ТЭТ ҲНИ ВА МУҲОРИБАҲОИ ИТТИЛООТӢ

Инсоне, ки соҳиби дониш, ақлу шуури комил, дорои фарҳангу ғурури миллӣ аст, гумроҳона ба ҳизбҳое, ки мақсадҳои нопокро ҷилавгирӣ кардаанд, ҳамроҳ намешавад. Дар айни замон дар ҷаҳон чандин гурӯҳҳою ҳизбҳои экстремистӣ арзи вуҷуд доранд, ки ба рӯҳият, маънавият эътиқод ва амнияти халқҳои ҷаҳон хатарҳои трансмиллӣ эҷод менамоянд ва ин хатарҳо ба қатори проблемаҳои глобалӣ ворид шудаанд.

Имрӯз Тоҷикистон низ ба таҳдидҳои ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ рӯ ба рӯ шудааст, зеро душманони миллати тоҷик, аз ҷумла, собиқ аъзоёни ҲНИ, ки фаъолияти он хушбахтона манъ шудааст, берун аз хоки мамлакат дар Аврупо фаъолияти ғаразноки худро тариқи шабакаҳои иттилоотӣ бо паҳн кардани маълумотҳои бардурӯғ  давом дода истодаанд.

Он собиқ аъзоёни ҲНИ берун аз марзи ҷумҳурӣ иқомат доранд, ки ба шарҳванди гуфтани онҳо шарм медорем, бовуҷуди ин ҷиҳати баланд бардоштани обрӯю эътибори сатҳи байналмилали кишварамон боз такрор ба такрор таъкидан ба афродҳои гумроҳшудагон сухан мегӯем. Воқеан таҳлилҳо собит менамояд, ки гумроҳшудагон аксарият шахсони зудбовар ва дорои усулҳои заифи ахлоқӣ ва ақидавӣ дошта, хоҳиши “худнишондиҳӣ” доранд, ки ба таври сода идеологияи ифротгарриро тез қабул менамоянд. Бо баробари ин таи солҳо, ки дар хориҷа зиндагӣ карда, дар оқибат фарҳанги сатҳи ҷаҳонии миллати хешро фаромӯш карда, аз номи гурӯҳу ҳизбҳо  сухан  карда трафдорӣ мекунанд. Ҳоло онҳо бо М. Кабирӣ аз Аврупо истода бо Ватану ҳаммиллатонаш ҷанги иттилоотиро пешаи худ намуда истодаанд. Ба он афродоне, ки берун аз кишвар иқомат доранд таъкид менамоем, ки ҳар як шаҳрванд бояд роҳи дурусту қонунии ҳалли масъаларо дарёфт намуда, барои бунёди ҳаёти осоиштаву сазовор бо меҳнати ҳалолу фоидаовар машғул гардида, барои бартараф намудани муаммоҳои умумиҷамъиятӣ саҳм гузорад. Дар фарҷом, аз хонандагони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоем, барои пешгирӣ намудани иштироки ҷавонон дар фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии ифротгаро ва ҷиноятпеша, таъмини амнияти ҷамъиятии ояндаи халқу Ватани худ бошуурона ва ҷасурона амал намоянд.

 

 

Қаюмов А.А. – мудири Маркази тестӣ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *