикистон ҷойҳои таърихӣ бениҳоят зиёд мебошад. Қалъаи Ҳисор, мадрасаи Хоҷа Машҳад, Қалъаи Муғ, масҷиди Сари Мазор, масҷиди Кӯк–Гумбаз, мадрасаи Хоҷа Абдулатиф, масҷиди Шайх Муслиҳиддин, масҷиди Ҳазрати Шоҳ ва ғайраҳо беҳтарин ёдгориҳои таърихӣ маҳсуб меёбанд. Ёдгориҳои таърихӣ дар водии Ҳисор, Паҷакент, Кӯлоб, Истаравшан ва Хуҷанд бениҳоят зиёд мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки 93% – и сарзамини Тоҷикистонро кӯҳсор ташкил мекунад. Инимконияти бузург барои тақвият бахшидани сайёҳии кӯҳнавардӣ, варзишӣ (алпинистӣ) ва истироҳатӣ мебошад. Дар солҳои охир Тоҷикистон ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст ва сол аз сол шумораи сайёҳони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд шуда истодааст, яъне соли 1997-2100 нафар, 1998-3190 нафар, 2000-7673 нафар, 2002-6314 нафар, 2004-14297 нафар сайёҳи хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст ва ин нишондиҳанда сол то сол инкишоф меёбад. Маълумотҳои мавҷуда ҳаҷми хизматрасониҳои ширкатҳои сайёҳӣ ва соҳаҳои ба он вобаста (нақлиёт, меҳмонхонаҳо, тарабхона ва ғайраҳо)-ро, дар соли 2004 қариб ба 20 млн сомонӣ баробар ба 7 млн. доллари ШМА-ро ташкил дод.

Иштироки ҳарсолаи корхонаю ширкатҳои туристии чумҳурӣ, дар намоишгоҳҳои байналмилиалии туристӣ, дар шаҳрҳои Берлин, Шанхай, Москва, Алмато ва Тошканд баргузор гардида, инчунин нашри китобҳою варақаҳои махсус, таҳияи филмҳои видеоӣ ва кушодани саҳифаи махсус дар шабакаи интернет, иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чандин чорабиниҳои байналмилиалӣ имкон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари дорои захираҳои бойи сайёҳӣ, шаҳодат медиҳад.

Кафедраи  молшиносӣ  ва

 фаъолияти  гумрукӣ           муаллими калон :  Исоев Ҳ.И.

Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ

     Сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ 27 апрели 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Аморати Бухоро, дар ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро ба дунё омадааст. Фарзандаш ховаршиноси барҷастаи Тоҷикистон Айнӣ Камол. Падараш Саидмуродхоҷа кишоварз буд, аммо чун худ соҳиби хату савод буд, кӯшиш мекард, ки фарзандонаш низ донишомӯхтаву донишманд бошанд. Аз ин рӯ, писараш Садриддин Айниро дар шашсолагӣ (6) ба мадрасаи рустояшон дод. Устод Айнӣ донишомӯзияшро дар он мадраса дар достони «Мактаби кӯҳна» тасвир карда ва дар «Ёддоштҳо» мегӯяд: «Чунон ки падарам дид, дар он мактаб ман саводи амиқ гирифта натавонистам ва маро ба мактаби духтарона дод». Дар мактаби духтарона Садриддин чанд ҷузъ аз Бедил ва чанд ҷузъ аз ғазалиёти Соибро хонда дар даҳсолагӣ мактабро хатм мекунад. Аммо бачагии Садриддин Айнӣ дар оғӯши падару модар дер давом накард. Вабое, ки соли 1889 Бухоро ва атрофи онро фаро гирифт, дар чиҳил рӯз ӯро ҳам аз падар ва ҳам аз модар ҷудо кард.

Орзую ҳаваси илму шеър Айниро дар 12-солагӣ ба Бухоро овард. Ба мадрасаҳои Бухоро дохил шудан ва дониш гирифтан барои Айнӣ барин фақирзодагони илмҷӯ хеле мушкил буд. Вале ӯ ба шарофати ҳавасмандӣ ва толиби илм буданаш тамоми душвориҳои рӯзгор ва омӯзишро паси сар карда, 16 сол дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намудааст. Айнӣ дар мадрасаҳои мири Араб, Олимҷон, Бадалбек, Ҳоҷӣ Зоҳид ва Кӯкалдош таҳсил карда, соли 1908 онро хатм мекунад.

Муддати 27 соли зиндагӣ дар Бухоро Айнӣ боз аз ду мактаби дигар гузаштааст: яке мактаби меҳнат ва дигаре мактаби ҳаёт. Барои ёфтани қути лоямуташ ӯ аз ҳеҷ кору заҳмат даст накашидааст: гоҳ фарроши мадраса, гоҳ ошпаз, гоҳ ҷомашуй, гоҳ мардикор буд.

Дар мактаби ҳаёт Садриддин ҳаёти ҷамъиятро омӯхт. Аз табақаю тоифаи гуногуни одамон, муносибатҳои синфии мардум, ҷаллодони амир, задухӯрдҳои дорою нодоро дониши зиндагӣ меомӯхт.

Аз соли 1896 Садриддин Айнӣ бо тахаллуси адабии «Айнӣ» ба навиштани шеърҳои мустақилона cар кардааст.

Назари устод Айнӣ пас аз мутолиа кардани асари Аҳмади Дониш «Наводир-ул-вақоеъ» нисбат ба сохти пӯсидаи аморати Бухоро тамоман дигар гардид ва нисбат ба ин ҷамъияти фарсуда дар дили ӯ як нафрати ниҳоние пайдо шуд. Аз ин рӯ, дар ибтидои асри 20 устод эҷодиёти идеяҳои пешқадами маорифпарварон  Аҳмади Дониш ва Шоҳинро давом дода, роҳи ояндаи худро муайян намуд. «Таҳзиб-ус-сибён»-ро устод Айнӣ маҳз ба хотири тарбияи наврасон дар рӯҳияи муосир соли 1909 барои шогирдони дар Бухоро мактабҳои усули нав офарид. Чунин корҳои хайр ба Амир маъқул набуд. Аз ин хотир, устодро ба зиндон мепартояд ва ӯро 75 чӯб мезананд. Пас аз 52 рӯзе, ки дар беморхона муолиҷа мекунад, Садриддин Айнӣ ба Самарқанд кӯчида меояд. Ӯ чи дар Самарқанд ва чи дар Тошкент дар корҳои комитети револютсионӣ иштирок карда, варақа, даъватнома ва баённомаҳои ҷангӣ менависад, тарғиботу ташвиқот мебарад.

Амири Бухоро аз он ки Ҳокимияти Шуравӣ ба Айнӣ пушту паноҳ шудааст, бо тӯҳмати алоқа доштан бо муборизони зиддиаморат, бародари хурдии нависанда – Сироҷиддинро ваҳшиёна дар зиндон мекушад. «Марсия» – и ҷонгудози Айнӣ ба ҳамин муносибат навишта шудааст. Ҳирси хунхории Амир бо ин ҳам қаноат накарда, бародари калонии ӯ Мухиддинхоҷаро низ қатл менамояд. Баъди ин воқеаҳо қалами Айнӣ тезу бурро шуд ва ба ӯ муяссар гардид, ки дар мақолаю рисолаҳо, асарҳои таърихӣ ва бадеии минбаъдааш нишон диҳад, ки бо хоку замин яксон шудани тартибу низоми амирӣ таърихан қонунист.

Ҳамин тавр, бо ғалабаи Инқилоби Октябр нависанда аз нав ҷавон шуд. Аз соли 1918 дар системаи маорифи халқ ва нахустин матбуоти инқилобии тоҷику ӯзбек кор кардааст. Баъд аз таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (1920) муддате дар консулхона, сипас дар идораи тоҷорати он хидмат кардааст. Аз соли 1926 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон вазифаҳои мушовир ва муҳаррири адабиро баҷой овардааст. Соли 1934 дар Анҷумани якуми умумииттифоқии нависандагони шӯравӣ ширкат варзида, узви Раёсати Иттифоқи нависандагони СССР интихоб шудааст. Дар соҳаи илм ба ӯ дараҷаи доктори илмҳои филологӣ бахшида шуда, бо унвони академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон тақдир карда шуд. Айнӣ академики АИ ҶШС Тоҷикистон таъин гашт, ӯ нахустпрезиденти АИ ҶШС Тоҷикистон мебошад.

Устод Садриддин Айнӣ 15 июли 1954 дар шаҳри  Душанбе  аз                   олам чашм пӯшид. Ҳоло  Мақбараи Айнӣ дар як ҷои хушманзараи Душанбе зиёратгоҳи аҳли адаб аст. Ин мавзеъро ҳоло Боғи фароғат ва истироҳати ба номи Садриддин Айнӣ мегӯянд. Устод Айнӣ, дар баробари фаъолияти адабӣ, бисёр асарҳои пурқимати илмӣ ҳам таълиф намудааст, ки «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Материалҳо оид ба таърихи Инқилоби Бухоро» ва чандин мақолаву очерки тадқиқотӣ намунаи онҳостанд. Соли 1934 асари пурарзишро дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»- и ӯ ба анҷом мерасонад. Ҳамин тавр, пайдарҳам асарҳои «Шайхурраис Абуалии Сино», «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ», «Устод Рудакӣ», «Камоли Хуҷандӣ», «Алишер Навоӣ», «Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» ва амсоли инҳоро ба табъ мерасонанд. Устод дар асарҳои хеш бисёр масъалаҳои баҳсталаб ва ҳалнашудаи ҳаёту эҷодиёти адибони дар боло ёдшударо бо далелу бурҳонҳои қотеъ ҳал менамояд. Чунончи, солҳои тӯлонӣ доир ба бисёр масъалаҳои мубрами ҳаёту фаъолияти эҷодии Абулкосим Фирдавсӣ, чи дар байни муаллифон сарчашмаҳо ва чи дар байни шарқшиносони шӯравиву хориҷӣ фикру мулоҳизаҳои мухталиф мавчуд буданд. Аксарияти онҳо ривоятҳои афсонавиро ҳамчун факту далелҳои эътимодбахш қабул намуда, ба ғалатҳо роҳ дода буданд

Аз ин чиҳат хизмати устод Айнӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ба тадқиқи ҳаёту фаъолияти Фирдавсӣ ба воситаи асари офаридааш ибтидо гузошт ва роҳи ояндаи омӯзиши муҳаққиқонро муайян намуд. Ба ҳамин тариқ, устод муддати тӯлонӣ ранҷ кашида, аз нахли кӯҳан боғи зебое орост, ки имрӯз пажӯҳишгарон аз бӯйи гулҳои муаттараш баҳра мегиранд, асарҳои пурарзиш меофаранд. Худи устод ин маъниро ба тариқи зайл баён кардааст:

Мақолаҳои ӯ доир ба масъалаҳои мубрами забоншиносӣ дар роҳи демократӣ кунондани забони адабии тоҷик ва инкишофи он нақши муҳим бозидаанд. Хидмати ӯ, махсусан, дар соҳаи адабиётшиносӣ хеле бузург аст ва беҳуда нест, ки таърихи адабиётшиносии даврони шӯравии тоҷик аз соли нашри нахустин асари сарнавиштсози тадқиқотии ӯ – «Намунаи адабиёти тоҷик» солшуморӣ мешавад.

Осори адабию илмии Устод Айнӣ дар Куллиёти 15-ҷилда гирдовардӣ шудаанд, ки то имрӯз 14 ҷилди он аз чоп баромадааст. Устод Айнӣ ҳиссае аз асарҳояшро ба забони ӯзбекӣ ҳам таълифу тарҷума карда, дар ташаккули адабиёти даврони шӯравии ӯзбек ҳам саҳми сазовор гузоштааст, ки муҳимтарини онҳо дар мунтахаби ҳаштҷилдаи осораш (ба забони ӯзбекӣ) дар Тошканд интишор ёфтаанд. Устод Айнӣ дар бобати нашри осори гузаштагон ва тарҷумаву таҳрири асарҳои тарҷумавии нависандагони халқҳои бародар низ фаъолона ширкат доштааст. Тарҷумаи романи Ф.Дюшен «Қамар» аз тоторӣ ба тоҷикӣ мутаъаллиқи хомаи заркори ӯст. Аксарияти таълифоти ӯ, минҷумла, асарҳои калони насрияш, ба забонҳои гуногуни олам тарҷума ва борҳо чоп шудаанд.

Академик Бобоҷон Ғафуров

Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, узви пайвастаи АИ Тоҷикистон, узви пайвастаи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бобоҷон Ғафуров 31 декабри соли 1908 дар рустои Исфисор, ҳоло ш. Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омад. Дар ташаккули ӯ, чун инсони комилу хоксор, ватандӯст, олими нуктасанҷ оилаи меҳнатдӱст, падараш Сангинов Ғафур деҳқон ва коргари роҳи оҳан (соли вафот 1935) ва хусусан модари маърифатпарвари ӯ шоира Розия Озод (Розия Бойматовна Ғафурова) таъсири мусбӣ расонидаанд. Давраи ҷавонии ӯ дар вазъияте мегузашт, ки ҷараёни сиёсӣ-иртиҷоии туркпарастон (пантуркистҳо) вуҷуд доштани халқи тоҷикро инкор карда, Осиёи Миёнаро ба империяи «Туркияи бузург» пайваст карданӣ буданд.

Фаъолияти илмӣ-эҷодии Б. Ғафуров дар шароите оғоз гардид, ки дар афкори ҷамъиятӣ бояд исбот мешуд, ки халқи тоҷик бо меҳнати шоёнаш дар тамаддун аз давраҳои қадим маълум ва машҳур аст.

Бобоҷон Ғафуров cолҳои 1928-1930 шунавандаи курсҳои олии ҳуқуқшиносии ш. Самарқанд ва cолҳои 1931-1935 Институти умумииттифоқии рӯзноманигории ш. Москва буд. 1930-1931 дар Комисариати халқии адлияи ҷумҳурӣ, рӯзномаи «Қизил Тожикистон».

Солҳои 1935-1938 ҷонишини муҳаррир, муҳаррири «Қизил Тожикистон» кор кардааст. Солҳои 1938-1941 аспиранти институти таърихи АИ  Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил намуда соли 1941 рисолаи номзади илмро дифоъ намудааст. Аз соли 1941 то 1944 котиби КМ ҲК (б) Тоҷикистон оид ба пропаганда ва агитатcия (ташвиқ ва тарғиб), Аз 1944 то 1946 вай дар вазифаи дабири дуввум ва аз соли 1946 то 24 майи соли 1956 дар вазифаи нахустин дабири Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон буд.

Дар баробари кори ҳизбӣ Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ мағул шудааст. Аз соли 1936 то соли 1938 дар Мактаби олии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон омӯзгори иқтисоди сиёсӣ буд. Аз соли 1939 то соли 1940 дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Сталинобод таърихи халқҳои ИҶШС таълим медод. Аз соли 1942 то соли 1948 мудири сектори таърихи Инстиути таърих, забон ва адабиёти шӯъбаи тоҷикистонии АИ СССР ва дар соли 1951 аъзои ҳақиқии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст. Аз соли 1956 то поёни зиндагиаш Б. Ғафуров вазифаи вазифаи директори Пажуҳишгоҳи шарқшиносии (Фарҳангистони Улуми Иттиҳоди Шӯравӣ) ва сармуҳаррири маҷаллаи “Осиё ва Африка” – ро бар ӯҳда дошт. Бо сарварии Б. ҒафуровДонишгоҳи давлатии ТоҷикистонАкадемияи илмҳои Тоҷикистон ташкил дода шуд.

Ҳанӯз дар солҳои 30-юми асри XX, ӯ ба омӯхтани таърихи халқи тоҷик шурӯъ намуда, соли 1941 дар мавзӯи «Таърихи тариқати исмоилия аз ибтидои асри XIX то ҷанги якуми ҷаҳон» рисолаи номзадӣ дар соли 1941 ва 25 феврали соли 1952 рисолаи докториро дар мавзӯи «Таърихи халқи тоҷик» аз Муассисаи Таърихи Фарҳангистони Улуми Иттиҳоди Шӯравӣ (АИ Иттиҳоди Шӯравӣ, Москва) ба даст овард. Дар соли 1958 аъзо-корреспонденти АИ СССР интихоб шудааст.[1]

Бо кӯмаки амалии ӯ гурӯҳи муаллифон бори аввал таърихи халқи тоҷикро дар се ҷилду панҷ китоб навишта, солҳои 1963-1965 дар нашриёти «Наука»-и Москва чоп намуданд. Академик Бобоҷон                Ғафуров муаллифи қариб 400 асару мақолаҳо оид ба таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумиҷаҳонӣ мебошад, ки дар нашрияҳои                     гуногуни дунё чоп шудаанд. Асарҳои ӯ бо забонҳои гуногун дар Деҳлӣ, БерлинРимТеҳронПекинАфинаКобулПариж,Қарочи ва ғ. бо теъдоди зиёд ба табъ расидаанд. Бо ташаббус ва зери таҳрири ӯ танҳо бо забони англисӣ қариб 30 асар дар мавзӯъҳои муҳими таърихи мамлакатҳои Шарқ нашр гардидаанд. Профессор, мактаби калон ва эътирофшудаи шарқшиносиро асос гузошт. Дар байни осори вай китобҳои бисёрҷилдаи чун “Таърихи халқи тоҷик” ва «Тоҷикон» ҷо мегиранд, ки ба тоҷикӣ ва русӣ мунташир шудаанд. Аллома Бобоҷон Ғафуров барои навиштани шоҳасари худ «Тоҷикон» миқдори зиёда аз 2000 сарчашмаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро самаранок истифода кардааст. Ин китоб дар баробари Шоҳномаи А. Фирдавсӣ, «Таърихи Бухоро»-и Абӯбакри Наршахӣ, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк чун шиносномаи халқи тоҷик барои асрҳои оянда хизмат менамояд.

Ба туфайли фаъолияти илмӣ-ҷамъиятии ӯ дар байни ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва хусусан мамлакатҳои Шарқ, муносибатҳои муътадили тиҷоратии–фарҳангӣ ба амал омаданд. Академик Бобоҷон Ғафуров ягона олими тоҷик буд, ки ӯро чун сиёсатмадори варзида дар миқёси ҷаҳон, хусусан дар Шарқ, хуб мешинохтанд. Шоири машҳури Покистон Файз Аҳмад Файз соли 1978 қабри Ғафуровро зиёрат карда чунин гуфта буд: «Ин фарзанди бузурги тоҷик дар асл фарзанди бузургтарини Машриқзамин мебошад». Ҳамин тавр, натиҷаи асосии заҳматҳои бисёрсолаи академик Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм дар он аст, ки ӯ исбот намуд, ки халқи тоҷик қадимтарин халқи Осиёи Миёна ва ориёӣ мебошад, марди оқилу хирад дар ташаккули худшиносии миллии халқи тоҷик саҳми худро гузошт. Таҷрибаи таърихии халқи тоҷик, ки устод Бобоҷон Ғафуров онро дар асарҳои худ объективона таҳлил ва ҷамъбаст намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон – меъмори давлати навини  тоҷикон

Мардуми сулҳпарвару адолатхоҳи кишвар хизматҳои бузургу шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Асосгузори Тоҷикистони мустақил, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамарӯзу ҳамасоат мебинанд, мушоҳида мекунанд ва ба номи шарифу амалҳои мондагорашон арҷ мегузоранд.

Мусаллам аст, ки таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Ин Иҷлосияи таърихсози миллат бо ном ва фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад.

Мо ба он хотир ба ин Иҷлосияи тақдирсоз арҷгузорӣ мекунем, ки бо шарофати он на танҳо ба ҷанги таҳмилии дохилӣ хотима бахшида, сохти фалаҷгаштаи конститутсиониро барқарор намудем, балки ҷиҳати эҷоди  роҳи  одилонаи гуфтушуниди сулҳ ва имзои он, яъне Санади истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишварамон муваффақ ҳам гаштем.

Таъкид намудан зарур аст, ки роҳи сулҳу оштӣ осону ҳамвор набуд, зеро на ҳамаи ҷонибҳо барои сари мизи музокирот нишастан омода буданд. Он вақтҳо ҳар рӯз як хабари нав, як рӯйдоди фоҷианоку даҳшатбор, кушторҳои бераҳмонаи ходимони давлатию нобиғаҳои касбу кори мухталиф, ғасби шаҳру навоҳии мамлакат ва нофармонии баъзе қумондонҳоро мешунидем, ки ин ҳолат воқеан ҳам барои мардуми мо воҳиманок ва ташвишовар буд.

Мусаллам буд, ки халқу миллати тоҷик дар ҳоли паркандашавӣ қарор дошт. Тамомияти арзии сарзамини тоҷикон, ин Ватани азизу муқаддаси мо зери хатар буд. Хушбахтона, бо иродаи матину тамаддуни баланди мардуми шарифу сарфарози тоҷик пеши роҳи парокандашавӣ гирифта шуд. Бо даъват шудани Иҷло­сияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Урунхӯҷаеви шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, воқеъан арзишманди таърихист. Дар  он рӯзҳо шахсони ҷудоихоҳу ҷоҳталаб бо мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсию иқтисодӣ мардумро ба майдонҳо кашида, миёни онҳо шурӯ қиём барпо менамуданд, гурӯҳҳои ҷиноятпешаву афроди мусаллаҳи ҷинояткор ба куштор ва дуздиву ғоратгарӣ даст зада, одамони бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум ва молу мулки онҳоро аз худ менамуданд. Гурӯҳҳои мухталифу муқобили давлат ба ҳар роҳу восита ҷавононро гумроҳ сохта, бар зидди ҳамватану ҳаммиллату хонаводаи худ истифода мебурданд. Дар он давра, манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ болотар аз манфиатҳои миллӣ меистоданд. Қисми зиёди шаҳрвандони мамлакат, бахусус ҷавонон, дар зери таъсири идеологияҳои бегона ба як саргумӣ афтода буданд. Мардуми тоҷикро тарс аз барҳамхӯрии давлат ва парокандагии миллат фаро гирифта буд. Сокинони кишвар таҳавуллотеро интизор буданд, ки рӯзгорашонро ба куллӣ дигаргун намуда, онҳоро аз гирдоби ноамнӣ, тарсу ҳарос, нобоварӣ ва ноумедӣ берун кашад.

Иҷлосия бо тарафдории 186-нафар вакил, раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб, вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ҷавони кордон, болаёқату боистеъдод ва ҷасуру чолок, ки тавонад роҳбарии вакилони мардумиро ба дӯш гирад ва низоми давлатдориро барқарор кунад, ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ ва интихоб намуд. Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз вазъияти ҷойдошта, ки фишоровариҳои гуногуни мазҳабию манфиатҷӯёна рафти кори иҷлосияро халалдор месохтанд, бо тамоми масъулият ин вазифаро бар душ

гирифтанд ва дар яке аз аввалин суханрониҳои худ он кас 12 декабри соли 1992, ба халқи шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуда, изҳор намуда буданд, ки барои ҷумҳурӣ ёрӣ расонидан ба Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат хоҳанд кард. Ва аз ниҳод дасти кумак ҷустанд. Ин иқдоми саривақтияшон роҳи дурусти раҳоӣ аз мушкилоти давр буд.

Дере нагузашта бо дастгирии кишварҳои дӯст ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти бозгардондани гурезаҳо ба ҷойҳои сукунати доимӣ ва барқарор кардани манзилҳо ва иншооти дар рафти ҷангҳо харобгардида корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд.

Барои ноил шудан ба мақсадҳои неки худ ва малҳам шудан ба дарди ҳар як фарзанди миллати тоҷик, ки дилашон аз ҷабри ғарибӣ реш буд, Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар карда, бо иродаи қавӣ ваъда дода буданд: «Ман намегузорам, то нафаре аз мардуми Тоҷикистон берун аз кишвар азоби ғарибӣ бубинад, ҳатто агар лозим ояд ҷони худро нисор месозам!» ва «То як тоҷик дар ғурбат аст, ором нахоҳам шуд». Сарвари давлат ба ин суханҳои худ вафо карда, мардуми ғамзадаро аз ғурбат раҳо намуданд.

Дар натиҷаи саъю кӯшишҳои шабонарӯзӣ танҳо у тавонист мардуми парешону парокандаи тоҷикро дар рӯзҳои даҳшатбору фоҷиабори кишвар сарҷамъ орад, ҷон ба гарав монда аз сарзамини ҳамсояи ҷангзадаи Афғонистон ба Ватан бо суханҳои самимиву лутфу меҳрубонӣ пиру барноро ба Ватан хонад. Фаромӯшии ин рӯзҳои сангини миллат фаромӯшии таърих ва асолати хеш аст. Он шабу рӯз ба амнияту якпорчагии миллат хатари ҷиддӣ таҳдид мекард. Танҳо ҷасорату ғайрати Эмомалӣ Раҳмон расид, ки ин ҳама бори масъулиятро бар душ бигирад ва манфиати ҳамватанон ва кишварро аз ҳама болотар гузорад. Ба ҳамагон аён аст, ки дар азми кардааш устувор монда, тули қариб 5 сол бо саркардагони гурӯҳи мухолифин панҷ даври гуфтушунид ва ҳафт мулоқот орост, ки оқибат ба мақсади гузоштаи хеш муваффақ гардид. Ин азму талош ба осонӣ ба даст наомада, балки шуҷоату қаҳрамонӣ, ҷонбозиҳо дар роҳи расидан ба мақсадро талаб менамуд. Қавлу қасам, вафодорӣ, меҳрубонӣ, ҷасорату шуҷоат, ҷавонмардӣ, садоқату маҳаббат нияту қалби поки у буд, ки тамоми марҳилаҳои душвори таърихиро паси сар намуд. Дар ин роҳи душвор боварию муҳаббати мардум зарур буд, ки онро Сарвари давлат сазовор шуд.

Аҳмадшоҳи Масъуд боре дар ҷавоби ин пойфишориҳои Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд: «Ба давлати шумо раҳмати Худо омадааст ва чунин неъмати бебаҳоро ҳаргиз аз даст надиҳед!». Ин марди оқил ва далер Сарвари давлати моро «неъмати бебаҳо» номид.

Дар ҳақиқат, як неъмати бебаҳо чун армуғони ҳама талошҳо насиб гаштааст.

Шароити кунунии Тоҷикистон зери вазъи сахти сиёсии минтақаҳои гуногуни олам торафт шиддат гирифта, буҳронҳои иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ ва дигар омилҳо сабабгори батадриҷ коста гардидани ахлоқи ҷомеа мегарданд.

Ҳар як халқу миллати дунё фарзандони арзанда ва лоиқ дорад, ки барои беҳбудӣ, хушбахтӣ ва саодати мардум заҳмат ба харҷ дода, дар дилу дидаи халқ ҷой гирифтаанд. Корнамоӣ, қаҳрамонии онҳоро ба воситаи нақлу ривоятҳо зинда мегардонанд ва беҳтарин орзую умеди худро ба симои онҳо марбут медоранд. Имрӯз таърих гувоҳи он аст, ки: «Беҳонро некӣ ба ком аст» ва дар симои як марди хирадманд дилҳои шикастаи халқ даво ёфта, заминҳои ба харобазор табдил ёфта, обод шудааст.

Дар зиндагии худ ҳар як ҷавон нафареро ҳамчун шахсият эътироф намуда, кӯшиш менамояд, ки ба монанди ӯ сухан гӯяд, рафтор кунад ва ҳатто шакли зоҳирияшро мутобиқ созад, намунаи ибрат инсоне шуда метавонад, ки дар рафтор, гуфтор ва кирдори он нуқсон ҷой надорад.

+ шахсияти созанда, ислоҳотчӣ, сиёсатмадори оқилу хирадманд аст. + дар оғози касби истиқлоли кишварамон гуфта буд, ки омода аст ҷони худро барои халқу миллат ва Ватани худ фидо намояд. Ва имрӯз низ ӯ ба ин суханони худ содиқ аст. Маҳз барои ҳамин халқ ӯро дастгирӣ мекунад. Ҳамаи он чи, ки ӯ пешниҳод кардааст, ҳеҷ гоҳ бар хилофи иродаи мардум ва ба муқобили манфиатҳои миллӣ набудааст.

Халқи мо дар атрофи Президенти худ муттаҳид гашт, нерӯманд шуд. Президенти ҳар мамлакат шаҳсутуни ҳамон давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва сарватҳои Ватан саҳми беназир бигзорад. Барқарор гардидани сулҳи тоҷикон, ташкили давлати мустақили миллӣ, бунёди иншооти муҳими кишвар далели корнамоии беназирӣ Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ба навиштаи бархе аз таърихнигорони дохилу хориҷи кишвар Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам бозёфти ҳамин Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин раҳми Худованд буд, ки маҳз ҳамин шахс барои ором сохтани вазъи муташанниҷ ба зуҳур омад. Бо вуҷуди муддате идома ёфтани ҷангу ҷидоли миёни тоҷикон иродаи матин ва қатъияти ҳамин шахсият буд, ки дар ниҳоят халқу Ватани азизи мо аз гирудори воқеаҳои нангину вазнини нобасомониҳо, нафрату бадбиниҳо ва ҳамдигарнофаҳмиҳо наҷот дода шуд. Бо эътимоди комил гуфта метавонам, ки ягон фарди дигар аз уҳдаи чунин рисолат баромада наметавонист.

Барои қиёс бигирем Афғонистони ҳамсоя ё дигар мамолики ҷангзадаи дунёро, ки чандин солҳо авзои пурташаннуҷи кишварҳояшонро ба ифоқа оварда наметавонанд. Дар ин давлатҳо бисёр абарқудратҳо мудохилаи низомӣ ҳам карданд, аммо вазъро ором ва сулҳу суботро таъмин карда натавонистанд. Сабабаш ҳамин буд, ки ин миллату халқҳо ва кишварҳо пешвои қотеъ ва ғаюру фидоӣ надоранд. Ин миллати тоҷик буд, ки Пешвоеро чун Эмомалӣ Раҳмон Худованд барояш эҳдо намуд.

Ба қавли шоир Муҳаммад Иқбол:

Худо ин миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Дар дунё шахсиятҳое ҳастанд, ки дар умури давлатдорӣ метавонанд нақши таърихӣ дошта бошанд. Онҳо бо маҳора­ту истеъдоди роҳбарӣ, маҳбубияти дар миёни ммрдум доштаашон қудрате доранд, ки халқро сарҷамъ намоянд ва ба масири созандагӣ ҳидоят намоянд. Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамин гуна хислатҳои наҷибашон на танҳо ҷангу хунрезии миёни намояндагони як миллатро хомӯш карданд ва равандҳои марказгурезиву минтақагароиро баҳам заданд, бал­ки давлати дар варта қарор доштаро ба маънои томаш наҷот бахшид.

Маҳз дар Иҷлосияи 16-ум Сар­вари давлат ҳамоно баъди ин­тихоб шуданашон аз мардуми саросари кишвар даъват ба амал оварданд, ки дар атрофи ғояи                 «Тоҷикистони соҳибихтиёр – Ватани маҳбубу ягонаи мо» ба ҳам омада, муттаҳиду якдилу яктан шаванд. Хушбахтона тамоми сокинони мамлакат ин даъватро сарҷамъона пазируфтанд ва барои барқарории сохторҳои қонунии кишвар камар бастанд. Аз ҳамин давра марҳилаи нави ба эътидол овардани вазъи си­ёсию иҷтимоӣ оғоз ёфт. Бинобар ин мардуми мамлакат Иҷлосияи мазкурро тақдирсозу ҳалкунанда унвон кард.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон воқеан ҳам рӯйдоди таърихӣ маҳсуб меёбад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аввалин қадамҳо гузошта шуд. Дар бораи нақши муҳими Иҷлосияи XVI воқеанигорон ва таърихнависон фикру ақида­ҳояшонро аллакай баён доштаанд. Мардум ба аҳамияти тақдирсози он арҷ мегузоранд ва заҳмати бузургу талошҳои вакилони ҳамонвақтаро барои оромию субот қадрдонӣ менамоянд.

Маҳз дар ҳамин Иҷлосия рамзҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон – Парчам ва Нишони давлатӣ қабул ва тасдиқ шуд, ки ин аз эҳсоси ватандустӣ ва ифтихори миллии ҳар як фарди бонангу номус дар ҳамон давраи муташанниҷ дарак медод. Ҳарчанд, ки мо дар шароити истиқлолият зиндагӣ доштем, мутобиқи Конститутсияи замони шуравӣ фаъолият мекардем.

Дар ҳамин замина ба эҷоди сохти нави давлату давлатдорӣ, эъмори ҷомеаи тозаистиқлол ибтидо гузошта шуд. Дар ҳамин ҷо бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси ҷомеаи То­ҷикистон қарор гирифт. Бо мурури замон дар заминаи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ба ислоҳоти демократии ҳаёти давлату ҷомеа шурӯъ намуда, пай дар пай ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ аъзо шудем.

Шароити мусоид ба вуҷуд омад, ки сохти давлатдориамонро такмил диҳем, қонунҳои нав таҳия намоем ва ба санадҳои қонунгузорӣ тағйироту иловаҳо ворид кунем. Дар заминаи суҳбату мулоқотҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мардум чандин пешниҳодҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба назар гирифта шуд, ки дар ниҳоят Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро мавриди баррасӣ ва тасвиб қарор дод. Қонуни мазкур воқеан ҳам аз ҷониби мардум ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт ва дар ҷомеа як таҳаввулот ё ки инқилоби фарҳангию мaънавиро ба вуҷуд овард.

Дар доираи Соли ҷавонон, ки аз ҷониби Президенти кишвар эълон гардид, насли ҷавон боз ҳам бештар ташаббусу иқдомҳои созандаро амалӣ намуда, дар амри бунёдкории Ватан саҳми муносиб гузошта истодаанд. Дар ин замина тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои таърихиву фарҳанг вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷаи ҳамаи сохторҳо, аз ҷумла рисолати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Таваҷҷуҳ ба ин мавзуъ дар замони чаҳонишавии манфиатҳо, ки баробари падидаҳои нек зуҳури ҳаракату гурӯҳҳои тахрибкорро низ дар пай дорад, бояд аз мадди назар дур набошад.

Ҷавонон бояд донанд, ки бунёди ҷомеаи озод, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад, аз талаботи воқеияти имрӯза мебошад. Ҷомеае, ки ҳар фарди он худро озод ҳис менамояд, дар айни замон метавонад, ки тамоми нерӯи зеҳнӣ, ақлонӣ ва ҷисмониро барои пешрафти хеш ва дар маҷмуъ барои рушди ҷомеа истифода намояд.

Он ҳадафи бузурге, ки мо дар назди худ гузоштаем, яъне ба сатҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон баровардани давлати тоҷикон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки ҷавонони мо то чӣ андоза барои азхудкунии дастовардҳои илму техника, омӯхтани забонҳо, арзишҳои нави башарият кӯшишу ғайрат нишон медиҳанд.

Ҳар миллат бояд тақдирашро ба дасти худаш нависад, на ба дасти дигарон. Ба ёд овардани чунин ҳодисаҳо ба он хотир лозим аст, ки мо тавонем воқеияти таърихиро бо ҳама бурду бохт, бо паҳлуҳои мусбату манфӣ ва омилҳои объективию субъективии он арзёбӣ намуда, ба дасисабозии пасипардагии душманони миллати тоҷик фирефта нашавем.

Зеро дар раванди ташаккулёбии худшиносии миллӣ маърифат ва огоҳии сиёсӣ, фарҳанги сиёсӣ ва зиракии сиёсӣ шарти муҳимтарин аст. Пӯшида нест, ки яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандии мо паст рафтани маънавиёт дар миёни баъзе табақаҳо ва кунд шудани хотираи таърихӣ буд. Ба ибораи дигар, дар ҷараёни густариши худшиносии миллӣ ифтихор кардан аз таъриху тамаддуни гузашта, ниёгони бофарҳанг ва арзишҳои фарҳанги миллӣ басанда нест.

Бинобар ин ҳамоно баъди Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии чумҳурӣ бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри давлатсозиамон корро аз гузоштани заминаи ибтидоӣ ва асосҳои ғоявии сулҳи миёни тоҷикон, консепсияи сиёсати оштии миллӣ оғоз кардем, ки тадбирҳои нигоҳ, доштани як-порчагию тақсимнопазирии марзҳои Тоҷикистон, пуштибонии истиқлолияти миллӣ ва рукнҳои давлатдории ягона ҳадафҳои бунёдӣ ба шумор мерафтанд.

Ҳукумати Тоҷикистон баъди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсис додани артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадӣ ва амнияту милитсия оғоз намуд, то ки ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон, пурзӯр карда шуда, амнияти давлатӣ таъмин ва дастовардҳои истиқлолият ҳимоя ва афзун гардонда шавад. Ваҳдати миллӣ дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаи мусоид муҳайё гардид.

Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид.

Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халқамон ба мо муяссар гардид, ки хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ намоем. Дар замони ниҳоят пуртазоди соҳибистиқлоӣ нақши созандаи сулҳу ваҳдат, пеш аз ҳама, дар амри таҳким ва такмили рукнҳои давлатдорӣ, ки заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро амалан таъмин мекунад, равшантар зоҳир гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саъю талоши мардум аз эҳтирому риояи ҳамешагии он башорат медиҳад, ҳамчун асоси таҳкими ваҳдати миллӣ ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи шаҳрвандонро, сарфи назар аз ҷинс, наҷод, эътиқоди динӣ ва мавқеи сиёсӣ кафолат дода, меъёрҳои он барои эҳтироми байниҳамдигарии тамоми аъзои ҷомеаи мо заминаи боэътимод гузошта истодааст.

Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳоммулгароиро тарғибу ташвиқ намуда, бо намояндагони дигар халқу миллатҳо, дину оин ва фарҳангҳо муносибати некбинона доштаанд. Чанд ҳазор сол пеш қабул гардидани аввалин Эъломияи ҳуқуқу башари Куруши Кабир, ки то имрӯз моҳияти худро гум накардааст, далели равшани фал­сафаи таҳаммулгароии ниёгони мо ва эътирофи ваҳдати миёни халқу миллатҳо ва дину мазҳабҳо аз ҷониби онҳо мебошад.

Ҳамчунин ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла аҳзоби сиёсӣ, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма бо дарки масъулият дар назди халқу Ватан дар ҷодаи таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии мамлакат иб­тикори ҳамешагӣ нишон медиҳанд. Ҳама гуна ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои иҷтимоӣ бояд манофеи ҳизбию гуруҳиро аз манфиатҳои умумимиллӣ боло нагузоранд, балки барои обрӯи ха­лқу миллат талош варзанд.

Дар ҳар гуна ҷомеа ва ё давлати демократӣ бояд мухолифати солим ё ки аҳзоби тибқи муқаррароти Конститутсия фаъолиятдошта мавҷуд бошад. Мо ҷонибдори мухолифат ва ё оппозитсияи солим мебошем. Оппозитсия барои он зарур мебошад, ки дар баробари ҳукумат қарор гирифта, камбудиҳоро ошкор намояд, камбудиҳоро рӯйрост гӯяд. Барои ислоҳи онҳо талош намояд, монеа нашавад. Танҳо бо роҳи демократӣ, яъне бо воситаи ширкат варзидан дар интихобҳо ҳадафу мақсадҳояшро амалӣ гардонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоно баъди баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барқарор шудани ҳокимияти конститутсионӣ ба тамоми мардум, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо муроҷиат намуда, даъват карданд, ки ба эҳсосот дода нашавем, Ватани худро танҳо худамон обод мекунем. Бинобар ин ба суханони душманони миллат фирефта нагардем ва зархариди давлатҳои бегона набошем. Табиист, ки мардуми ташнаи сулҳ ин даъватро пазируфт ва он ба таҳкими сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ мусоидати калон намуд.

Ба шарофати сулҳу субот ва ризоияти миллӣ, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи қонун, дар ҳаёти ҷомеа ҷорӣ намудани гуногунандешии сиёсӣ имкон дод, ки интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо риояи ҳуқуқҳои баробари ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ сурат гирифт. Ва парламенти Тоҷикистон амалан мақоми олии қонунбароре гардид, ки дар он намояндагони ҳизбҳои сиёсии гуногун то имрӯз якҷоя фаъолият намуда, дар таҳия ва қабули қонунҳо ва барномаҳои муҳими давлатӣ ширкат карда истодаанд.

Аз рӯзҳои нахустин Роҳбари мамлакат барномаҳои мукаммали давлатиро тарбрезӣ намуданд, ки асоси онҳоро рушд ва эъмори давлатӣ, таҳкими истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ чун стратегия ва дурнамои тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ташкил намуданд. Дар бахши таҳкими истиқлолияти энергетикӣ дар кӯтоҳтарин фурсат тибқи шартномаи сармоягузории шарикони боэътимоди стратегӣ ду нерӯгоҳи бузурги барқи обӣ «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Қабули «Барномаи давлатии дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давоми солҳои 2009-2020», оғоз бахшидан ба сохтмони сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва иваз намудани маҷрои дарёи Вахш, ки бузургтарин нерӯгоҳи минтақа маҳсуб меёбад, раванди ислоҳоти энергетикиро дар мамлакат майлони тозае бахшида, Тоҷикистонро ба кишвари манбаи нур ва равшанӣ табдил хоҳад дод.

Дар бахши раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ низ бузургтарин саодат барои сокинони вилояти овозадори Суғд насиб гардид, ки дар зимни амалкарди ин барномаи муҳим дар кутоҳтарин фурсат шоҳроҳи бузурги Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ бо шумули нақби Шаҳристон ҳамчун бахши муҳими Шоҳроҳи таърихии Абрешим эҳё гардида, муҳимтарин василаи пайванди вилояти Суғд бо тамоми манотиқи Ҷанубу Шарқӣ ва маркази мамлакат – шаҳри Душанбе дар тамоми сол гардид.

Дар бахши амнияти озуқаворӣ муҳимтарин корҳо ба анҷом расиданд. Ислоҳоти замин дар аввалин мавқеъи давлатдории Сардори давлат қарор дорад. Ба қавли худи Пешвои миллат, замин ба дасти соҳибаш расид. Деҳқон бо дастгирӣ ва пуштибонии Пешвои миллат соле як не, ду-се кишт мегузаронд ва ҳосили дилхоҳ мебардорад. Бо ин васила, деҳқони соҳибкор бозори кишварро бо маҳсулот фаровон намуда, имрӯз ба хориҷи кишвар низ содирот карда истодааст.

Зина ба зина, сол ба сол ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалли худро ёфта истодаанд. Яке аз муҳимтарин ва муқаддамтарин ҳадафҳои ҳукумати Ҷумҳурӣ такмил ва рушди соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Баҳри амалӣ гаштани ин ҳадаф Қонунҳои силсилапайванди миллӣ ба мисли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва баъди райъи мардум ба тасвиб расидаанд, ки дар пиёда намудани ин қонунҳо аҳли ҷомеа дастаҷамъона камари ҳиммат бастааст.

9 ноябри соли 2017 Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонии пойтахт ва Варзоб бо лоиҳаҳои бунёди Терминали муосири нақлиётӣ, азнавсозии «Кӯли Варзоб», сохтмони корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Дуои Модар» ва корҳои созандагӣ дар мавзеи «Сафед-дара» шинос шуда, барои оғози лоиҳаҳо асос гузоштанд.

Нахуст дар маҳалли сохтмони терминали нақлиётӣ, ки идомаи бунёди терминалҳои муосири нақлиёти мусофиркашу боркашонӣ мебошад, Сарвари давлат бо мавзеи бунёд ва тарҳи лоиҳаи он шинос шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки терминали нақлиётӣ дар қисми шимолии шаҳри Душанбе дар масоҳати умумии 5,80 гектар ба нақша гирифта шуда, дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар самти Ғарбии шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», назди соҳили дарёи Варзоб ва чорроҳаи Чорбоғ бунёд хоҳад гашт.

Маблағи умумии корҳои сохтмонии Терминали мазкур 7,5 миллион сомониро ташкил дода, он аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиквнештранс» бунёд карда мешавад. Лоиҳаи терминали муосир аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Меъморӣ ва шаҳрсозӣ» таҳия шудааст.

Дар ин терминал анборҳои нигаҳдории молу маҳсулот, таваққуфгоҳҳо барои воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофиркаш, меҳмонхона, маркази логистикӣ, нуқтаҳои савдо ва дигар марказҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла маркази таъмири воситаҳои нақлиёт ва дигар инфрасохтори зарурӣ бо тамоми шароити зарурӣ барои  ронандагону мусофирон ва меҳмонон аз дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат фароҳам оварда мешаванд.

Мирзо Турсунзода

Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи хушманзараи Қаратоғ водии Ҳисор ба дунё омадааст. Падараш, усто Турсун яке аз ҳунармандони гулдасти ин води (деҳа) буд. Бо вуҷуди ин зиндагонии аҳли оилаи у қашоқона мегузашт. Ба ин нигоҳ накарда, усто Турсун мехост, ки писараш Мирзо соҳиби хату савод шавад. Мирзои хурдсол чанде дар назди муллои деҳа таҳсил кард. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябри Кабир, ба рӯи мардуми камбағал дари бахту саодат ва илму маърифат кушод. Дере нагузашта дар Қаратоғ мактаби нави советӣ ташкил ёфт ва Мирзо аз ҷумлаи аввалин талабагони он гардид. Дар солҳои 19251926 дар интернати Душанбе таҳсили худро давом медиҳад. Дар солҳои 19261927 дарДонишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Мирзо Турсунзода дар солҳои 19271930 дар Дорулмуаллимони тоҷикии шаҳри Тошкент хонда, соҳиби маълумоти пурра мегардад. Ба сифати роҳбари шӯъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор карда, баъдтар бахши адабии Театри мусиқӣ-драмавии ба номи А. С. Пушкини вилояти Ленинободро роҳбарӣ намудааст. Соли 1935 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари шӯъбаи ташкилотӣ-оммавӣ ба кор омад ва роҳбарии бахши драматургияро бар ӯҳда дошт. Соли 1939 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Аз соли 1943сардори Раёсати санъати назди Шӯрои Кумитаи халқии ҶШС Тоҷикистон. Аз соли 1946 – 1977 то охири ҳаёти худ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Фаъолияти ҷамъиятию сиёсии Мирзо Турсунзода ниҳоят бузург аст. Вай намояндаи Шӯрои Олии ИҶШС, аъзои Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, раиси Комитаи советии ҳамраъии мамлакатҳои Осиё ва Африко, аъзои ҳақиқии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Котиби раёсати Иттифоқи нависандагони ИҶШС буд. Шоир 24 сентябри соли 1977 дар ш. Душанбе вафот мекунад. Шоирро дар теппаи Лучоб(Боғи Лучоб)-и ш. Душанбе ба хок месупоранд. Мирзо Турсунзода шоири ватанпарвар буд, бинобар ин беҳтарин сахифҳои эҷодиёташ ба васфи Ватан ва мардуми он бахшида шудааст.Мирзо Турсунзода ҳамчун мубориз ва тарғибгари сулҳу амонӣ ва ғояҳои интернационалӣ борҳо сафарҳои хориҷӣ намуда, дар роҳи мустаҳкам гардонидани сулҳу дӯстии мамлакатҳои Ғарбу Шарқ хизматҳои беназир кардааст[1].

Фаъолияти эҷодии Мирзо Турсунзода аз соли 1930 сар мешавад. Аввалин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи «Байрақи зафар» аз чоп мебарояд. Сипас, шеъру достонҳои «Ба эҷодкорам», «Манзараҳои Хӯҷанд», «Офтоби мамлакат», «Хазон ва баҳор», «Суруди ҷавонӣ», «Мамлакати тиллоӣ», «Оҳанрабо», «Халқи далер», «Чаманистон», «Водии Ҳисор», «Мо аз Хоруғ омадем» ва ғайра дастраси хонандагон мегарданд. Эҷодиёти Мирзо Турсунзода дар солҳои минбаъда дар маҷмӯъаҳои «Пайғом», «Асарҳои мунтахаб» (1955), «Чароғи абадӣ» ва «Ман аз Шарқи Озод» ба табъ мерасанд. Дар шеърҳои «Ҳамшираҳо», «Ба ҷанг», «Хотираи капитан», «Ҳаргиз», «Баҳодури тоҷик», «Паҳлавони интиқомгир, «Рафиқи азиз» корномаҳои ҷангӣ бо шӯру ҳаяҷон тасвир ёфта, ғояҳои ватанхоҳию душманбадбинӣ талқин мешаванд. Дар солҳои ҷанг Турсунзода достонҳои «Писари Ватан» ва «Барои Ватан» – ро ҳамроҳи Абдусалом Деҳотӣ эҷод мекунад. Ҳаракатҳои озодихоҳи халқҳои Осиё ва Африко дар силсилаи асарҳои Мирзо Турсунзода «Ман аз Шарқи озод», «Қиссаи Ҳиндустон», «Садои Осиё», «Чароғи абадӣ», «Ҷони ширин», «Роҳи нури офтоб» ва достони «Аз Ганг то Кремл» ва ғайра хеле хуб тасвир ёфтаанд. Соли 1960 Ҳукумати шӯравӣ хизматҳои барҷастаи шоирро ба назар гирифта, барои достони «Ҳасани аробакаш» ва силсилаи шеърҳои «Садои Осиё» ӯро бо Ҷоизаи Ленинӣ ва соли 1964 барои достони «Ҷони ширин» ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сарфароз мегардонад. Фаъолияти тарҷумонии Мирзо Турсунзода низ самарабахш мебошад. Адиб як қатор асарҳои А.С.Пушкин, Т.Г.Шевченко, Н.А. Некрасов, Самад Вурғун, Зулфия, Анатолий Сафронов барин қаламкашони варзидаи халқҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравиро бо маҳорати баланд тарҷума намудааст.

Маҷмӯаҳои шеър ва достонҳои “Писари Ватан”, “Арус аз Москва”, «Қиссаи Ҳиндустон», «Ман аз Шарқи озод», «Ҳасани аробакаш», «Садои Осиё», «Чароғи абадӣ», «Ҷони ширин», “Аз Ганг то Кремл” ва дигар маҷмӯаҳо маҳсули эҷоди ӯст. Мероси адабии Мирзо Турсунзода ба якчанд забонҳои мамолики хориҷӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

Мирзо Турсунзода – шоир, арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, академики АИ ҶШС Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру, Ҷоизаи давлатии ИҶШС ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи РӯдакӣҚаҳрамони Тоҷикистон мебошад.

Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум яке аз асосгузорони Тоҷикистони Шӯравӣ ҶШС Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон, сиёсатмадор, дорандаи унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳрамони Тоҷикистон.

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) – соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қозии бекигарии Қаротегин (Аморати Бухоро) дар оилаи камбағал таваллуд ёфтааст. Дар оғози ҷавонӣ ба шаҳрҳои Қуқанд ва Фарғонаи кишвари Туркистон сафар карда, чун ҳаммол кор кардааст. Дар давраи инқилоби якуми Русия, солҳои 1905-07 Нусратулло Махсум дар корпартоиҳо ва намоишҳои коргарони шаҳри Қуқанд ширкат варзидааст. Соли 1920 баъди инқилоби халқӣ – демократии Бухоро ва аз тахт афтодани амири Бухоро ба қатори муборизони роҳи таҳкими Ҳокимияти Шӯроӣ дар Бухорои Шарқӣ дохил мешавад. Соли 1921 то 1923 чун ваколатдори кумитаи озуқаи ҶХС Бухоро дар таъмини аскарони сурх ширкат карда, ҳамчунин дар муборизаи зидди босмачигарӣ дар Ғарм ва Душанбе иштирок кардааст. Сипас ба ҳайси раиси коммисиюни фавқулодаи мутаадиди Бухорои Шарқӣ, раиси         КИМ-и Бухорои Шарқ ва раиси кумитаи инқилоби ҶМШС Тоҷикистон кор кардааст.

Дар анҷумани якуми муассисони Шӯроҳҳои умумитоҷикии коргарон, деҳқонон ва аскарони сурх, 1 декабри соли 1926 Нусратулло Махсум, якдилона ба вазифаи раиси мақоми олии давлатӣ – Комитети Иҷроияи Марказии ҶМШС Тоҷикистон интихоб гардид. Соли 1929 баъди таъсиси Ҷумхурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон раиси КИМ-и ҶШС Тоҷикистон интихоб гардида, то декабри соли 1933 дар ин вазифа кор кардааст. Сипас ба ихтиёри КМ ВКП (б) фиристода шуда, дар академияи ба плангирии Москва таҳсил намудааст. Солҳои 1926-1930 аъзои КМ ҲК (б) Ӯзбекистон, 1930-1933 аъзои бюрои КМ ҲК (б) Тоҷикистон, 1927-1934 аъзои КИМ ИҶШС буд

Ӯ бо як қатор мукофотҳои Ҷумҳурии Бухоро, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ордени “Байрақи Сурх”, мукофонида шудааст. Соли 1937 ба гирдбоди «душмантарошӣ» афтода, 1 ноябри соли 1937 ба қатл расонида шудааст. Декабри соли 1958 бо қарори Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ ва хулосаи Прокурори Генералии ИҶШСбегуноҳ бароварда шуда, 26 июли соли 1964 дар сафи ҳизби коммунистӣ аз нав барқарор гардидасст.

Шириншоҳ Шоҳтемур

Шириншоҳ Шоҳтемур фарзанди деҳқон аз деҳаи Поршиневи волости Шуғнон (Помири ғарбӣ) аморати Бухоро аст. Ӯ соли 1899 ба дунё омадааст. Волидонаш ба ғаллакорӣ шуғл варзида зиндагии хеле қашшоққона доштанд. Аслу насаби падараш аҳли рӯҳонист, ки он дар номи насаби ӯ низ акс ёфтааст. Маънои ҳиссачаи «шо» – саид, ё худ вориси бевоситаиМуҳаммад аст. То дувоздаҳсолагӣ дар назди бародараш умр ба сар бурдааст. Аз соли 1911 ба интернати назди омӯзишгоҳи русӣ-маҳаллии Хоруғ, ки дар Кӯҳистони Бадахшон бори аввал кушода шуда буд, дохил гардида, дар он 4 сол аз ҳисоби давлати русҳо хондааст. Зимистон таҳсил дошта, тобистон дар назди сардори отряди Помир кор мекард – гулҳоро об медод. Аз 14-солагӣ бо меҳнати хеш зиндагӣ мекард.

Соли 1914 дар сини 15-солагӣ мактаби мазкурро хатм намуда, бо штабс – капитан Дмитрий Сергеевич Топорнин, ки дар Тошканд зиндагӣ мекард, аз Помир ба ш.Тошканд омад. Тамоми роҳ хизматгузори ӯ буд, ва дар давоми 4 моҳ, аз 25 август то декабри соли 1914 дар хонааш ба сифати пешхизмат ва дарбон кор мекард. Аз декабри соли 1914 то моҳи маи соли 1915 чун фаррош дар омӯзишгоҳи ҳаштуми русӣ – маҳаллии ш. Тошканд хизмат намуда, айни замон назди мудири омӯзишгоҳ Апполон Петрович Радугин, ки акнун дар уезди Тошканд бухгалтерии завод шуда, кор мекунад, таълим гирифт. Аз 1 маи соли 1915 таӯсилашро хотима дода, то моҳи августи соли 1915 мардикори заводи Иванов (Бешоғоч), аз 11 август то 30 сентябри соли 1916 вагонбар ва кандуктори трамваи Тошканд буд. Аз октябри с. 1916 то январи с. 1917 дар артели Матвеев ба сифати бағочдеҳи поезди боркаши роҳи оҳан кор кард. Аз январи с. 1917 то 26 август боз дар назди ҳамон муаллим барои дохил шудан ба курсҳои дусолаи педагогӣ омодагӣ дида, 26 август имтиҳони чор синфи хатмкардаашро супурда, дар сини 18-солагӣ ба синфи аввал дохил шуд. Соли 1917 омӯзишгоҳи мазкур баста шуд. Шириншоҳ маҷбур шуд, ки аз моҳи сентябр ба семинарияи муаллимтайёркунии ш. Тошканд шомил шавад. Баъди як моҳ – моҳи октябри с. 1917 Инқилоби Октябрро пешвоз гирифт. То ин вақт Шириншоҳ дар бораи ғояи сотсиализм, муборизаи синфӣ ва ҳоказо тасаввурот надошт. Ҳамроҳи коргарони маҳаллӣ барои барпо ва пойдор гардидани Ҳокимяти Шӯравӣ дар Осиёи Миёна иштирок кардааст. Аз январи соли 1921 узви Ҳизби коммунист буд.

Дар семинария то с. 1921 таҳсил намудааст. Вале он дар давраи шӯравӣ семинария не, балки шӯъбаи русии мактаби меҳнатӣ-педагогӣ номида шуд.

Пас аз ба итмом расондани мактаб моҳи маи с. 1921 дар ҳайати 500 нафари ба ном «студентони пролетарӣ» аз тарафи КИМ-и Туркистон ба ш. ҚуқандиФарғона ва аз Қуқанд ба комитети тақсимоти (разверсткаи) озуқавории Хуҷанд фиристонда шуда, дар разверсткаи озуқавории волости Дилварзин ширкат дошт. Баъди дуним сол – 10 июл бо телеграммаи Турк – ЦИК ба ш. Тошканд ҷеғ зада шуда, ба сифати коркуни масъул аз узви сегонаи ҳарбию сиёсӣ 18 июли с. 1921 ба Помир (Бадахшони Кӯҳистон) равона гардид. Солҳои 1921-22 узви сегонаи мазкур ва аз октябри с. 1922 сардори он буд. Моҳи августи с.1923 ҳангоми расидан ба Тошканд бо назардошти он ки аз с. 1921 то с. 1923 дар Помир буд, бо Туркистон алоқааш канда шуд, аз комиссияи тозакунии сафҳои ҳизб нагузашт ва уязвияташ бекор шуд. Моҳи август бо дархостнома ва маводҳои зарурӣ ба комиссиюни ҳизбии сарҳадии фронти Туркистон муроҷиат карда, зимистон с. 1923, моҳи декабр ба воситаи комиссиюни назоратии Туркистон аз комисияи назоратиии Москва нусхаи фармонро дар бораи барқарор кардани ҳуқуқи уязвияти ҳизбии худ аз с 1921 – ро гирифт. Аз октябри с. 1923 то 5 августи с. 1924 корманди бойгонии назди котиботи СКХ Республикаи Туркистон, аз 5 августи с. 1923 то ноябри ҳамин сол инструктори кишоварзии шӯъбаи таҳтонии аққалиятҳои миллии шӯъбаи ташвиқ ва тарғиби КМ ҲК Туркистон буд. То тақсимоти миллӣ дар таъсиси инспексияи маорифи тоҷик дар ш. Тошканд кор кард. Баъди тақсимоти миллӣ-ҳудудии Осиёи Миёна (c/ 1924) ва таъсиси ҷумҳуриҳои миллӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон, Ш. Шоҳтемур узви бюрои Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон таъин гардида, ба ш. Душанбе ба кор фиристонда шуд.

Ш.Шоҳтемур дар ташкил кардани якумин газетаи тоҷикӣ дар Туркистон – «Овози тоҷик», ки аз моҳи сентябри соли 1924 дар шаҳри Самарқанд мебаромад, инчунин дар нашр кардани аввалин китобҳои дарсӣ, барои ба забони тоҷикӣ таълим додани бачагони тоҷик дар мактабҳои советӣ хеле хизмат кардааст.