То ба кай ғояҳои номатлуби ҲНИ ҷомеъаи мамлакатро халалдор месозад?

Мувофиқи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳди бевоситаи роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоида сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои гузаронидани ҳаёти осуда ва озоди зиндагӣ фароҳам оварда шудааст. Аммо бадхоҳони миллат, аъзоёни ҳизби наҳзати исломӣ тоҷикистон ба ҷои он, ки аз чунин шароит дар қатори дигар шаҳрвандони дилсўзи Ватан баҳри рушду ободонии мамлакат фаъолият намоянд, бо ҳар амалу ғояҳои номатлуби худ пеши чунин дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии кишварро гирифтанӣ шуданд. Ба чунин бадхоҳони кишвар таъкид бояд кард, ки онҳо ҳеҷ гоҳ ба ҳадафи нопоки худ намерасан, зеро кори ҳақ, ҳақ аст. Бубинед, ба кор даровардани агрегати аввали Нерўгоҳи барқии Роғун ин худ қаҳрамонист. Минбаъд, Тоҷикистон натанҳо шаҳрвандони худро ба барқи сабз таъмин менамояд, балки ба шаҳрвандони мамлакати ҳамсояҳои дурру наздик низ қувваи барқ интиқол менамояд.

Бинобарон ба ном «дилсўзони» Ватан гуфтанием: Ватанро бо меҳнати ҳалол ва қалби софу шаффоф дар худи мамалкат обод кард, на бо гуфтаҳо суханҳои беасосу бемантиқ дар хориҷи кишвар.

Кани ҷанобон бигўед, магар шумо аъзоёни ҲНИТ кишвари азизамонро бо содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, барангехтани кинаю адовати динӣ, иштирок дар иттиҳодҳои ҷиноятӣ ва экстремистӣ, террористӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон обод мекунед? Ҷавоб як то – ҳеҷ гоҳ не.

Доир ба ҷавононе, ки Ҷаноби Олӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ояндасозони давлату миллат номидаанд, тамоми ҷомеаи мамлакат умедвор аст, ки дар шароити бисер мураккабу печидаи муосир аз ворид шудан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ худдорӣ намуда, шукргузорӣ аз миллату давлат кунанд, дар пойдор намудани сулҳу субот, сохти конститутсионӣ ва давлати демократии кишварамон аз шароити фароҳам овардани ҳукумат, барои омўзиши илму дониш баҳри пешрафти халқу Ватан талош варзанд.

Аз ин рў ба зиммаи падару модарон, омўзгорон ва тамоми ҷомеъа масъулияти баланди тарбияи ҷавонон гузошта шудааст ва мо омўзгорон ҳамарўза барои баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва дар руҳияи ватандўстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани онҳо, тамоман аз байн бурдани ғояҳои ифротгарии ҲНИТ бояд камари ҳиммат бандем.

Одилбой Қоситов
дотсенти кафедраи менеҷменти
Донишкадаи иқтисод ва савдои
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *