Терроризму экстремим даҳшатафканӣ ва ҳаросафканӣ аст

Терроризму экстремизим падидаҳои номатлуб буда, мутассифона, солҳои охир омили асосии нафрату ҷудоиафканӣ, қатлу куштор, тарсу ҳарос ва даҳшату ваҳшат мегарданд. Мо ҳама хуб медонем ва борҳо дар суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳадати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст, ки террорист дин, мазҳаб, миллат ва ватан надорад. Ин ашхоси фирефта ва гумроҳгашта даст ба аъмоле мезананд, ки сабаби марги мукаррамтарин мавҷудоти олам – инсон мегарданд, таркишу харобиҳо ва тарсу ҳаросро дар миёни аҳли ҷомеа ба вуҷуд оварда, ба ин васила мехоҳанд, ҳадафҳои хешро пиёда созанд. Пас саволе ба миён меояд, ки оё метавон ба ин роҳи пурдаҳшат  ба ҳадаф расид? Албатта, не! Мутассифона, дар расонаҳои хабарӣ дар бораи ҳодисаҳои террористӣ ва қатлу куштор бештар матолиб ба нашр мерасад. Расонаҳо бештар дар бораи он хабар медиҳанд, ки ба ин аъмоли ношоиста ҷавонони мусалмон даст мезананд ва оҳиста-оҳиста андешаеро дар маѓзи мардум ҷойгир мекунанд, ки гуё маҳз мусалмонон дар ҷаҳони имруз даст ба амалҳои террористӣ мезананд. Аммо, ҳақиқат ҷойи дигар аст ва бояд таъкид намуд, ки маҳз аз бедонишию ҷаҳолат ва ноогоҳию камсаводии ҷавонон истифода бурда, кишварҳои мусалмониро ба вартаи пуртаҳлака равона сохтанд, ки аз он ҷо раҳо ёфтан кори саҳлу осон нест. Манзурам, воқеаҳое ки дар Миср, Сурия, Ироқ, Афѓонистон рух доданд, мебошад. Худ қазоват кунед, ки дар як лаҳза кишварҳои ором, пешрафта ва ру ба инкишфро ба дасти худи ҷавонони ноогоҳ ба кадом ҳолати ваҳшатангез расонида шуданд. Имруз дар Сурия ҳар руз садҳо нафар қурбон мешаванд, дар Ироқ таркишҳо ҷони кудакону модаронро мерабояд, Афѓонистон лаҳзае ором нест. Ахиран, дар таркише, ки дар беморхонаи Ҳалаби Сурия рух дод, 60 нафар занҳо ҷони худро аз даст доданд. Ҳамаи ин ҳодисаҳои ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои абарқудратҳо, ки мехоҳанд мавқеи худро дар минтақа мустаҳакам намоянд, моро водор менамояд, ки ба қадри сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем, нагузорем, ки ҳадафҳои ѓаразнокашонро дар кишвари мо пиёда созанд.

Терроризм, ки он ба унвони даҳшатафканӣ ва ё ҳаросафканӣ ёд мешавад, ба ҳар гуна амалкард ё таҳдид барои тарсонидан ва ё осеб расонидан ба шаҳрвандон, гуруҳҳо ва шахсиятҳои сиёсӣ гуфта мешавад.  Имруз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон  доман густурдааст, ки барои амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ  воқеан таҳдид мекунад. Дар гушаю канори ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Тибқи маълумотҳо дар ҷаҳон тақрибан 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунанд. Ҳамасола дар арсаи терроризм дар маҷмӯъ аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоӣ сарф мегардад.  Солҳои охир дар Аврупо, Амрико, Ховари Миёна, Африқо, кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо ҳамлаҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқуъ  пайвастаанд, ки бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро аз ин хатари маргбор ҳушдор медиҳад. Вақтҳои охир раванди ба ҳам пайвастани терроризм бо шаклҳои мухталифи  ҷиноятҳои фаромиллӣ – гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи аслиҳа, хариду фуруши одамон, зархаридӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба назар мерасад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ идома дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад.

 

Раҷаб Раҷабов ва Негматов М.

устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *