Терроризму экстремизм ва сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро

Бо мақсади фаҳмонидадиҳии оқибатҳои ногувори падидаҳои номатлуби ҷомеа, амсоли терроризму экстремизм ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26 декабри соли 2019 ба таъкид хатари ҷиддии таҳдиди терроризмро баён намуда, аз ҷумла, таъкид карданд: «Моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем». Дар робита ба ин таъкиди Сарвари давлат, қариб ҳамаи сохторҳои қудратии мамлакат, вазорату идораҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва кулли мардуми кишвар бори дигар масъулияти хешро эҳсос карда, ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо, конфронсу маҳфилҳо ва чопи маводи аксултеррористӣ дар васоити ахбори оммаи мамлакат шурӯъ карда, хушбахтона бо ин амали хеш сазовори дарку фаҳмиш ва боварии ҷавонон гардидаанд.

Имрӯз, ҷавонони мо қариб дар тамоми соҳаҳои ҷамъият бо шумораи беш фаъолият мебаранд, кору таҷриба меомӯзанд, ҳадафҳои созанда пешниҳод мекунанд, мехонанд, ҷӯё ҳастанд ва пайваста барои ободиву оромии ватан саҳмгузорӣ мекунанд, ки ҳамаи ин боиси ифтихор аст. Вале боз ҳастанд, ҷавонони сустиродаву камсавод ва беандешае, ки даст ба ҳар гуна амалҳои ношоям зада, ҳаёти худ ва наздиконашонро дар хатар мегузоранд. Аз ҷумлаи чунин ҷавонон, имрӯз ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ шомил мешаванд, ки хушбахтона шумораашон торафт кам гашта истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки аллакай аксарияти эшон хатогии хешро дарк карда, даст ба амалҳои шоиста ва ободкорӣ мезананд.

Матбуот яке аз воситаҳои мутаррақӣ ва муносиби муосир ҷиҳати мубориза бо терроризму экстремизм шуда метавонад. Вале бояд гуфт, ки ин восита, инчунин, барои тарғиби падидаҳои номатлуб низ воситаи қулай мебошад. Дар ин «майдони андеша» муҳим он аст, ки кӣ киро бовар мекунад. Омода кардани маводи аз лиҳози ҳақиқати воқеӣ рост ва дуруст, фаҳмонидани оқибатҳои нохуби ин падидаҳо, таъсири манфии онҳо ба ҳаёт, табиат ва инсоният аз омилҳои муҳими муборизаи тариқи сухан ва стратегияи махсуси «набарди иттилоотӣ» бо терроризму экстремизм мебошад.

Ҳароина, терроризм торафт доираи фаъолияташро иваз ва ё тағйир медиҳад ва ин боиси нигаронӣ ва хатар ба кишварҳо гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори садҳо мамолики олам терроризмро бо тамоми зуҳуроташ сахт маҳкум намуда, дар самти мубориза бо он, корро ҷоннок кардааст. Ҷавонони саодатманди мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Ҳукумату Сарвари мамлакат мутаҳҳид гардида, бо ин падидаҳои номатлуби ҷомеа мубориза мебаранд.

 

Ассистенти кафедраи

назарияи иқтисод

Нурматова С.Н.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *