Ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳониро хатарҳое фаро гирифтанд, ки боиси аз байн бурдани халқу миллатҳо мегарданд. Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон бо таъсис додани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо мехоҳанд аз буҳрони иқтисодӣ раҳоӣ ёбанд. Бо мақсади байни худ тақсим намудани неъматҳои моддӣ ва амалӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсии худ дар ҳудудҳои давлатҳои алоҳида низоъро ба миён меоваранд. Авҷ гирифтани ифротгароӣ ва терроризм ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Сарвари давлат бо дарки низоми таҳаввулоти ҷаҳонӣ чунин андешаҳоро баён намуданд: “Муқовимат ба терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ вазифаи ҷонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Бо назардошти хатарҳои зикршуда ва дар соли 2014 аз қаламрави Афѓонистон хориҷ гардидани нерўҳои байналмилалии зиддитеррористӣ роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд”. Масъаларо бори дигар собит мекунад, ки ҷомеаи ҷаҳон ва кишварҳои дар ин ҳамоиш ширкаткунанда дар иртибот ба таъсири хатарноки терроризм ба муносибатҳои байналхалқӣ, суботу амният ва рушди устувори кишварҳо торафт бештар изҳори нигаронӣ мекунанд.
Имрўз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усулӣ ва пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст. Ба аъмоли террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Тибқи маълумоти коршиносони боэътимод имрўз дар ҷаҳон тақрибан 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунанд. ҳамасола дар арсаи терроризм дар маҷмўъ аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоӣ сарф карда мешавад. Солҳои охир дар Аврупо, Амрико, Ховари Миёна, Африқо кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо амалҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқўъ пайвастаанд. Хоҷат ба баён нест, ки ҷуғрофияи амалҳои бераҳмонаи террористӣ торафт васеъ мешавад. Дар ин хусус иқдомҳои террористӣ дар Балӣ, Филиппин, соҳилҳои Яман ва манотиқи мухталифи дигар гувоҳӣ медиҳанд.Айни ҳол, мутобиқи нишондодҳои оморӣ ҷавонони синнашон то 30–сола наздики 70 фисади аҳолии ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Пас, вақте мегӯем «ҷомеа», мо асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте мегӯем «мушкилоти ҷавонон», қабл аз ҳама мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон мадди назар аст.Яке аз мушкилоти умдаи имрӯза тамоюл ва гароиши ҷавонон ва ҳамин гуна, ҷамъияти асосии мамлакат ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоист. Ин ҷо саволе ба миён меояд: Чаро сарзамини тоҷикон, ки қадимитар аз худи таърих ва нахустин гаҳвораи тамаддуни башарист, дорои мардумоне хайрхоҳу фарҳангдӯст ва соҳиби дину ойини солим аст, бо ин балои осмонӣ ва падидаи шайтонӣ рӯбарӯ шуд?
Заминан, барои гирифтани пеши роњи исломситези моро зарур аст, ки фазои эътимод, тањаммулгаройи ва њамдигарфањмиро миёни чомеа ва тамаддунхо тавсеа бахшем, ки ин дар навбати худ, имкониятхои моро дар муќовимат бар зиддихатару тањдидњои муосир бештар месозад. Дар ин робита, ман борњо таъкид шудааст, ки террористу ифротгарои ватану миллат ва дину мазњаб надорад.
Террорист – террорист аст ва њеҷ гоњ «њудуди» ё «бегона» ва ё «тањаммулгарову» «тундгаро» буда наметавонад.
Хусусияти глобалии хатари терроризм ва ифротгаройи ҷиддан таќозо менамояд, ки нисбат ба ин ду мафњум мавкеъ ва меъёрњои ягонаву умуми тањия ва ќабул карда шаванд.
Мо бояд аз ин воқиф бошем ва ба фитнаҷӯиву тањрибкорӣ дар ҷомеа роҳ надиҳем. Зеро сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва аъмоли неку созанда барои мо аз ҳама афзалтаранд”.
Ба андешаву хулосабарории њар шахси бедордилу соњибмаърифат хуб дармеёбад, ки муборизаи самарбахш алайњи терроризму ифротгаройи ва тундгаронии хушунатангез ба њеҷ ваҷњ сиёсати меъёрњои дугонаро намепазирад.Баръакс чунин мавќеъгири боиси тавсеаи ҷугрофияи хатару тањдидњои хатарбори мазкур дар шаклу усулњои пешгўишаванда ва боз њам дањшатнок мегардад. Зеро терроризму ифротгаройи на сарњадро эътироф мекунаду на давлатро.
Њамин аст, ки имрўзњо гурўњњои террористиву ифротӣ бо созмонњои диниву миллатгарои тундрав ва дигар нињодхои ҷинояти ба њам омада, дар манотиќи гуногуни ҷањон хушунату зўроварӣ, хунрезиву низоъњои диниву мазњаби, нажодӣ ва њатто бархурди тамаддунњоро барангехтанд.
Дар ин замина он њам боиси нигаронии амиќ аст, ки террористон ва ифротгароён бо сўйистифода аз номи поки дини ислом ба пањншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад. Асоси ҳуқуқии ин фаъолиятро дар кишвари мо ўҳдадориҳои байналмилалии он, Сарқонуни давлат, Кодекси ҷиноӣ, қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва Консепсияи ягонаи ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ташкил медиҳанд
Аз ин рӯ, ба њастии ин зуњуроти номатлуб завол мебояд. То одамият оромӣ ёбад, ба ќатлу хунрезӣ, вайрониву тањрибкорӣ нуќта гузошта шавад.
Љомеаро аќлу шуур, андешаи созандаи инсоният ќодир аст, ки тағйир дињад. Мањз њамин ќувва метавонад мавҷуди хатрнокро нобуд ва вуҷуди манфиатбахшро пайдо кунад.
Оре андешаи созандаи инсонњо ќодир аст мавҷудияти терроризм ва ифротгаройиро мањв ва руйи ному нишонаш муњри нестӣ занад.
Ҳодисаҳои рӯйдодаистодаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем. Маҳз ҳамин таъкиднамоии Сарвари давлат буд, ки имрӯз дар фазои кишвари мо сулҳу субот ҳукмрон аст.
Маҳкамова Фирӯза
ассистенти кафедраи менеҷмент